Рӯзноманигор ва шореҳи иқтисодӣ Абдулло Ашӯров борҳо дар бораи “Сангтӯда-1” гузориш омода кардааст. Мегӯяд, мушкил миёни “Барқи тоҷик” ва “Сангтӯда-1” боис ба он шудааст, ки ин нерӯгоҳ бо тавоноии пурра кор накунад.
“Тоҷикистон ҳамагӣ 44 дарсад, яъне нисфи аз иқтидори ин нерӯгоҳро истифода мебарад. Чаро? Чунки “Барқи тоҷик” аз ин бештар аз ин нерӯгоҳ барқ намехарад. Зоҳиран сабаб дар он аст, ки нархи барқе, ки “Сангтӯда-1” тавлид мекунаду ба “Барқи тоҷик” мефурӯшад, ба гумони “Барқи тоҷик”, гарон аст. Тибқи созишнома байни Тоҷикистону Русия аз соли 2009, нархи нерӯи барқи “Сангтӯда-1” 0,16 сент таъин шуда буд ва маъмурияти нерӯгоҳ ҳақ дорад, ки ҳар сол 4 дарсад нархи онро боло барад. “Барқи тоҷик” ҳамеша таъкид мекунад, ки наметавонад бар зиёни худ аз ин нерӯгоҳ барқ хараду арзонтар ба мардум фурӯшад,” - таъкид кард рӯзноманигор.
Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" бо сармояи Русия дар дарёи Вахш сохта шуда, 75 дарсади он ба Русия ва 25 дарсад ба Тоҷикистон тааллуқ доранд. Тибқи иттилои расмӣ, “Сантӯда-1” 11 дарсади барқи Тоҷикистонро истеҳсол мекунад. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар шароити ҳозира беҳтар аст, ин нерӯгоҳ бо тавоноии пуррааш кор кунад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Намояндагони “Сангтӯда-1” ва ширкати “Барқи тоҷик” ҳозир нашуданд, мавзуъро шарҳ диҳанд. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи масъулони нерӯгоҳи “Сангтӯда -1” ба онҳо нома фиристод ва мунтазири посух аст. Як намояндаи нерӯгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мустақилона ба аҳолӣ барқ фурӯхта наметавонанд ва корашон аз ширкати “Барқи тоҷик” вобаста аст.
Як масъалаи ҷиддӣ миёни “Барқи тоҷик” ва “Сангтӯда-1” қарзи ҳангуфт ва мушкил дар пардохти пули барқ аст. Тибқи омори охир, “Барқи тоҷик” аз “Сангтӯда-1” 3,41 миллиард сомонӣ қарздор аст. Дар навбати худ нерӯгоҳ аз молиёт ё андоз 245 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Ҳукумат борҳо қарзҳои “Сангтӯда-1”-ро бахшида, аз ин роҳ қарзи “Барқи тоҷик”-ро дар назди нерӯгоҳ кам кардааст.
Масъули "Сангтӯда-1” мегӯяд, пуле, ки “Барқи тоҷик” ба он медиҳад, ҳамагӣ 32 дарсади арзиши барқро мепӯшонад ва ин имкон намедиҳад нерӯгоҳ пули молиётро саривақт ва комил пардохт кунад. Дар сомонаи “Сангтӯда-1” навиштаанд, ки давоми 10 соли аввали кори нерӯгоҳ, ҳамагӣ 10 дарсади хароҷот рӯйпӯш шудааст. Ин созишнома барои 20 сол пешбинӣ шуда буд.
“Нашри ингуна маълумот, албатта, ба обрӯи Тоҷикистон, ба фазои сармоягузории кишвар бисёр таъсир мерасонад. Маъмурони “Барқи тоҷик” ва дигар масъулонро месазад, ки ин масъаларо ба як шакле ҳал кунанд. Агар бо созишномаи дуҷониба чандон розӣ нестанд, бо Маскав бояд вориди гуфтугӯ шаванд. Чунки ҳайф аст нерӯгоҳе, ки бунёд шудааст, чанд чархаи он бекор хоб аст, вале мардум аз бебарқӣ ранҷ мебаранд,” - шарҳ дод Абдулло Ашуров, рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ.
Далер Ҷумъа, вазири энержии Тоҷикистон ва ҳамтои русаш Сергей Сивилёв, 20-уми сентябр дар бораи фаъолияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" сӯҳбат кардаанд, вале ҷузъиёт ва натиҷаи ин гуфтугӯ маълум нест.
Пурра кор накардани нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар ҳолест, ки аз 22-юми сентябри имсол дар Тоҷикистон “лимит” ҷорӣ шудааст ва сокинон бо маҳдудият барқ мегиранд. Мақомот сабабро ба захираи об дар обанборҳо рабт доданд. Бархе ба ҳарфҳои мақомот шубҳа доранд ва омилҳои дигар, аз ҷумла фурӯши барқро ба хориҷа далел меоранд.
Таъмини аҳолӣ бо барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон дар бештар аз сӣ соли охир аст, ки бо вуҷуди бунёди баъзе аз нерӯгоҳҳо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Гуфтугӯ