Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Тоҷикистонро ба музокирот даъват кард. САДО


Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия
Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия

Мақомоти Русия ҳайати Тоҷикистонро барои ҳалли «моҷарои ҳавоӣ» миёни ду кишвар ба музокирот ба Маскав хондаанд. Максим Соколов – вазири нақлиёти Русия – рӯзи 5 апрел дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав гуфт, ҷониби Тоҷикистон барои баррасии қазия даъват шудааст, аммо таъкид кард, ки ҷониби Русия аз манфиатҳои худ дар ин баҳс ҳимоят хоҳад кард. Мақомот дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин пешниҳодро қабул мекунанд ва то он замон мавқеи Душанбе бетағйир мемонад.

Баҳси ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Русия, ки наздики ним сол боз идома дорад, дар ниҳояти амр ба таври мустақим ба кору ҷараёни зиндагӣ ва хароҷоти муҳоҷирони тоҷик таъсир хоҳад гузошт. Чун муштариёни аслии ин парвозҳо тахминан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистонанд, ки ба Русия дунболи кору даромад мераванд.

Поёни моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав чӣ хоҳад буд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим

Ирина Дмитриева, намояндаи дафтари “Уралские авиалинии” дар Душанбе, рӯзи 5 апрел бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи эҳтимоли роҳандозии чунин маҳдудият аз расонаҳо огаҳӣ ёфтааст.

Баъд аз таҳдиди Тоҷикистон

Даъвати Маскав аз Душанбе соатҳо қабл аз эҳтимолан боздошта шудани 7 парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ва «ЮтЭйр»-и Русия сурат гирифтааст. Душанбе дар пайи маҳдуд шудани парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба Маскаву Санкт-Петербург дар рӯзи 3 апрел гуфт, ки аз тадбирҳои ҳамсон кор мегирад ва агар то 6 апрел маҳдудият бекор нашавад, фаъолияти ширкатҳои амалкунандаи русӣ ҳам маҳдуд хоҳад шуд.

«Агар то нимашаб ҷавоб надиҳанд...»

Бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон
Бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Илҳом Тоҳиров, сармутахассиси Раёсати ҳавонавардии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 5 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан ширкатҳои ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” ва “ЮтЭйр” ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд дар як ҳафта 28 парвоз анҷом медиҳанд.

Вай дар посух ба суоли онки эҳтимоли манъи парвозҳои ин ду ширкат барои сокинон чӣ паёмад хоҳад дошт, гуфт, “ин маҳдудиятҳо дар ҳоле роҳандозӣ мешаванд, ки агар то нимашаб ҷониби Русия ба дархости мо дар мавриди лағви маҳдудият ба парвозҳои “Сомон Эйр” посухи қаноатбахш надиҳад. Ҳатто дар сурати маҳдудият нисбат ба 7 парвоз, 21 парвози дигари ин ду ширкат боқӣ мемонанд. Мутмаинем, дар сафари шаҳрвандони тоҷик ба Русия, ба вижа муҳоҷирони корӣ ин маҳдудиятҳо таъсири ҷиддие нахоҳанд дошт.»

«Аз расонаҳо фаҳмидем»

Ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии"
Ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии"

Масъулони ду ширкати русии ҳавопаймоӣ ба матбуоти Русия гуфтаанд, ки расман ба суроғаи онҳо ҳеҷ огоҳиномае дар ин бора нарасидааст. Ирина Дмитриева, намояндаи дафтари “Уралские авиалинии” дар Душанбе, рӯзи 5 апрел бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи эҳтимоли роҳандозии чунин маҳдудият аз расонаҳо огаҳӣ ёфтааст.

«Баробарӣ – бародарӣ»?

Тоҷикистон мегӯяд, ки Русия бо талаби вориди бозори ҳавоии ин кишвар шудани ширкати нави «Ямал» муқарарроти баробарӣ ё паритетро дар шумори парвозҳо нақз мекунад. Рӯзи 4 апрел сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҳам, ки зоҳиран аз мӯҳтавои баҳсҳо аз наздик ошно аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «муносибатҳои молӣ мушкилоти фаровон дорад ва ҷонибҳо ҳамеша аз манфиатҳои худ ҳимоят мекунанд. Фикр мекунам, ҷонибҳо бар пояи мувофиқатномае, ки дар Ҳамоиши 14-уми комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ки дар моҳи январ дар Душанбе баргузор шуд, ихтилофҳои назари худро ҳал мекунанд.»

