Дар баробари маҳсулоти чиниву русӣ, ки аксар ашёи рӯзгор ва теникаи хона аз ҳамон ҷо вориди бозорҳои Тоҷикистон мешавад, маҳсулоти сохти Узбакистон ҷойи по мекобад. Ширкати “Артел”-и Узбакистон, ки дар ҳудуди бозори “Султони Кабир”-и шаҳри Душанбе боз шудааст, барои муштариёнаш дар Тоҷикистон яхдону чангкашак, оташдону дигар ашёи заруриро пешниҳод мекунад.
Бунёди ҳимоят аз содироти моли ширкатҳои кӯчаку миёна якҷоя бо ширкати “Узтрейд” мехоҳад, ки дар Тоҷикистон намояндагии ин бунёд ва “Кохи тиҷоратии Узтрейд”-ро ифтитоҳ кунад
Моли тавлидии ширкати узбакистонӣ барои аксар харидори миёнаҳоли тоҷик аз назари нарх муносиб будааст. Шоҳрух Муродов, фурӯшандаи “Артел” мегӯяд, то ҳол сифати маҳсулоти узбакистонӣ хуб арзёбӣ шуда , нархҳояш низ барои сокинони Тоҷикистон дар муқоиса бо маҳсулоти Чин, Русия ё Эрон дастрас аст. “Ҳар рӯз 10-15 нафар аз фурӯшгоҳи мо яхдон, телевизор, чангкашак, мошини ҷомашӯӣ ё тафдон мехаранд”, - гуфт ӯ рӯзи 12-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Таъсиси маркази тиҷоратии “Артел” дар як бозори умдафурӯшии Душанбе чанд моҳи пеш, дар пайи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон имконпазир шуд. Як коршарики Узбакистон мегӯяд, дар як соли охир воқеан ҳам шароити ҳамкориву рафтуомади тоҷирони тоҷик ба ин кишвар осон шуд, ҳарчанд низоми раводид побарҷо мемонад.
Хуршед Сафаров дар гузашта тоҷири моли чинӣ буд. Худаш ба Чин сафарҳо анҷом дода, аз онҷо молу маҳсулот меовард. Ҳоло ӯ раҳбари намояндагии ширкати “Артел” дар Душанбе аст. “Ҳатто бо дарназардошти роҳкирову пардохти расмиёт маҳсулоти “Артел” дар муқоиса бо молҳои Чин то 15 дарсад арзон аст. Мо ҳамкориро замоне шурӯъ карда будем, ки ҳанӯз Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар қайди ҳаёт буд. Вале он замон мушкили гирифтани виза хеле сахт буд ва мо то як моҳ интизори посухи сафорати Узбакистон мешудем. Баъди ба сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев вазъ беҳтар шуд ва ҳоло дери дер дар як ҳафта виза барои сафари мо ба Узбакистон омода мешавад”.
Ин тоҷири тоҷик мегӯяд, аз сифати маҳсулоти техникии Узбакистон аксар муштариҳо розӣ ҳастанд, чунки дар истеҳсоли ин ашё таҷрибаи кори ширкатҳои ҷаҳонии “Шивакӣ”, “LG”, “Тошиба” ва “Самсунг” истифода шудааст.
Музаффар Муҳаммадиев худро як муштарии доимии фурӯшгоҳи “Артел” дар Душанбе меномад. Ӯ гуфт, баъди онки дар хонааш маҳсулоти ин корхонаро истифода кард, ният дорад, ки барои арӯсии духтараш низ аз ҳамин ҷо мол бихарад. “Пештар аз ин мағоза як чангкашаку мошини ҷомашӯӣ харида будам ва қариб як сол аст, хуб кор мекунанд. Ҳоло мехоҳам барои духтарам яхдон харидорӣ кунам. Ман, ки дар сохторҳои давлатӣ кор мекунам ва маошам чандон зиёд нест, нархҳои маҳсулоти ин ширкат маро қонеъ мекунад”.
“Артел” яке аз ширкатҳои узбакистонист, ки ахиран дар Тоҷикистон ба кор пардохтааст. Бархе мегӯянд, ширкатҳои то ду соли пеш фаъоли тиҷоратии эронӣ, ки маҳсулоти хоҷагии сохти Ҷумҳурии Исломиро пешниҳод мекарданд, тадриҷан баста мешаванд ва рафҳои холии онро фурӯшгоҳҳои нав пур мекунанд. Аз ҷумла, моли сохти Узбакистон.
Ҳоло Бунёди ҳимоят аз содироти моли ширкатҳои кӯчаку миёна якҷоя бо ширкати “Узтрейд” мехоҳад, ки дар Тоҷикистон намояндагии ин бунёд ва “Кохи тиҷоратии Узтрейд”-ро ифтитоҳ кунад
https://www.ozodi.org/a/uzbek-companies-in-tajikistan/28731028.html
Дар ин бора расонаҳои Узбакистон хабар дода, намояндаи Палатаи савдои Тоҷикистон низ онро тасдиқ кард ва афзуд, ахиран дар ин бора бо намояндаҳои ҷониби Узбакистон сӯҳбатҳое анҷом шудааст. Гуфта мешавад, ки дар пайи мулоқот бо ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои узбакистонӣ ба маблағи беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ барои содироти масолеҳи сохтмонӣ қарордод имзо шудааст. Ҳамзамон музокирот барои содироти молҳои нассоҷӣ, собун, ҷиҳози дигари рӯзгор, лӯлаҳои пластикии тавлиди ширкатҳои хусусии Тоҷикистон идома доштааст.
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар Душанбе нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон баргузор шуд. Қарор буд, намоишгоҳи Тоҷикистон дар Тошканд моҳи сентябр баргузор шавад, аммо замони баргузории он ба як моҳ ақаб гузошта шудааст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ миёни ду кишвар ба маблағи ҳудуди 250 миллион доллар додугирифти маҳсулот сурат гирифтааст. Феълан дар Душанбе намояндагии саноати мошинсозии Узбакистон ифтитоҳ шуда, дар бозорҳои Тоҷикистон маҳсулоти нассоҷии тавлиди ин кишвари ҳамсоя ба фурӯш гузошта шудааст.
Дастандаркорону огоҳон мегӯянд, дар сурати бардошта шудани низоми раводид, коҳиши қимати парвозҳову барқарор шудани ҳаракати қатору автобус додугирифт миёни Тоҷикистону Узбакистон бештар хоҳад шуд.
Бо инки ҳузури тиҷоративу иқтисодии наздиктарин ҳамсоя – Узбакистон дар бозорҳои маҳаллӣ аёнтар мешавад, боз ҳам тоҷирону соҳибкорон хостори тавсеаи имкониятҳои додугирифту ҳамкорӣ бо якдигаранд. Дар пайи 25 соли набуди ҳамкории алании кишварҳо ҳоло имкониятҳои тавсеаи доираи равобити миёни ду ҳамсоя бештар шудааст. Дастандаркорону огоҳон мегӯянд, дар сурати бардошта шудани низоми раводид, коҳиши қимати парвозҳову барқарор шудани ҳаракати қатору автобус додугирифт миёни Тоҷикистону Узбакистон бештар хоҳад шуд.
Феълан Узбакистон, ки соли 1999 аз тарси убури қаламраваш тавассути ҷангиёни ифротӣ низоми раводидро ҷорӣ кард, омода нест, аз ин муқаррарот даст кашад. Тоҷикистон, ки дар як бунбасти ҷуғрофӣ қарор дорад, барои тавсеаи бозору бозтар шудани дарҳояш ба рӯи сармояи хориҷӣ манфиатдор аст.