Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони бизнесмен. Қоидаи нав даромади онҳоро расонаӣ хоҳад кард?


Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон. Акс аз нишасти мулоқоти раиси ҷумҳур бо кормандони Кумитаи андозу Хадамоти гумрук, 10-уми майи 2019
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон. Акс аз нишасти мулоқоти раиси ҷумҳур бо кормандони Кумитаи андозу Хадамоти гумрук, 10-уми майи 2019

Сабти эъломияҳои андозро барои мансабдорони Тоҷикистон сода мегардонанд. Дар Кумитаи андоз ин тасмимро иқдоми навбатӣ ба мубориза бо фасод меноманд, аммо коршиносони мустақил мегӯянд, иқдомҳои ҳукумат кофӣ нестанд ва бояд чораҳои фарогиртар андешида шаванд.

Сомонаи Кумитаи андози Тоҷикистон хабар медиҳад, ки раванди сабти эъломияҳои андозро барои мансабдорони тоҷик сода мегардонад. Дар матн омадааст, ниҳоди мазкур барномаи компютериеро барои пешниҳоди электронии эъломияҳои андоз коркард ва роҳандозӣ кардааст. Бино ба хабари Кумитаи андоз, утоқ ё саҳифаи шахсии андозсупоранда дар сомонаи Кумита хизматрасониҳои густурдаи электрониро фаро мегирад ва низоми андозро бо низомҳои дигари ҳукумати электронӣ мепайвандад.

Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон

Ташаббуси навро дар кумита ба дастури президент Раҳмон рабт медиҳанд, ки дар паёми моҳи декабри соли 2019 ба порлумони кишвар садо дода буд. Он замон раиси ҷумҳур дар бораи хатар ва оқибатҳои нохуби фасодкорӣ барои низоми идораии давлат ва имиҷи кишвар дар хориҷ ҳарф зада буд.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориши Департаменти давлатии Амрико, ки рӯзи 11-уми март нашр шуд, фасодкорӣ ва шиносбозӣ дар Тоҷикистон аз мушкилҳои аслӣ унвон шудааст.

Дар солҳои гузашта роҳбарияти ҷумҳурӣ борҳо зидди фасод мубориза эълом кард, аммо чораҳои андешидашуда тақрибан, ки рейтинги кишварро боло набурданд. Коршиносони мустақил ба набуди чораҳои фарогир дар мубориза ба зидди фасод ишора мекунанд ва ба ҷорисозии эъломия ҳамчун иқдоми зиддифасод бо шубҳа менигаранд.

Эъломияҳои пӯшида

"Пешниҳоди эъломия дар бораи дороиҳо ва амволи мансабдорони Тоҷикистон аз соли 2004 ба ин тараф ба ин амал мекунад. Аммо ба фарқ аз кишварҳои дигар эъломия дар бораи даромадҳо ва дороиҳои мансабдорони тоҷик махфӣ аст. Ин аллакай иқдоми номақбул аст", - мегӯяд шореҳи иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев.

Ба гуфтаи вай, усули содашуда, ки Кумитаи андоз дар бораи он хабар додааст, танҳо эъломияи коғазиро ба эъломияи электронӣ иваз мекунад. Чоршанбиев мегӯяд, мансабдорон одатан даромадҳои фасодолудашонро пинҳон мекунанд ва ё амволи худро ба номи хешовандон, ё афроди мавриди эътимоди худ сабт менамоянд.

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

"Барои муборизаи натиҷаовар зидди фасод бояд механизмҳои дигар истифода шаванд. Барои мисол, таҷассуси вазъи молии мансабдорон, тафтиши доимии даромадҳо ва амволи хешовандони онҳо, аз ҷумла на танҳо дар ҳудуде ки онҳо фаъолият мекунанд, балки дар минтақаҳо, яъне зодгоҳҳояшон", - пешниҳод мекунад Пайрав Чоршанбиев.

Чораандешиҳо дар назария ва амалия

Дар ҳоли ҳозир дар кишвар стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2014-2020 амал мекунад, ки ҳадафаш пойин овардани сатҳи фасод, ташкили шароит барои рушди иқтисод, рушди арзишҳои демократӣ ва рушди некӯаҳволии шаҳрвандон аст. Ҳуҷҷати мазкур такмили идораи давлатӣ, механизми таҳлили хатарҳои фасод дар бахшҳои гуногун, таъсиси ҳукумати электронӣ, дастрасӣ ба иттилоъ, ҷалби институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар чораҳоеро мадди назар дорад, ки бино бар баҳогузории нозирони байналхалқӣ, то кунун амалӣ нашудаанд.

