Бахусус изҳороти Ҷумъа Давлатзода, раиси Оҷонси хидмати давлатӣ, ки охири ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҷомеаи Тоҷикистон барои қабули эъломияи дороиҳо омода нест.
Бархе аз корбарони Радиои Озодӣ пурсидаанд, ин изҳорот ба чӣ маъност? "Метарсед, ки баъди фаҳмидан халқ ба шӯр омада, ҳаққи худро талаб мекунад?" -- суол гузоштааст Исмоил. Корбари дигаре навиштааст, ё баъд аз дидани эъломияи дороиҳои мансабдорон "мардум талхакаф хоҳанд шуд?"
Хонандае бо номи Асад бовар дорад, ки ҷомеаи Тоҷикистон барои дидани феҳрасти сарвати мансабдорон омодааст, "вале Шумо аз ҷомеа метарсед".
"Тарафдори ҳақиқат" менависад, "наход то ин дараҷа мардуми ҷумҳурӣ беақл бошад, ки нафаҳмад чӣ тавр бо маоши 1300-1500 ё 2000 сомонӣ кормандони вазорату идораҳои сатҳи олии ҷумҳурӣ соҳиби хонаҳои 2-3 ҳуҷрагӣ ва мошинҳои қиматбаҳои хориҷӣ мегарданд? Инро ҳатто хонандаи мактаб медонад."
Баъзеи дигар аз корбарон гуфтаанд, ҳарчи бештар махфӣ мондани дороиҳои мансабдорон фасодро ҳамон қадар афзун мекунад. Ҷонфидо гуфтааст, "чаро яке соҳиби қасру кушк, бозору марказҳои савдо, вале дигаре бехонаву дар, сарсону саргардон? Яке ҳама чизро дорад, дигаре ғарибу бенаво? Ана, барои чӣ донистани амволи вазифадорон зарур аст."
Корбарони дигаре аз он норозигӣ кардаанд, ки мақомот дар ин маврид сатҳи шуур ё дарки онҳоро аз мардуми ғарбӣ поинтар гузоштаанд. Сайф гуфтааст, "ҳангоми баланд бардоштани нархи барқ зиндагии мардумро бо мардуми Аврупо баробар мекунед, вале ҳангоми эълони дороиҳоятон халқро мардуми қафомондаи беақл меҳисобед."
Бозор мегӯяд, мақомот барои пинҳон доштани дороиҳои худ далел доранд: "Ин исботи он аст, ки мансабдорони тоҷик дар давлати алоҳидаи пур аз имтиёзҳо... зиндагӣ мекунанд ва парвои олами дигар, яъне халқи оддиро надоранд."
Вале чанде аз корбарон пинҳон мондани дороиҳои мансабдоронро аз чашми мардум зарур донистаанд. Нафаре бо номи "Корманд" гуфтааст, ӯ ба ҳайси хидматчии давлатӣ ҳар сол ба мақомоти андоз эъломияи дороиашро пешниҳод мекунад ва онҳо медонанд, ки сарваташ аз куҷо омадааст. "Агар маълумот гирифтан мехоҳед, аз худи ҳамон мансабдор пурсед", -- гуфтааст ӯ.
"Ҳуқуқшинос" ҳам менависад, "кори як шахси оддӣ ба дороии шахси мансабдор чӣ аст? Он шахсони мансабдоре, ки ҷомеа дар назар дорад, бе вазифа ҳам сарват доранд. Шарт нест, дарҳол хулоса кунем, ки ҳамааш аз порагирӣ ба даст омадааст."
"Содаи Балҷувон” дар ҷавоб гуфтааст, "рост мегӯяд, мардуми камбағалро ба дороиву бойигарии элитаи ҳукмрон чӣ?"
"Дима" хулоса кардааст, ки дар хидмати давлатӣ ҳарчи зуд таҷрибаи Сингапур ҷорӣ шавад. "Бо ин роҳ мо метавонем ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин кунем", -- афзудааст ӯ.
Мансабдорони тоҷик вазифадоранд, ки ҳар сол моҳи апрел дар бораи дороиҳои худ ва пайвандонашон ба мақомот гузориш диҳанд. Вале ин гузоришҳо ягон дафъа расонаӣ нашудааст. Инчунин мақомот ҳозир нестанд, ки дар бораи сарватҳои худ бо хабарнигорон суҳбат кунанд. Дар Тоҷикистон феҳрасти миллионеру миллиардерҳо таҳия нашудааст, то дида шавад, ки оё дар миёни пулдорон мансабдорон низ ҳастанд ё не. Дар гузашта баъзе аз мансабдорони тоҷик дар бораи мошинҳои гаронбаҳои худ ва зердастонашон гуфта буданд, ки онҳо ҳадяе аз тарафи наздикони муҳоҷирашон аст.
Шумо ҳам ба баҳс дар ин бора ҳамроҳ шавед ва назари худро бинависед.