Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Терминал қабул намекунад". Мушкили 100 сомонии нав дар Тоҷикистон


Бо гузашти се моҳ аз чопи пулҳои нави коғазӣ дар Тоҷикистон, ҳанӯз аксари дастгоҳ ё терминалҳо барои қабули он омода нестанд ва муштариёнро соатҳо саргардон мекунанд. Дар ин шабу рӯз дар назди терминалҳо бо шахсоне дучор шудан мумкин аст, ки ивази пули нав ба кӯҳнаро дархост мекунанд.

"Терминалҳо намешиносад"

Ҳоло ҳам ин мушкил ҷой дорад. Кори мардумро душвор ва одамонро саргардон мекунанд, тамом.

Баръакси баҳсу ҷанҷоли харидору фурӯшанда ва ронандаву мусофир бар сари пулҳои фарсуда, аксари ин нафарон муштариёни телефонҳои ҳамроҳ ҳастанд, ки наметавонанд тавассути терминалҳо ба телефонашон пул гузаронанд. Зеро пулҳои коғазии намунаи соли 2017, ки ҳанӯз се моҳи пеш ба муомилот бароварда шуд, аз ҷониби терминалҳои электронӣ дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар қабул намешавад. Сокинонро зарур аст, барои пур кардани захираи пулии телефони мобил, пулҳои барориши соли 1999-ро дошта бошанд.

Саидҷамол Каримов, сокини шаҳри Душанбе, ки борҳо ба ин мушкил рӯбарӯ шудааст, гуфт, ҳар боре терминал пули намунаи соли 2017-ро бозмегардонад, ӯ маҷбур аст ба фурӯшгоҳе рафта, онро бо пули куҳна кунад.

Ӯ гуфт, “дар асри 21 ва он ҳам танҳо дар Тоҷикистон пули навро бо хоҳишу илтимос ба пули куҳна иваз мекунед ва ё соатҳо барои доштани пули нав дар кӯча саргардон мешавед”.

"Мардумро саргардон мекунанд, тамом"

Имрӯзҳо даҳҳо корафтодае, ки аз бонк ва ё банкоматҳо пули нав мегиранд, маҷбуранд аввал онро бо пулҳои куҳна иваз ва баъдан дар терминал пардохт кунанд. “Ман ҳатто ба маркази хидматрасонии терминалҳо занг зада, шикоят кардам. Онҳо гуфтанд, ки машғули ин корҳо мебошанд ва дар фурсати кӯтоҳ мушкилро ҳал мекунанд. Аммо ҳоло ҳам ин мушкил ҷой дорад. Кори мардумро душвор ва одамонро саргардон мекунанд, тамом. Ҳарчанд бартараф кардани ин мушкил вазифаи масъулони терминал ва ҳам бонк аст”, - гуфт Саидҷамол Каримов.

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Моҳи сентябри имсол Бонки Миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии сомониро бо ороиши нав ба муомила баровард. Ҳадаф аз ин кор “баланд бардоштани хусусияти ҳифозатии пули миллӣ аз тақаллубкорӣ” гуфта мешуд.

Як масъули Бонки Миллӣ рӯзи 14-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби аз ҷониби терминалҳо қабул нашудани пулҳои намунаи нав ба унсурҳои ҳимоявии онҳо марбут аст. “Аммо ҳалли ин мушкил кори масъулони терминалҳост, чунки ба барномаи ин дастгоҳҳо ворид кардани хусусияту нишондиҳандаҳои пулҳои нав лозим аст”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

"Таҷ Пей": Мушкил ҳаст, аммо ҳал мешавад

Масъулони терминали “Экспресс Пей”, яке аз ширкатҳои пештоз дар пардохти электронии пул, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо пас аз ба муомилот баромадани пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 ва 200 сомонӣ, тамоми терминалҳояшонро дубора барномарезӣ карданд ва ҳоло мушкиле надоранд.

Аммо дар як тамоси телефонӣ дар ширкати “Таҷ Пей” вуҷуди чунин мушкилро дар терминалҳояшон тасдиқ карданд. Дилфуза Шарифова, масъули шӯъбаи хидматрасонӣ ба муштариёни ин ширкат гуфт, дар ин шабу рӯз мутахассисон сари ин мушкил кор мебаранд ва мушкил муддати 2-3 ҳафтаи наздик бартараф мешавад.

Таҳлилгарони умури бонк мегӯянд, бояд кард-ридерҳои терминалҳо дубора барномарезӣ шавад, то ки терминалҳо барои таъмин ва қабули пулҳои коғазӣ бо таркибҳои нави ҳимоявӣ мутобиқ шавад. Терминалҳои электронӣ, ки мисли “робот” кор мекунанд, ҳангоми пардохт пулро қабул намекунанд.

500 терминали пардохти пули телефон мондааст

Дар баъзе кӯчаву хиёбони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон терминалҳои пардохти электронӣ фаъол аст. Сокинон тавассути ин терминалҳо ба ҳисоби телефони худ пул мегузаронанд.

Баҳори соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор терминалҳои пардохти электрониро аз гирифтани фоиз ё ҳаққи хидмат аз муштариён манъ кард. Ба дунбол ҳудуди 4 ҳазор терминали пардохти электронӣ дар саросари кишвар бо сабаби зараровар будан, аз кор монд. Ҳамакнун танҳо ҳудуди 500 адад аз ин терминалҳо фаъоланд.

XS
SM
MD
LG