Дар пайи манъи ситондани фоиз аз маблағи муштариён дар терминалҳои пардохт, моликони баъзе аз ин ширкатҳо шеваҳои нави гирифтани ҳақмуздро ҷорӣ кардаанд. Акнун дар бархе аз терминалҳо маблағи мизоҷ танҳо дар ҳолате ба суратҳисобаш мегузарад, ки агар ба додани ҳаққи хидмати терминал розӣ шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон ба тамоми моликони терминалҳо дастур дод, ки аз муштариён ҳеҷ гуна маблағ нагиранд.
Тибқи қонунгузорӣ истеҳсолкунанда ҳақ дорад, ҳаққи хидматрасонӣ гирад. Қонун гирифтани фоизро манъ кардааст. Мо фоиз намегирем, мо ҳаққи хидмати устувор барои хадамоти молӣ мегирем.
“Розӣ ҳастед, ки аз шумо ҳаққи хидмат бигирем?”
То баҳори соли ҷорӣ дар Тоҷикистон моликони терминалҳо аз маблағи мизоҷон се дарсадашро ҳамчун ҳаққи хидмат мегирифтанд. Аммо бо тасвиби як қарор, ҳукумати Тоҷикистон гирифтани фоиз аз маблағи мизоҷонро манъ кард.
Ахиран моликони терминалҳои “Экспресс Пей” шеваи нави гирифтани ҳақмузд аз муштариёнро ҷорӣ кардаанд. Ҳар муштарие, ки мехоҳад тариқи ин терминалҳо ба суратҳисобаш маблағ гузаронад, бояд нахуст розигиашро барои гирифтани ҳаққи хидмати терминал бидиҳад.
Шеваи нав чунин сурат мегирад, ки баъди ворид кардани рақам ва пахши тугмаи “ба пеш” барои мизоҷ равзанаи нав бо навиштаи “Муштарии мӯҳтарам! Ба Шумо маълум менамоем, ки агар барои хидматрасонӣ оид ба гузарондани маблағҳоятон тавассути ҳамин терминал супориш медиҳед, пас, новобаста аз андозаи маблағ, яъне 1, 3, 5 сомонӣ ва ғайра маблағи устувор ба андозаи 20 дирам дар асоси “Шартномаи оммавӣ” (оферта) гирифта мешавад.”
Дар идомаи ин матн аз муштарӣ тақозо мешавад, ки агар бо ин шарт ва ба гирифтани 20 дирам аз маблағаш розӣ аст, пас, имкони гузарондани маблағ ба телефонашро дорад. Яъне, муштарӣ ё ба гирифтани ҳаққи хидмат розӣ мешавад ва ё терминал маблағашро қабул намекунад.
“Агар ҳақмузд нагирем, бояд муфлисиамонро эълон кунем”
Дар ҳоле ки мақомот ситондани маблағи мизоҷон ҳангоми пардохтро ғайриқонунӣ медонанд, масъулони терминалҳои “Экспресс Пей” мегӯянд, корашон қонунӣ аст, чун онҳо на фоиз, балки танҳо ҳаққи хидмат мегиранд.
Шӯҳрат Солиев, як масъули терминалҳои “Экспресс Пей”, рӯзи 8-уми сентябр гуфт, корашон тибқи қонун дуруст аст, чун қонун танҳо гирифтани ба қавли ӯ “фоизро манъ кардааст.” Ӯ 20 дирам маблағи супоридаи муштариёнро ба ин ширкат ҳамчун “ҳаққи хидмати устувор” арзёбӣ кард. Ба қавли Солиев, “тибқи қонунгузорӣ истеҳсолкунанда ҳақ дорад, ҳаққи хидматрасонӣ гирад. Қонун гирифтани фоизро манъ кардааст. Мо фоиз намегирем, мо ҳаққи хидмати устувор барои хадамоти молӣ мегирем. Ин фоизи муқарраркардаи қонун нест. Қонун дар бораи фаъолияти бонкӣ аст, ки барои интиқоли маблағ ё транзакия маблағ мегирад. Ин транзаксия аст ва 20 дирам ҳам ҳаққи транзаксия аст.”
Моликони терминали “Экспресс Пей” мегӯянд, бидуни гирифтани ҳақмузд аз мизоҷон идомаи фаъолияти онҳо зери суол меравад, чунки мукофотпулии ширкатҳои мобилӣ бисёр ночиз аст.
