Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгори мактаб бо гумони педофилия боздошт шудааст


Ин ҳодиса дар ноҳияи Ҷомӣ ба вуқӯъ пайваст ва аз ҷумлаи ҳодисотест, ки дар Тоҷикистон зиёд мушоҳида намешаванд.

Т.С, як аз омӯзгор аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иттиҳоми "педофилия" боздошт шудааст. Завқибек Ҷӯраев, муфаттиши додситонии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо тасдиқи ин хабар гуфт, омӯзгори 32-сола тайи ду соли охир нисбат ба шаш духтари хурдсол, ки дар синфи дуюм таҳсил мекарданд, амалҳои бадахлоқонаро раво дидааст. Дар бораи чунин рафтори ғайриахлоқии омӯзгори мактаб волидони муҳассилон ба мақомоти интизомӣ шикоят бурда, расидагӣ ба ин қазияро тақозо намудаанд.

Ҳамакнун, додситонӣ алайҳи ин омӯзгор тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “амали зӯроварии дорои хусусиятӣ шаҳвонӣ, нисбати шахси ба синни 14-солагӣ нарасида” (моддаи 139, қ.4) ва “кирдори бадахлоқона” (моддаи 142), парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст. Завқибек Ҷӯраев, муфаттиши парванда, мегӯяд: “Маълумоти олӣ дорад, донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро муваффақона хатм кардааст. Худаш ҳам дар оилаи хуб, дар оилаи омӯзгор ба воя расидааст. Аз соли 2001-ум дар мактаби деҳа муаллим шуда кор мекард. Тафтишот рӯшан кард, ки ду соли охир, аз соли 2010-ум то соли 2012-ум ба ҳамин корҳо машғул будааст."

Нафари муттаҳам соҳиби зану се фарзанд буда, тайи даҳ соли охир дар мактаби миёна барои шогирдони синфҳои 1-4, яъне кӯдакони аз 6 то 11-сола таълим медодааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони деҳаи Қулсанги ноҳияи Ҷомӣ, маҳалли вуқӯи ин ҳодиса, дар шигифтанд ва ин воқеаро башиддат маҳкум мекунанд. Волидони ҷабрдида аз сӯҳбат худдорӣ карда, аммо гуфтанд, агар ихтиёр дар дасти онҳо мебуд, ин омӯзгорро сангсор ва аз русто берун менамуданд. Ин аст, ки мақомоти пулису додситонӣ талош доранд, то мардуми деҳа ба таври худ хонаводаи омӯзгорро "суд" накунанд.

Мақомот дар сӯҳбат бо мардуми маҳаллӣ таъкид мекунанд, ки боздоштшуда ҳанӯз дар содир кардани ҷиноят "гумонбар" дониста мешавад ва тафтишоту додгоҳ бояд гунаҳкории ӯро собит намоянд. Собир Назаров, омӯзгори ҷавони рустоӣ, мегӯяд, агар омӯзгоре дар содир кардани як чунин бадахлоқӣ ҳатто гумонбар ҳам дониста шавад, дигар ҳуқуқи маънавии кор дар муассисаи таълимиро надорад.

Ӯ афзуд, “агар ҳам мардум ба ягон мақомот бовар надошта бошанд, ҳатман ба омӯзгор эътимод доранд, ҳурмат мекунанд муаллимонро ва тарбияи фарзандонашонро ба мо дилпурона вомегузоранд. Мутаассифам, ки як чунин ҳодиса дар мактаби давлатӣ рӯй додааст. Зеро ин амали бадахлоқонаи омӯзгор ба шаъну эътибори кулли муаллимон доғ оварда, ба ояндаи кӯдакони ҷабрдида ҳам таъсири манфӣ мерасонад. Ҳоло давлат талош мекунад, ки духтарон то синфи 9-11-ум таҳсил карда, соҳиби маълумот шаванд. Аммо чунин ҳодисаҳо ба волидон баҳона медиҳад, ки монеи таҳсили духтаронашон дар мактабҳо шаванд.”

Саодат Амиршоева
Саодат Амиршоева
Бо таваҷҷӯҳ ба вуқӯи чунин ҳаводис дар ҷомеаи Тоҷикистон, бархе вакилони порлумони кишвар доир ба мавзӯи таҳия ва қабули қонуни марбут ба ташдиди ҷазо барои “педофилия”-ро масъалагузорӣ мекунанд. Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ин иртибот мегӯяд, “ҳарчанд кодекси ҷиноӣ зӯроварӣ ва ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати кӯдакон ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ кардааст, ҳоло банда сари ин андеша ҳастам, ки мо бояд масъалаи таъйини ҷазои сахттаре ба “педофилҳо”, нафаронеро, ки нисбати писарону духтарони хурдсол ҳаракатҳои бадахлоқонаи дорои хусусияти шаҳвониро раво мебинанд, ба миён гузорем."

Мақомоти додситонии вилояти Хатлон мегӯянд, ин дувумин ҷинояти марбут ба ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати шогирдони мактаб дар водии Вахш аст, ки дар як соли ахир рух медиҳад. Гулмаҳмад Бобоев, корманди масъули додситонии вилояти Хатлон, гуфт, соли гузашта як муаллима дар ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ барои доштани робитаи маҳрамона бо шогирди ҳабдаҳсолааш низ боздошт шуда буд: “Азбаски ин ҳодиса дар ҳудуди мактаби миёна пайваста рух медод, сарвари мактаб ва мудири маорифи ноҳия аз кор барканор шуданд. Муаллимаи 27-солаи фанни математика, ки оиладор набудааст, ҳамроҳи шогирди синфи 11-умаш ҳаракатҳои бадахлоқона ва алоқаи ҷинсӣ мекардааст дар мактаб, гузашта аз он, саҳнаҳои маҳрамонаи худро тавассути телефони мобилӣ ба навор мегирифтааст.”

Додгоҳ гуноҳи муаллимаро дар “педофилия” собит карда ва ӯро ба пардохти ҷарима маҳкум намуда буд. Аммо дар мисоли омӯзгори боздоштшудаи синфҳои ибтидоӣ аз ноҳияи Ҷомӣ, муфаттишон иддао доранд, ки вай ба осонӣ раҳо нахоҳад шуд. Зеро Кодекси ҷиноии кишвар барои анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати якбора чанд кӯдаки хурдсол ҷазои аз 15 то 20 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG