Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кортҳои бонкӣ ҷои пули нақдро мегирад?


Сар аз соли 2017 эҳтимолан харидуфурӯши нақдӣ дар Тоҷикистон камтар хоҳад шуд. Мақомоти кишвар мехоҳанд бозори ғайринақдиро то як соли дигар рушд диҳанд.

Мақомоти тоҷик мехоҳанд бозори ғайринақдиро дар кишвар рушд диҳанд ва эҳтимол меравад, ки сар аз соли 2017 харидуфурӯши нақдӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёбад. Парлумони Тоҷикистон ҳам бо ворид кардани ислоҳот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, насби терминалҳои электрониро дар фурӯшгоҳҳои кишвар ҳатмӣ кард. Соҳибкороне, ки барои насби чунин терминалҳо ва ё қабули кортҳои бонкӣ аз сокинон саркашӣ мекунанд, аз 4 то 8 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ҳадафи ин тасмимро ба хотири рушди бозори ғайринақдӣ дар кишвар гуфт, ки бояд то охири соли ҷорӣ, роҳандозӣ шавад. Ҷаноби Давлатзода зимни шарҳи ин тағйирот дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон 6-уми апрел афзуд,”дар бештари маврид ҳатто худи вакилон ҳам шикоят доштанд, ки ба ҳангоми

Нусратулло Давлатзода.
Нусратулло Давлатзода.

харидории молу маҳсулот дар марказҳои хизматрасонӣ, кортҳои бонкӣ қабул карда намешаванд. Аз ин хотир ин тасмим бо мақсади таъмини талаботи қарори ҳукумати кишвар оид ба табдирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ, гирифта шудааст.”

Ба ин тартиб, тибқи тағйирот ба моддаи 615-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, шурӯъ аз 1-уми январи соли 2017 дар сурати мавҷуд набудани терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои хизматрасонӣ, шахсони мансабдор ба андозаи аз 100 то 160, соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси шартнома фаъолият доранд, аз 160 то 180 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 180 то 200 нишондидаҳанда ҷарима мешаванд.

Масъулини Кумитаи андоз,мегӯянд, онҳо барои амалӣ кардани ин тасмим, аз таҷрибаҳои кишварҳои Русияву Белорус ва Гурҷистону Қазоқистон кор мегиранд. Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, низ бо муроҷиат ба раҳбари Кумитаи андоз таъкид кард, ки набояд, ин иқдом барои соҳибкорон сарборӣ эҷод кунад ва боиси муфлишавии тиҷорати онҳо гардад. Аммо Нусратулло Давлатзода дар посух ба нигаронии раиси парлумон гуфт, “маблағи насби терминалҳои электронӣ аз ҳисоби андозсупорандагон пардохт карда мешавад.”

Таъини ҷарима дар сурати саркашӣ аз насби терминалҳои электронӣ ва қабули кортҳои бонкӣ дар ҳолест, се моҳ пеш Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми раиси Бонки миллӣ Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ ба зарурати аз байн бурдани бозори нақдӣ дар кишвар таъкид карда буд.

Вай аз ҷумла гуфт, ки ”ҳадафи мо ин аст, ки мардум аз гирифта гаштани пули нақд худдорӣ кунанд ва бисёртар аз корт истифода намоянд. Пули нақд гирифта гаштан риски зиёд дорад. Дар кишварҳои дигар мардум аз 60 доллар зиёдтар намегиранд. Мардуми мо дар кисаҳояшон то 10 ҳазор доллар гирифта мегарданд.."

Собир Вазиров
Собир Вазиров

Коршиносон ва иқтисоддонҳои тоҷик ҷорӣ кардани пардохтҳои ғайринақдӣ тариқи кортҳои бонкиро ба манфиати давлат медонанд. Собир Вазиров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, чунин иқдом мизони «иқтисоди пасипардаӣ»-ро поин бурда, имкони гурез аз пардохти андозро коҳиш медиҳад. Аммо ҷаноби Вазиров ба ҷанбаи дигари ин масъала таъкид мекунад, ки агар худи сокинон аз ин терминалҳо истифода накунанд, кор самаранок будан наметавонад:

Ба гуфтаи ин иқтисоддони тоҷик, ”имрӯз ҳам дар бархе марказҳои тиҷоратӣ чунин терминалҳо вуҷуд дорад, аммо мардум аз он кам истифода мебаранд. Чунки тайи даҳсолаҳои ахир, мо ба муомилоти нақдӣ одат кардаем, мардум вақте маошро тавссути кортҳо мегирад, дарҳол онро нақд мекунанд. Ин самти дуюми масъала аст, ки намешавад бо роҳи ҷариманбандӣ ҳал кард. Дар ин баробар миёни мардум ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ зарур мешавад.”

Бино бар гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, аз 8 миллион аҳолии кишвар ҳоло беш аз 1 миллион нафар соҳиби кортҳои бонкӣ ҳастанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳоло дар Тоҷикистон 2214 адад терминалҳои электронии пардохтҳои ғайринақдӣ вуҷуд доранд, ки нисбат ба соли пеш 638 адад бештар будааст.

XS
SM
MD
LG