Дар ин ҳол ҳоҷат ба гирифтани садҳо нафар нозирони обу барқу газ ва ғайра, ки хона ба хона гашта пул ҷамъ мекунанд, ҳоҷат намемонад.
Ин пешниҳоди Асомуддин Атоев, раҳбари Академияи фановариҳои иттилоотиву иртибототӣ барои рушд дар ин замина, ки идораи «электронӣ» унвон шудааст, дар миёни намояндагони 67 кишвари ҷаҳон дар Конфронси байналмилалӣ дар Эстония ба ҷоиза қадр шуд.
Дар ҳоле, ки пешниҳоди Асомиддин Атоев САЗОВОРИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУДААСТ, давлати Тоҷикистон ба хусус ширкатҳои давлатӣ аз қабили «Барқи Тоҷик», корхонаи «Обу корез»-и Душанбе, Кумитаи андоз, ҳамоно ҷамъоварии андозро аз “роҳи бобоӣ”, яъне хона ба хона рафтани нозирон анҷом медиҳанд.
Асомиддин Атоев, ҳалли мушкили пардохтҳо барои мардум ва бениёзии корхонаҳо аз садҳо нафар нозиронро кори мушкиле намедонад. Вай гуфт, барои мисол ҳар як шаҳрванд муштарии якчанд ширкат, аз ҷумла «Барқи Тоҷик» ва ширкатҳои телефонӣ мебошанд. Барои чӣ муштарӣ ҳаққи хизмати ширкати телефониро сари вақт мепардозад, вале барои додани пули барқ талош намекунад?
Ҷаноби Атоев дар ин замина мегӯяд, чун ширкатҳои телефонӣ шароитро барои пардохт муҳайё кардаанд, муштарӣ ҳаққи хизмати телефонро аз тариқи дастгоҳҳои дар кӯча ва хиёбон васлшуда мепардозад: «Мизони пардохти пули обу барқу газ ва ғайра аз худи корхонаҳову ширкатҳо вобастагӣ дорад. Яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкил, истифода аз кортҳои пластикии «Смарт» ё «Ҳушдор» аст, ки корхонаҳо метавонанд ба фурӯш гузоранд. Ва муштарӣ бо ин корт пули обу барқу газро аз тариқи терминали пардохти телефон низ метавонад пардохт кунад. Барои мисол ширкати «Барқи Тоҷик» тасмим дорад ҳисобкунакҳоро иваз кунад. Мешавад, ки ба ҷои ҳисобкунакҳои механикӣ, ҳисобкунакҳои электрониро васл кунад, ки бо кортҳои «Смарт» ё «Ҳушдор» фаъолият мекунанд."
Ба гуфтаи таҳилигарон, дар сурати истифода аз кортҳои платикӣ ва ҳисобкунакҳои электронӣ, дуздии пули барқу об ва фасод дар ин ширкатҳо аз байн меравад.
Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси бахши иқтисод дар ин бора гуфт:
«Агар ҳисобкунакҳои электроникӣ истифода шавад, хуб аст зеро масъулияти мардум боло меравад. Вале бисёриҳо инро намехоҳанд, зеро роҳи дуздӣ баста мешавад ва ба қавли кормандони ин идораҳо, «аз нони хӯрдан маҳрум мешаванд.»
Ба гуфтаи Асомуддин Атоев, агар ин корхонаҳо аз истифодаи ҳисобкунакҳои электронӣ кор гиранд, ҳоҷат ба пардохт кардани пули обу барқу газ аз тариқи бонкҳо ва ҷамъоварии он аз сӯи нозирон аз байн меравад. Зеро бо ин кортҳои пластикӣ метавон аз терминалҳои пардохти пули телефон истифода кард, ки дар ҳоли ҳозир 20 ширкат ба ин кор машғул аст ва дар ҳар як кӯчаву хиёбон ин терминалҳо ба чашм мерасанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Атоев, мақомоти шаҳрдории Душанбе тасмим дорад барномаи пардохтҳо аз ин тариқро, ки "муҳосиботи электронӣ" ном дорад, роҳандозӣ кунад.