“Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида истодааст, ки истихроҷи ангишт бештар ва он ба шаҳрвандон сари вақт дастрас шавад,” – шарҳ дод ӯ дар нишасти матбуотӣ дар охири моҳи июли имсол.
Бебарқии зимистони гузашта ва баҳори имсола баҳси доғеро миёни хабарнигорон ва вазир ба бор овард. Далер Ҷумъа гуфт, барои таъмини пурраи аҳолӣ бо нерӯи барқ аз нигоҳи фаннӣ омодагӣ доранд, вале тағйироти иқлим ба нақшаҳои онҳо таъсир мегузорад. Аз ҷумла, сабаби бебарқии зимистону баҳори гузаштаро ба коҳиши шадиди об дар рӯдхонаи Вахш ва ҳудуди 400 миллион киловат соат кам шудани тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои кишвар номид.
“Резиши об дар рӯдхонаи Вахш дар моҳи феврал 18 дарсад ва моҳи март 32 дарсад кам шуд. Албатта, ин яку якбора иқтидорҳои ҷумҳуриро кам кард. Шароит фароҳам карда будем, ки воситаҳои ахбори омма аз наздик рафта шинос шаванд. Ва сабаби дуюм мо ба омор нигоҳ кунем, дар 7 соли охир шумораи истифодабарандагони нерӯи барқ 38 дарсад зиёд шудааст,” – изофа кард Далер Ҷумъа.
Вазири энержии Тоҷикистон як далели дигари бебарқӣ будани аз меъёр зиёд раҳо кардани оби обанборҳоро ба кишварҳои ҳамсоя низ рад кард.
Каримҷон Аҳмадов, муовини собиқи вазири иқтисоди Тоҷикистон, дар суҳбат бо телевизиони "Настояшее Время" гуфт, "мушкил дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ нест, балки дар он аст, ки мақомот нерӯи барқро аз ҳад зиёд содир карда, шаҳрвандони худро аз гармиву рӯшноӣ маҳрум мегардонанд."
Тоҷикистон асосан ба Афғонистон ва Узбекистон барқ содир мекунад.
Далер Ҷумъа фурӯши барқро ба Афғонистону Узбекистон дар зимистону баҳори гузашта рад кард ва гуфт, танҳо дар моҳҳои май-сентябр барқ мефурӯшанд. Ӯ афзуд, дар тирамоҳу зимистону баҳор танҳо як миқдори ночиз барои нигаҳ доштани хатҳои барқ ба Афғонистон фиристода мешуд.
Аммо тибқи иттилои Оҷонси омор, Тоҷикистон дар моҳҳои сентябр-декабри соли гузашта ба тақрибан 31 миллион доллар ва дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ба 7,2 миллион доллар ба хориҷи кишвар барқ содир кардааст. Инро наметавон миқдори ночиз барои нигаҳдории хатҳои барқ номид.
Сарфи назар аз камбуди шадиди барқ дар дохил, Тоҷикистон ҳар сол барқи содиротиро зиёд мекунад, аз ҷумла соли 2023 ба хориҷ ба арзиши 110,4 миллион доллар барқ фурӯхтааст, ки 3,9% назар ба як сол пеш зиёд аст. Чанд сол қабл, Ҳомидҷон Орифов, собиқадор ва коршиноси маъруфи соҳаи энергетика дар як матлабе навишта буд, ки Тоҷикистон ҳаҷми воқеии содироти барқро ба хориҷ дар омор нишон намедиҳад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Маҳдудият ё лимити барқ солҳост, ки барои аз нисф зиёди Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Аз моҳи октябр то моҳи апрел. Бо ба кор андохтани чархаи нахустини нерӯгоҳи “Роғун” ҳукумати Тоҷикистон иддао карда буд, ки лимит дар кишвар афсона мешавад. Аммо посухҳои духӯраи вазири энержӣ баёнгари он аст, ки ин афсона ҳақиқатест, ки Тоҷикистонро тарк карданӣ нест.