Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳсин Муҳаммадиев: «Мекӯшем, ки ба даври баъдӣ роҳ ёбем»


Лаҳзае аз бозӣ
Лаҳзае аз бозӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U23), ки дар бозии дувумаш дар Бозиҳои Осиё дар Инчон аз тими Фаластин бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд, 21 сентябр бо мунтахаби Умон қувваозмоӣ хоҳад кард.

Футболбозони тоҷик дар даври дувуми сабқати гурӯҳи «С» дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Кореяи ҷанубӣ 17-уми сентябр аз мунтахаби Фаластин бо ҳисоби 1-2 мағлуб шуданд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи "Хвасон"-и Хвасон барпо гардид.

Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро, ба мисли бозии пешин бо Сингапур, ҳимоятгар Сиёвуш Асроров дар дақиқаи 28-ум ба самар расонд ва хисобро боз кард. Вале баъдан футболбозони Фаластин ду гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд.

Бозӣ бо ҳуҷумҳои футболбозони тоҷик шурӯъ шуд ва дар чараёни қувваозмоии онҳо лаҳзаҳои зиёди голзанӣ доштанд, аммо танхо як бор тӯбро ба ҳадаф расонданд. Ҳамин тарик, мунтахаби Тоҷикистон се имтиёзро аз даст дод.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби футболиТоҷикистон (U-23), дар нишасти хабарие, ки баъд аз анҷоми ин бозӣ баргузор шуд, гуфт, “ба фикрам, бозӣ ба тамошобинон писанд омад, зеро лаҳзаҳои голзанӣ хеле зиёд буд. Ин ҳамеша ба мухлисон маъкул мешавад, вале ба мураббиён на. Аммо ба ман ин бозӣ хеле маъкул шуд, ҳарчанд аз натиҷааш қаноатманд нестам. Дар пеш боз як бозӣ бо мунтахаби Уммон дорем. Мекӯшем, ки ба даври баъдӣ роҳ ёбем.”

Дар мусобиқаи футбол аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII-и осиёӣ, ки то 2 октябр дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, 29 дастаи мунтахаби мардона (U-23) ширкат меварзад. Мунтахаби футболи Тоҷикистон мувофиқи натоиҷи қуръакашӣ ба гурӯҳи "С" ҳамроҳи тимҳои Умон, Фаластин ва Сингапур шомил аст.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шудаанд. Панҷ гурӯҳ аз чаҳордастаӣ ва се гурӯҳ аз седастаӣ иборатанд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба 1/8 финал мебарояд. Дар мавриди ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон рақибаш яке аз тимҳои гурӯҳи «D» (Ҷопон, Кувайт, Ироқ ва Непал) мешавад.

Тибқи регламент ё тартиби Бозиҳои осиёӣ дар мусобиқа футболбозони синнашон то 23-сола (соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд) иштирок мекунанд. Инчунин ҳар як даста ҳуқуқ дорад, ки се футболбози синнашон аз 23-сола болоро ба ҳайат ворид намояд. Ин се футболбози бузургсол – дарвозабон АлишерТӯйчиев, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳамлагар Дилшод Восиев мебошанд.

Сабқати футболи Бозиҳои осиёӣ-2014

Гурӯҳи«С»

Даври 1-ум

Сингапур – Тоҷикистон – 0-1

Гол: Сиёвуш Асроров, 87.

Умон – Фаластин – 0-2

Голҳо: Суод Аҳмад Вридат, 40 (0:1). Самир Муҳаммад Мараъба, 56 (0:2).

14 сентябр. Ансан (Кореяи ҷанубӣ). Варзишгоҳи «Ансан Ва».

Даври 2-юм

Фаластин – Тоҷикистон – 1:2

Голхо: Сиёвуш Асроров, 28 (0:1). Самир Муҳаммад Маръаба, 34 (1:1). Ҳилол Мӯсо, 37 (2:1).

Точикистон: Алишер Тӯйчиев (капитан), Наим Ӯлмасов, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Хуршед Бекназаров (Алишер Шарифов, 46), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев, Амирбек Ҷӯрабоев (Умедҷон Шарифов, 53), Дилшод Восиев, Шодибек Ғаффоров (Ромиш Ҷалилов, 46).

Огоҳонида шуданд: Одай Ҳаруб, Ҳилол Мӯсо (Фаластин), Шодибек Ғаффоров, Фатҳулло Фатҳуллоев (Тоҷикистон).

Сардовар: Сивакорн Пу Удом (Таиланд).

17 сентябр. Хвасон (Кореяи ҷанубӣ). Варзишгоҳи «Хвасон».

Сингапур - Умон - 3:3

Бозии дигари гурӯҳи "С" байни дастаҳои Умон ва Сингапур бо хисоби 3-3 хотима ёфт. Ба ин тартиб, баъди ду давр Фаластин бо 6 имтиёз пешсаф аст ва пешакӣ ба 1/8 финал баромад. Тоҷикистон 3 имтиёз, Сингапур ва Умон якимтиёзӣ доранд.

Акнун дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ рӯзи якшанбе, 21-уми сентябр, Тоҷикистон бо Умон ва Фаластин бо Сингапур ракобат мекунанд. Бозии Тоҷикистону Умон дар варзишгоҳи «Инчон» соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 13:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Ба мунтахаби Тоҷикистон барои ба 1/8 финал баромадан ҳисоби мусовӣ кофист.

Б

Г

М

Б

Т

И

1

Фаластин

2

2

0

0

4-1

6

2

Точикистон

2

1

0

1

2-2

3

3

Сингапур

2

0

1

1

3-4

1

4

Умон

2

0

1

1

3-5

1

Даври 3-юм

21 сентябр (якшанбе)

13.00Тоҷикистон – Умон. Варзишгоҳи «Инчон»

13.00– Фаластин – Сингапур. Варзишгоҳи «Ансан Ва»

Нарзуллоҳи Латиф, Инчон, Кореяи ҷанубӣ

XS
SM
MD
LG