Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши дарёфти шаҳрвандии Русия. Ба умеди рӯзгори беҳтар


Бино бар омори расмӣ, дар 10 соли ахир бештар аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, тобеияти Русияро дарёфт кардаанд.

Маъруфи 28-сола муддатҳост талош дорад шаҳрванди Русия шавад. Вай мегӯяд, дар ин сурат бисёр мушкилу дарди сарҳои ӯ, ки ҳангоми иқоматаш дар Русия пеш меоянд, бартараф мешаванд ва ҷои онҳоро имтиёзҳои шаҳрванди Русия мегирад: «Нафаре,ки шаҳрванди Русия мешавад, бе мушкил метавонад соҳиби ҷойи кори хуб гардад ва музди баланд ҳам бигирад. Аммо бо шиносномаи тоҷикӣ барои аз қайд гузаштан ҳар моҳ маблағи муайян пардохт мекунӣ ва ҳамчунин пайваста гирифтори ҳаргуна мушкилот мешавӣ. Ба ҳамин хотир барои мо муҳоҷирон дарёфти шаҳрвандии Русия манфиат дорад.»

Талошҳои Маъруф ва даҳҳо нафари мисли ӯ дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки бино бар омори расмӣ дар даҳ соли охир беш аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, шиносномаи Русия гирифтаанд. Ҳамзамон бино ба маълумоти консулгарии Русия дар Тоҷикистон, танҳо дар соли гузашта 2 500 шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандии Русия ба ин ниҳод муроҷиат кардаанд.

Коршиносон мегӯянд, зиёд шудани хоҳишмандони шаҳрвандии Русия ба кӯшиши беҳтар кардани шароити буду бош ва фароҳам сохтани ояндаи хуб дар ин кишвар аст. Музаффар Зарифов, раиси созмони «Муҳоҷират ва рушд» мегӯяд, ҳоло замонест, ки аксарият мехоҳанд дар шароити хубу мусоид ба сар баранд. Ва Русия бо роҳандозии барномаҳои мухталиф, ба он нафароне, ки қобилияти дар макони нав оғози зиндагии тозаро доранд, дарҳои худро боз кардааст.

Ҷаноби Зарифов гуфт, «ҳарчанд дар Тоҷикистон муҳит бад нест, вале аз он ки шароити демографии кишвар хеле номувофиқ аст, бисёриҳо мехоҳанд, он ҳадафҳоеро ки назди худ гузоштаанд, берун аз Тоҷикистон амалӣ кунанд. Аммо агар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо шиносномаҳои тоҷикӣ бо мушкил рӯ ба рӯ намешуданд, ҳаргиз шаҳрвандии Русияро намепазируфтанд.»

Дар ҳоле, ки аксарияти сокинони Тоҷикистон танҳо ба хотири беҳбудии вазъи зиндагии худ дар Русия шаҳрвандии ин кишварро дарёфт мекунанд, Соҳибёри Толиб, таҳлилагари ҷавон мегӯяд, нафарони зиёдеро медонад, ки бо вуҷуди доштани шаҳрвандии ин кишвар, аз сохтмонҳои Русия берун нарафтаанд. Ба андешаи вай, барои соҳиби ҷоий кори ба истилоҳ «ифтихорӣ» шудан, доштани шиносномаи Русия кофӣ набуда, соҳибмаълумот ва таҷрибадор будан муҳим аст.

Дар баробари ин Соҳибёр рӯи як нуктаи дигар ишора мекунад ва мегӯяд, «дар бахши маорифи Русия тоҷиконеро ҳам вомехӯрем, ки бе шиносномаи Русия барои худ кор пайдо кардаанд. Зеро мактабҳои ин кишвар имрӯз ба омӯзгорони мард ниёзи бештар дорад. Ва чун пешаи омӯзгориро мардони рус чандон интихоб намекунанд, мутаносибан имконияти мардҳои омӯзгор барои дарёфти кор бештар аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки насли наврас дар Тоҷикистон дар мактабҳое, таҳсил мекунанд, ки омӯзгоронашон Русияро барои фаъолият интихоб кардаанд.»

Гуфта мешавад, содда будани дарёфти шаҳрвандии Русия агар аз як сӯ барои донишомӯзон ва муҳоҷирони тоҷик кор ва фаоълият дар ин кишварро осонтар намояд, аз тарафи дигар мушкилоти ҷиддеро дар пешорӯи Точикистон қарор медиҳад, ки ин ҳам аз даст рафтани мутахассисон аст. Зеро аксарият бо пазириши шаҳрвандии ин кишвар дигар фикри баргаштан ба ватанро аз сар дур мекунанд.

Ба назари бархе аз таҳлилгарон, афроде, ки имрӯз шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, наметавонанд паёмади баде барои Тоҷикистон эҷод кунанд, балки баръакс онҳо тавон доранд дар сохторҳои мухталифи ҳукумати Русия кор кунанд ва манфиатҳои шаҳрвандони тоҷикро дар ин кишвар ҳифз кунанд.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки ахиран Сергей Лавров вазири корҳои хориҷии Русия пешниҳод, намуд барои онҳое, ки дар замони собиқ Шуравӣ ба дунё омдаанд, дарёфти шаҳрвандии Русия ба маротиб содатар шавад.
XS
SM
MD
LG