Навбатҳои тӯлонӣ, муштариёни саргардон ва кормандони асабонии марказҳои хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ дар Душанбе. Ин вазъ паёмади қатъи кори бештар аз 90 дар сади терминалҳои пардохти пули телефон дар Тоҷикистон аст. Вазъе ки аз ду рӯзи пеш мушоҳида мешуд ва имрӯз 28-уми феврал бадтар шуд.
Баръакси рӯзҳои пешин даҳҳо нафар дар марказҳои хидматрасонии ширкатҳои телефонӣ ва ё се чаҳор терминали пардохти ҳаққи пули телефон навбат мепоиданд ва аз ҳамдигар мепурсиданд, ки чаро терминалҳо кор намекунанд.
Алишер яке аз он муштариён аст, ки ним соат дар назди як маркази хидматрасонии ширкати Тселл мунтазир буд ва умед надорад,ки навбаташ мерасад.
“Пештар ман ҳамеша аз терминал пул мегузаронидам. Ҳоло маҷбур шудам ба дафтари ширкат биоям ва ним соат аст, ки навбати пул супориданам намерасад- гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.
Худоёр Ёров, ҷавони дигари тоҷик аз як маҳаллаи дигаре шаҳр ба ин марказ омадааст, то ба телефонаш пул гузаронад ва аз он асабонист, ки касе сабаби қатъи кори терминалҳоро ҳам шарҳ намедиҳад.
“Ҳама вақт аз терминалҳо пулро пардохт мекардам, аммо ҳоло онҳо кор намекунанд. Пештар аз терминалҳои “Пайванд” ва “Пардохт.тҷ” истифода мекардам. Ҳоло маҷбур ҳастам бо сарфи роҳпулӣ ба дафтари ширкати мобилӣ биёям. Зеро, дар ноҳияе, ки ман зиндагӣ мекунам, намояндагии ин ширкат нест.“
Соҳибони терминалҳо мегӯянд, як дастури Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаб шуд, то онҳо корро қатъ кунанд, зеро дигар нигаҳ доштани терминал барояш зиёновар аст.
Агар ҳаққи хидмат нагирем, аз куҷо пул меёбем.
Як соҳибкори тоҷик, ки чанд терминалро дар ихтиёр дорад, рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, қаблан терминалҳои пардохти пул аз ҳар муштарӣ се фоиз ҳақ мегирифтанд, вале акнун чунин иҷозаро надоранд. Қаблан агар муштарӣ ба телефони худ аз тариқи терминал пул мегузаронд, 3 дар сади он барои ҳаққи инқтиқоли пул ба ҳисоби терминал мерафт.
“Мо чаҳор панҷ рӯз бе фоиз кор кардем, вале бе фоиз кор карда намешавад, мо барои иҷора, барои нерӯи барқ, коргар пул медиҳем. Агар ҳаққи хидмат нагирем, аз куҷо пул меёбем. “ гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Мақомот мегӯянд, амалкарди соҳибони терминалҳо мухолифи меъёрҳо ва дастурҳои ҳукумат аст, ки иҷоза намедиҳанд, ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо барои қабули пардохт фоиз ситонида шавад.
Оҷонси зиддинҳисорӣ бо нашри як баёнияе гуфт, ки гирифтани пул барои қабули пардохтҳо, мухолиф ба талаботи «Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» аст, ки ҳукумат моҳи апрели соли 2016 қабул кард.
Дар баёнияи оҷонсӣ омадааст, аксарияти субъектҳои хоҷагидор, ки ба хизматрасонии терминалҳои пардохти пулӣ ба аҳолӣ машғул мебошанд, талаботро риоя намекунанд ва ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо то 3% ва баъзе мавридҳо то 10 фоиз маблағ меситонанд.
Ба гуфтаи соҳибони терминалҳо, муроҷиатҳои онҳо барои гирифтани ҳаққи хидмат на аз муштариён, балки аз ширкатҳои мобилӣ натиҷа надодааст ва барои ҳамин онҳо ночор корро қатъ карданд. “Агар вазъ ҳамин хел давом кунад, ман қарздор мешавам ва пули иҷораи терминалҳоро 5 ё 6 моҳ пардозам ва баъд бехона мемонам.” –гуфт яке аз соҳибони терминалҳо.
Мирзо Раҳимов, мудири ширкати хусусии “Пардохт.тҷ”, ки бо терминалҳо кор мекунад, рӯзи 27 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бештаре аз шарикони тиҷоратиаш ба далели зиёновар шудани фаъолият аз қабули пули муштариён худдорӣ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ ним соли гуфтугу барои ҳал кардани масъала натиҷа надод ва вазъ то ба инҷо расид.
“То ин муддат мо талош мекардем, ки ин мушкилро ба роҳе ҳалл кунем, аммо дар ниҳоят муваффақ нашудем. Ҳамакнун шарикони мо, ки асосан тоҷирони инфиродӣ мебошад, намехоҳанд ба зарари худ фаъолият кунанд. Зеро, ироаи чунин хадамот хароҷоте назири иҷорапуӣ, таъмири дастгоҳҳо ва пардохти ҳаққи нерӯи барқро ба дунбол дорад. Ба ин хотир аз дирӯз бештаре аз шариконамон кори худро қатъ карданд. “
Ширкатҳои мобилӣ вазъи ба амаломадаро шарҳ надодаанд, вале ба гуфтаи Мирзо Раҳимов, онҳо бо масъулони ин ширкат гуфтӯгу доштаанд ва онҳо ризоият додаанд, ки дар ивази ҷамъоварии пардохтҳо подош барои кор ба терминалҳоро зиёдтар мекунанд, то хароҷоташон ҷуброн шавад.
То дирӯз дар Тоҷикистон тақрибан 4 000 терминал фаъол буд, ки барои пардохти пули телефон, пули хидмати коммуналӣ ва ҳамчунин ҷаримаҳо барои риоя накардани қоидаҳои роҳ истифода мешуданд. Ҳоло танҳо терминалҳои пулгирии ширкатҳои Qiwi ва бонки Эсхата кор мекунанд ва тамом. Ҳоло маълум нест, ки кай ҳамаи онҳо дигарбора ба кор шурӯъ мекунанд.
Агар шумо ҳам ба мушкили пардохт дучор шудаед, пас ба мо нависед аз тариқи Вайбер, ИМО, Телеграмм ва Вотсапп ва ба ин шумора +420 724 053 929