Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози хонандагон - "Муаллимамонро баргардонед"


Ҳукумати ноҳияи Шӯрообод ба бархе аз сокинону мактаббачагони деҳаи Порвор иҷоза надодааст, то бо шиори «Муаллими моро баргардонед» ҳамоиши эътирозии худро дар рӯ ба рӯи комисариати низомии ноҳия барпо кунанд.

Онҳо тасмим доштанд, то бо шиору овезаҳо назди ҷамоти Ёл, ки ин деҳа дар ҳудуди он дохил аст, барои баргардонидани як пизишку омӯзгори ҷавони деҳа эътироз кунанд.

Хушбахти Сафар, омӯзгори 22 сола ва Давламад Дӯстов, пизишки 24 соларо аз ин деҳа ҳафтае пеш ба сафи Артиши Тоҷикистон ҷалб карда буданд, аммо сокинон мегӯянд, ҳоло хидмати ин ҷавонон аз сафи артиш дида, барои ин мардум муҳим аст.

Давлат Сафаров, падари омӯзгор Хушбахти Сафар мегӯяд, ба онҳо идораи ҷамоат ҳушдор дод, ки дар сурати амали кардани эътироз, онҳоро ҷазо хоҳад дод: «Ҳоло мо шиорҳоямонро омода кардем ва мехоҳем, эътирози қонунӣ кунем. Агар иҷоза ҳам надиҳанд, мо дар назди ҷамоат ва ҳукумат эътироз хоҳем кард».

Қурбон Исломов, директории мактаби деҳаи Порвор мегӯяд, ӯ шахсан ба ин эътироз розӣ нест, вале хоҳиши онро дорад, ки омӯзгори мактабашро баргардонанд: «Фармони вазири маориф аст, ки мактабҳоро бо омӯзгорон таъмин кунанд ва набояд онҳоро ба артиш баранд. Дар мо солҳо муаллими фанни химия намерасид ва ҳоло ҳайронем, ки кӣ имтиҳони ин хонандагонро аз фани химия дар охири сол мегирад».

Турқул Дӯстов, падари пизишки деҳа мегӯяд, фарзандаш дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси пизишк фаъолият мекард ва сокинони деҳа аз ӯ хостанд, то омада дар ин ҷо кор кунад: «Мо мехоҳем, ки фарзандамон хидмати ватанро кунанд. Аммо дар деҳа, ки духтур намерасад ва ӯ ба мардум хизмат мерасонд-ку. Хизмати мардуми як гӯшаи диёр магар хизмат ба ватан нест? Хизмати ватанро бояд ин масъулони ҳукумат дарк кунанд. Ин хел кунанд, мардум нафрат пайдо мекунанд».

Бештари сокинон мегӯянд, даҳҳо ҷавоне дар деҳоти атроф ба сар мебарад, ки дар ҳеҷ ҷо кор намекунанд, вале ҳукумат маҳз ду ҷавонеро ба хидмат ҷалб кардааст, ки барои сокинон заруранд.

Аммо Санамбӣ Одинаева, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Шӯрообод ва ҳамзамон сарвари Ситоди ҷалби ҷавонон ба хидматӣ ҳарбӣ мегӯяд, ҷалби ин ду ҷавон дар чаҳорчӯбаи қонун сурат гирифтааст ва эътироз кардани волидайни онҳо мантиқ надорад: «Ин ду ҷавон маълумоти олии пурра надоштанд. Мувофиқи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ моддаи 21 онҳоро мумкин буд, ба хизмат ҷалб кунем. Яке колеҷи тиббиро хатм кардааст ва дигаре ҳоло ғоибона мехонад, яъне маълумоти олӣ надоранд. Дар ин ҷо ягон кори қонуншиканӣ нест».

Дар ноҳияи Шӯрообод беш аз се ҳазор ҷавони сини хидмати ҳарбӣ ба сар мебарад. Аммо бинобар дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани аксари онҳо, нақшаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ аз ин ноҳия то ҳол нопурра боқӣ мондааст.
Барои нахустин бор аст, ки хонандагону сокинони як деҳаи кӯҳистон тасмими баргузории ҳамоиши эътирозиро кардаанд.
XS
SM
MD
LG