Дилшод Каримов, масъули дигари терминалҳои “Экспресс Пей” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нигоҳдории терминалҳо хароҷоти зиёде дорад ва мукофотпулии ширкатҳои мобилӣ ин харҷро намепӯшонад. “Мо қарз дорем, фоиз месупорем, ба ҳар як терминал иҷорапулӣ медиҳем, боз хароҷоти инкассатсия дорем. Боз бояд ба кормандон маош бидиҳем. Яъне бисёр хароҷот дорем. Он фоизҳое, ки аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ дода мешавад, ночиз аст ва ягон хароҷоти моро рӯйпӯш намекунад. Агар бе ситонидани ҳаққи хидмат кор кунем, муфлис мешавем”, - афзуд ӯ.
Дилшод Каримов иқрор мекунад, ки тасвиби Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи нагирифтани фоиз аз маблағи мизоҷон вазъи молии корхонаашонро ба таври қобили мулоҳиза поин овард.
“Тасмимҳои духӯраи Вазорати адлия?”
Бебандуборӣ дар бозори пардохти мобилии Тоҷикистон аз баҳори имсол шуруъ шуд. Дар баҳори соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор терминалҳои пардохти электрониро аз гирифтани фоиз ё ҳаққи хидмат аз муштариён, манъ кард. Ба дунбол ҳудуди 4 ҳазор терминали пардохти электронӣ дар саросари кишвар бо сабаби зараровар будан, аз кор монд.
Дар гузашта дар ҳар кӯчаву хиёбони шаҳру ноҳияҳои кишвар терминалҳои пардохти электронӣ фаъол буд. Сокинон тавассути ин терминалҳо ба ҳисоби телефони худ пул гузаронда, маблағи барқу об, хадамоти коммуналӣ, ҷарима ва инчунин ҳаққи телевизионҳои кабелиро, пардохт мекарданд.
Баъд аз тасвиби қарори ҳукумат ҳудуди даҳ ширкате, ки ба қабули маблағи шаҳрвандон машғул буданд, якбора аз гирифтани фоиз даст кашиданд. Аммо ба гуфтаи огоҳон дар моҳи май Вазорати адлияи Тоҷикистон ба моликони терминалҳои “Пайванд” иҷозат дод, ки аз муштариён ҳаққи хидмат ситонанд. Дар нусхаи мактубе, ки бо имзои Абдуманнон Холиқзода, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон ба ширкати “Пайванд” ирсол шудааст, омадааст: гирифтани фоиз манъ аст, на ҳаққи хидмат.
Дар ин мактуб, ки нусхааш ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, “оид ба ситондани ҳаққи хидмат бо ҳиссаи устувор меъёр ҷой надорад, ки дар ҳолати ситондани маблағ бо ҳиссаи устувор талаботи тартиботи болозикр вайрон намегардад.”
Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, баъд аз ин тасмими Вазорати адлия ва иҷозаи он барои гирифтани ҳаққи хидмат моликони терминалҳо дубора ба гирифтани маблағ шуруъ карданд. Дар моҳи июл Вазорати адлия тасмими қаблии худро бекор ва гирифтани ҳамагуна фоизу ҳаққи хидмат аз маблағи мизоҷонро ғайриқонунӣ эълон кард. Дар мактуби дигари Вазорати адлия, ки нусхаи он низ дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст, гуфта мешавад, “ҳангоми қабули пардохт на фоиз ва на дигар намуди ҳаққи хидмат набояд ситонда шавад.”
Додситонии кул ситондани пулро ғайриқонунӣ донист
Ҳамчунин, дар моҳи август Додситонии кулли Тоҷикистон дар як нома ба тамоми моликони терминалҳо гирифтани фоиз ва ҳам ҳаққи хидматро ғайриқонунӣ эълон кард. Додситонии кулл дар мактубаш талаб кардааст, ки моликони терминалҳо ба ин қонунвайронкунии худ хотима диҳанд.
Як ҳамсуҳбати мо аз доираи наздик ба моликони терминалҳо мегӯяд, бебандуборӣ дар ин бахш то ҳол идома дорад, чун масъала то охир ҳал нашуд. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, пеш аз тасдиқи қарори ҳукумат назари онҳо бояд гирифта мешуд. Ба эътиқоди соҳибназарон, беҳтар мешуд, ки агар ба ҳамаи ширкатҳо муносибати яксон роҳандозӣ шаваду мушкили сокинон дар пардохти пули телефон ва хадамоти коммуналиву барқ аз байн равад.
Дар гузашта дар ҳар кӯчаву хиёбони шаҳру ноҳияҳои кишвар терминалҳои пардохти электронӣ фаъол буд. Сокинон тавассути ин терминалҳо ба ҳисоби телефони худ пул гузаронда, маблағи барқу об, хадамоти коммуналӣ, ҷарима ва инчунин ҳаққи телевизионҳои кабелиро, пардохт мекарданд.