Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри дороиҳои мансабдорони тоҷик. "Ҷомеа омода нест"? ВИДЕО


Ҷумъа Давлатзода
Ҷумъа Давлатзода

Масъулони Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон гуфтанд, ки эъломияи дороии мансабдорон нашр нашавад, чун ҷомеа ба қабули он омода нест. Вале мардуму коршиносон мегӯянд, огоҳӣ аз дороии мансабдорон барои ҷомеа муҳим аст ва пинҳон монданаш боис ба афзоиши фасод мегардад.

Мансабдорони тоҷик вазифадоранд, ки ҳар сол моҳи апрел дар бораи дороиҳои худу пайвандонашон ба мақомот гузориш диҳанд. Вале ин гузоришҳо ягон дафъа расонаӣ нашудаанд.

Баҳси оммавӣ шудани дороиҳои мансабдорон рӯзи 1-уми август дар нишасти хабарии раиси Оҷонси хидмати давлатӣ рӯ зад. Хабарнигорон бо таваҷҷуҳ ба қазияи Шаҳбоз Раҷабзода, раиси пешини Терминали гумрукии рақами 1-и Душанбе гуфтанд, чаро дороиҳои ӯ ва кормандоне мисли ӯ оммавӣ нашуд? Ҷумъа Давлатзода, раиси Оҷонси хидмати давлатӣ гуфт, "умуман зарурати нашри моликияти Раҷабзода нест".

Давлатзода масъаларо ба он рабт дод, ки “феълан ҷомеаи Тоҷикистон барои қабули ин омода нест. Вай афзуд, “ҳар вақте сатҳи тафаккур ва фаҳмиши ҷомеа ба сатҳи ҷомеаи ғарбӣ баробар шавад, ҳатман масъалагузорӣ мекунем".

Президенти Тоҷикистон моҳи майи имсол дар мулоқот бо намояндагони соҳаҳои бонку молия ва гумруку андоз Шаҳбоз Раҷабзодаро “истинтоқ” кард. Вай гуфт, Раҷабзода дар давоми 1 солу 8 моҳи кор дар мақоми раҳбари яке аз нуқтаҳои гумрукии пойтахт соҳиби се хона ва як мошин шудааст.

Музаффар Олимов, раиси созмони назарсанҷии “Шарқ”, рӯзи 1-уми август хабардор шудани ҷомеа аз дороии мансабдоронро зарур шуморид. Ӯ гуфт, “ин ки мегӯянд, ҷомеа омода нест, мантиқ надорад. Баръакс, хандаовар аст.”

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, таҷрибаи нашр ва ё пешниҳоди дороии мансабдорон ба ҷомеа дар кишварҳои дигар ҳаст ва як кори маъмулист. “Нафари соҳиби мансаб бояд ҳар сол на танҳо дар бораи даромади худ, балки дар бораи дороии наздиконаш маълумот диҳад. Ин кор дар дунёи мутамаддин қабул шудааст”, -- афзуд ӯ.

Ҳуқуқдони тоҷик Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ҷомеа бояд аз ҳар қадами мансабдорон огоҳӣ дошта бошад, “вагарна шаффофияти кори онҳо зери суол меравад”. Вай гуфт, “омода набудани ҷомеа” танҳо баҳонае барои махфӣ мондани дороиҳои мансбадорон аст.

“Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки иродаи сиёсӣ вуҷуд надорад ва аксари мансабҳои давлатӣ ба манфиати шахси мансабдор ва наздиконашон истифода мешавад”, -- гуфт ӯ.

Бархе аз мусоҳибони дигари мо гуфтанд, ба эҳтимоли зиёд фарқ байни кору маош ва дороиҳои мансбадорон зиёд аст ва аз ин рӯ намехоҳанд «ҳама чиз рӯи об барояд». Вагарна, ба гуфтаи онҳо, чӣ ҷои пинҳон кардан аст, ки як мансабдор дар бисоташ чӣ дорад.

Абдуллоҳ, як сокини шаҳри Кӯлоб гуфт, “хонаҳои бодабдабаи баъзе мансабдоронро мебинам. Ҷолиб аст, ки онҳо чӣ қадар маош мегиранд. Дар феҳристи дороиҳои худ боз чанд мошину хонаи дигар дошта бошанд.»

Ин суол даҳҳо бор дар матбуот низ матраҳ гардидааст, ки барои мисол як мансабдор бо 1000-2000 сомонӣ, муодили 100-200 доллари амрикоӣ маош чӣ гуна метвонад соҳиби қасру кӯшк ё мошинҳои гаронқимат шавад?

Ҳамасола мансабдорони тоҷик, аз ҷумла додситонҳову кормандони дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эъломияи дороиҳои худро ба Оҷонси хидмати давлатӣ пешниҳод мекунанд. Ҷумъа Давлатзода гуфт, имсол 21 хидматчии давлатӣ дороиҳои худро ошкор накард ва се нафар ба ҳамин далел аз кор ронда шуд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 19 ҳазор хидматчии давлатӣ фаъоланд.

XS
SM
MD
LG