Дар гузориши созмони OECD таҳти унвони "Ислоҳоти зидди фасод дар Тоҷикистон", ки соли 2017 нашр шуда буд, амалисозии стратегияи мазкур мавриди интиқод қарор гирифта буд. Дар гузориш ба вижа ба фаъолияти камранги комиссияҳои ҷамъиятӣ ва амалисозии сиёсати муқобила бо фасод ишора гардидааст. Коршиносон гуфтанд, талаби эъломияи дороиҳои мансабдорон ва аҳли оилаи онҳо танҳо ба кормандони маъмурӣ дахл дорад, на ба мансабдорони сиёсӣ ва ё сиёсатмадорон. Ношаффофии ҳокимияти додгоҳӣ, набуди дастрасии комил ба иттилоъ, қонунгузории ҷиноӣ ва дигар ҷанбаҳои стратегияи муқовимат бо фасод мавриди интиқод қарор гирифт.

Мақоми махсус

Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, бе бархӯрди фарогир сатҳи фасод дар кишвар танҳо афзоиш хоҳад ёфту бас. "Бояд низоми назорати оммавӣ, созмонҳои қавии ғайридавлатӣ ва расонаҳои мустақил мавҷуд бошад. Мутаассифона, дар кишвари мо ҳеч кадомаш нест", - мегӯяд коршинос.

Мақомоти мубориза ба зидди фасод, ба бовари коршинос, набояд уҳдадориҳои тафтишотро ба зимма дошта бошад, балки назорат барад ва на ба ҳукумат, балки ба порлумон гузориш диҳад. "Агар ин ниҳод ҷузъи низоми иҷроия ва мақомоти қудратӣ бошад, пас, наметавонад дуруст амал кунад", - бовар дорад сиёсатшинос.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Соли 2006 дар Тоҷикистон Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ташкил шуд. Ба иттилои сардори ин оҷонсӣ Сулаймон Султонзода, ки дар ҷараёни нишасти матбуотии моҳи январи имсол садо дод, дар соли 2019 ниҳоди зери роҳбарии вай 1,1 ҳазор аудит гузаронида, 70 миллион доллар зарарро ошкор кардааст. Дар ҳамин ҳол, Султонзода гуфт, ки кормандони вай ба фасод даст назадаанд.

Аммо дар соли 2017 ин ниҳод сару садои зиёде барангехт. Он замон 17 корманди оҷонсии мазкур бо айби сӯистифода аз мансаб ҳабс ва 40 тани дигар бо гумони фасодкорӣ боздошт шуда буданд.

Нақшаҳои фасодкорӣ ва ё эҳсонкорӣ?

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар аз чанд гоҳе ба фаъолияти Оҷонсии зидди фасод бо шубҳа нигоҳ мекунанд. Махсусан, вақте мансабдорон аз ҳисоби худ иншоотҳои бузургро бунёд карда, ба истифода медиҳанд, дар ҳоле ки қонунан ҳаққи машғул шудан ба тиҷоратро надоранд. Барои мисол, дар соли 2018 чанд мансабдор, аз ҷумла вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, вазири пешини маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид, сарвазир Қоҳир Расулзода, ва раиси дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон шомили ин категория шуданд.

Коршиноси рус дар умури низомҳои худкома Станислав Шкел мегӯяд, фасод ҷузъи ҷудонашавандаи низомҳои худкома аст, ки дар он роҳбар бо пешниҳоди манфиат садоқати атрофиёнашро мехарад.

"Фоида аз хизмати давлатӣ одатан аз ҳисоби фасодкорӣ ба даст меояд. Ин маънои онро дорад, ки роҳбари худкома низ дар навбати худ вобастаи атрофиёнаш мешавад. Барои он ки садоқат ҳифз шавад, баъзан бояд ба фасодкорӣ чашм пӯшид", - меафзояд Шкел. Ба гуфтаи вай, фасодкориҳо ҳамзамон ба роҳбари худкома иҷозат медиҳанд, ки элитаро зери назорат дошта бошад.

Дар Шохиси байналмилалии фасод, ки ҳамасола созмони Transparency International тартиб медиҳад, Тоҷикистон дар соли 2019 аз миёни 180 кишвар мақоми 152-умро касб карда, дар як саф бо Никарагуа, Мадагаскар, Камерун ва Озарбойҷон қарор дошт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG