Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчамбардории Мавзуна Чориева дар Бозиҳои XVII осиёӣ (АКС)


Хабарнигори Озодӣ шоми 19 сентябр дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Куриёи Ҷанубӣ иштирок кард. Ӯ мегӯяд, дар ин бозиҳо Тоҷикистонро беш аз 90 варзишгар намояндагӣ доранд.

Пеш аз маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XVII осиёӣ, ки шоми 19 сентябр дар варзишгоҳи марказии Инчон барпо гардид, барномаи ҷолиби консертиву варзишӣ ба тамошобинон пешкаш шуд. Баъдан, маросим бо барафрохтани парчами давлатии Куриё оғоз ёфта, намояндагони ҳайатҳои варзишии 45 кишвари Осиё бо парчамҳои миллӣ вориди майдон шуданд.

Муштзани маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012, дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XVII осиёӣ парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.

Раиси кумитаи тадорукоти Бозиҳои XVII осиёӣ ҳозиринро бо оғози бозиҳо табрик гуфта, ба ҳамаи ширкаткунандагон барори кор орзу кард. Баъд шайх Аҳмад Ал-Сабоҳ Ал-Фаҳад ба мизбонон ва ҳамаи онҳое, ки дар баргузории ин чорабинии бузурги варзишӣ саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори сипос намуд. Президенти Ҷумҳурии Куриё Пак Кин Ҳе Бозиҳои XVII осиёиро кушода эълон кард. Сипас парчами Шӯрои олимпии Осиё, ташкилкунандаи ин бозиҳо, барафрохта шуд.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Куриёи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз он ҷумла 92 варзишгар, ки 16 нафарашон занонанд, ширкат мекунад. Варзишарони тоҷик дар Деҳаи бозиҳо ба сар мебаранд. Дар ин ҷо барои ҳайатҳои варзишӣ тамоми шароитҳо муҳайёст.

Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи 16 намуд - бокс, дзюдо, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, каратэ, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ, ушу, софт теннис, қаиқронӣ ва волейболи соҳилӣ рақобат хоҳанд кард. Бояд тазаккур дод, мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои осиёӣ ширкат меварзад. Дар Бозиҳои пешин варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал ба даст овардаанд, ки сетоаш тилло, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад. Аз он ҷумла, ду медали тилло ба Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, мансуб аст. Як медали дигари тиллоро Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ба даст овардааст.

Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ва Муродҷон Тӯйчиев дар намуди гуштини юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ варзишгарони 45 кишвар барои 439 маҷмӯи медалҳо оид ба 36 намуд сабқат мекунанд.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ XVII ОСИЁӢ ДАР ИНЧОНИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

20 сентябр (шанбе)

ВОЛЕЙБОЛ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон. 09.00-18.00

УШУ. Мардон ва занон. 09.00-11.50 14.00-16.30 19.00-22.20

ТИРПАРРОНӢ. 10 м (милтиқ ва туфанг). Мардон. 08.00-13.35. 09.30-14.00

ДЗЮДО. Мардон. -60 кг, -66 кг. 14.00-17.32. 19.00-21.00

21 сентябр (якшанбе)

ШИНОВАРӢ. Мардон. 100 м. Брасс. 09.00-11.30

ТИРПАРРОНӢ. Мардон. 10 м (туфанг). 09.00-10.15 11.30-12.00

ДЗЮДО. Мардон. -73 кг, -81 кг. 14.00-18.00 19.00-21.30

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон. 09.00-18.00

ФУТБОЛ. 17.00. Тоҷикистон - Умон

УШУ. Мардон. -70 кг. 19.00-19.40

22 сентябр (душанбе)

ТИРПАРРОНӢ. Мардон. 10 м (милтиқ). 09.00-12.15

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон. 09.00-18.00

ШИНОВАРӢ. Мардон. 50 м (усулиозод). 09.00-12.00 19.00-20.54

ДЗЮДО. Мардон. -90 кг, -100 кг, +100 кг. 14.00-17.00 19.00-21.30

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -69 кг. 14.00-15.30

УШУ. Мардон. -70 кг. 22.20-23.00

23 сентябр (сешанбе)

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон.09.00-18.00

КАМОНВАРӢ. Мардонвазанон.10.00-12.2014.30-16.20

ДЗЮДО. Сабқати дастаӣ.14.00-22.00

24 сентябр (чоршанбе)

ШИНОВАРӢ. Мардон. 50 м (баттерфляй). 09.00-11.30 19.00-19.09

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон.09.00-18.00

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -69 кг. 14.00-21.30

БОКС. Мардон. -56 кг, -60 кг. 14.00-17.0019.00-21.30

25 сентябр (панҷшанбе)

ШИНОВАРӢ. Мардон. 100 м (усули озод). 09.00-11.30

Мардон. 50 м (брасс). 09.00-11.30

Мардон. 50 м (усули озод). 09.00-11.30

БОКС. Мардон. -49 кг, -75 кг.14.00-17.00 19.00-21.30

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -94 кг. 21.00-21.30

26 сентябр (ҷумъа)

БОКС. Мардон. -91 кг.14.00-17.30 19.00-23.00

27 сентябр (шанбе)

ВАРИШИ САБУК.Давидан, 1500 м. Мардон. 10:30-22.25

Гурзандозӣ. Мардон.18.45-20.15

Давидан, 400 м. Мардон. 21:00-22.25

ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -57 кг, -70 кг. 13:00-17:00

ҚАИҚРОНӢ ДАР БАЙДАРКА ВА КАНОЭ. Мардон. К1 1000 м, К1 200 м, С1 200 м, К2 200 м. 10:00 – 12:15 14:00-15:05

БОКС. Занон. -51 кг, -60 кг. 14.00-18.00

28 сентябр (якшанбе)

ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 1500 м. Мардон.10:30-11.15

Бисёрҳарба. Занон.10:00-11.15

ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -65 кг, -97 кг. 13:00-17:00

29 сентябр (душанбе)

СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Singles/ 09:00-18:29

ВАРЗИШИ САБУК. Бисёрҳарба. Занон. 10:00-11.15

ГУШТИНИ ОЗОД.Мардон. -61 кг, -74 кг, -86 кг. 13:00-17:00

30 сентябр (сешанбе)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -74 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -49 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -59 кг, -98 кг. 13:00-17:00

ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 200 м. Мардон. 19:45-22.05

Давидан, 800 м. Мардон. 20:40-22.05

1 октябр (чоршнбе)

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -66 кг, -130 кг. 13:00-17:00

19:00-21:00

ТАЭКВОНДО. Мардон. -80 кг, +87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -57 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

2 октябр (панҷшанбе)

СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Doubles) 09:00-14:30

ТАЭКВОНДО. Мардон. -63 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

3 октябр (чумъа)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -54 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

КАРАТЭ. Мардон. Кумитэ. -60 кг. 11:50-16:50.Занон. +73 кг

Эзоҳ: Агар варзишгарон ва дастаҳо ба даври баъдӣ роҳ ёбанд, он гоҳ аз рӯи ҷадвали Бозиҳои XVII осиёӣ сабқатро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG