Ба ақидаи онҳо, бархе аз омӯзгорон ҷойгоҳи шогирдонро бо «тарозуи пул» бармекашанд. Яъне бачаҳое, ки аз хонаводаҳои сарватманданд, ҳамеша дар назди устодон иззату обрӯи хос доранд, босавод шумурда мешаванд ва мавриди дӯстдориянд. Аммо бачаҳо аз хонаводаҳои камбизоат аз ин лутфу марҳамати устодони худ маҳруманд ва ҳарчанд ахлоқ ва дониши хуб доранд, сарфи назар нашаванд ҳам, аз таваҷҷӯҳи хоси устодон бенасиб мемонанд.
Чунин шикоятҳо дар пасманзари он ки бисёре аз хонандагону донишҷӯён ва ҳатто мақомоти давлати Тоҷикистон аз фасоди густарда дар риштаи маориф изҳори нигаронӣ мекунанд, касро ба натиҷае мерасонад, ки фазои мазкур ба бархӯрди омӯзгорон ва шогирдон низ таъсири амиқ гузоштааст. Аммо дар асл оё ин мушкил то кадом андоза фарогир ва решадор аст? Бо ин мақсад гурӯҳи видеоии Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе бо чанде аз ҷавонон ва наврасон ҳамсӯҳбат шуд, то бубинад, ки оё муносибати ду ширкаткунандаи раванди омӯзиш ва парвариш – устодон ва шогирдонро чӣ омилҳое муайян мекунанд.
Ин наворро тамошо кунед ва агар муаллим ҳастед ё шогирд, падар ё модари мактаббача ё ба гунае бо риштаи маориф сари кор доред, низ ба ин пурсиш псоух диҳед, ки оё муаллимон миёни шогирдони бой ва камбағал фарқ мегузоранд? Ҷамъи андешаҳо шояд ҳақиқати ҳолро рӯшан кунад.