Игор Лякин-Фролов
Игор Лякин-Фролов

Пушти моҷарои ҳавоӣ чӣ меистад?

Вай дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки пушти моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия, ки ҳудуди шаш моҳ боз идома дорад, чӣ ангезаҳое нуҳуфта аст, гуфт, «ба андешаи ман, ихтилофи аслӣ дар атрофи шумораи парвозҳо аст, ки ширкатҳои ҳавоии Русия мехоҳанд аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба шаҳрҳои Тоҷикистон анҷом диҳанд.»

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар ду моҳи ахир ширкатҳои Русия 500 парвоз ва ширкатҳои тоҷикистонӣ 300 парвоз анҷом додаанд ва бо иловаи хадамоти ширкати “Ямал” парвози ҳавопаймои ширкатҳои русӣ афзоиш хоҳад ёфт.

Аз баҳси «Ямал» то «Жуковский»

Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"
Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"

Иброҳим Ҷобиров, як коршиноси бахши ҳавонавардии Тоҷикистон, рӯзи 5 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “моҷарои ҳавоии” миёни Маскаву Душанбе бар пояи манфиатҳои тиҷоратӣ сар задааст. Вай ба ин бовар аст, ки мутахассисони арсаи ҳавонавардии Тоҷикистон бояд бо ҳамтоёни руси худ ҳалли ин мушкилро пайдо кунанд. “Нахуст онҳо бо баҳонаи парвозҳо аз фурудгоҳи “Жуковский” парвозҳои ду ширкати ҳавоии русӣ ба Тоҷикистонро роҳандозӣ карданд. Ба ин фурудгоҳ ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон парвоз намекунанд. Яъне, ин ду ширкат мусофирони ширкатҳои ҳавоии ватании моро бо нархҳои арзони билетҳои парвоз аз худ мекунанд. Сипас, онҳо ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистонро муфлис карда, бозори мусофиркашонии кишварро таҳти назорат қарор медиҳанд”, - афзуд ӯ.

Тиҷорати гарми ширкатҳо

Солона на камтар аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Русия мераванд ва солҳои охир ҳавопаймо аз умдатарин василаи расидани муҳоҷирони тоҷик ба Русия шудааст. Ин вазъ тиҷорати ширкатҳои ҳавоиро гарм нигоҳ медорад ва онҳо дар амри ҷалби муштарии бештар аз рӯи қонуни бозор амал карда, қимати билети парвозро ҳам муносиб ба кисаи муҳоҷирон мекунанд. Тафовути қимати парвозҳо гоҳо аз се то чор баробарро ташкил дода, ногузир ширкатҳоро дар шароити рақобати шадид қарор медиҳад.

Таҳдид не, машварат

Вале коршиносони дигар мегӯянд, мусаллам аст, ки ба хотири манфиати мардум ва мусофирони оддӣ тасмимгирандаҳо ва давлатмардони ҳарду ҷониб бояд ин навбат ҳам қазияро на бо таҳриму таҳдид, балки аз роҳи музокирот ҳал кунанд. Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, гуфт, «ҳамчун ватандор ман бояд аз манфиатҳои Тоҷикистон пуштибонӣ кунам, аммо ба унвони шахси огоҳ аз қазия бояд бигӯям, ки ҷонибҳоро зарур аст сари мизи музокирот нишинанд. Зеро паёмадҳои ин моҷаро ба шаҳрвандони оддӣ, ки ниёз ба сафар ба кишварҳои ҳамдигар доранд, метавонад хисороти ҷиддие ворид кунад.»

Баҳси қариб нимсолаи миёни Тоҷикистон ва Русия бар сари парвозҳо аз назари нозирон яке аз тӯлонитарин дар таърихи равобити ду кишвари соҳибистиқлол аст ва ба фарқ аз бархе ихтилофҳои лафзии гузашта ин навбат касе натиҷаи ин баҳсҳоро пешгӯӣ карда наметавонад.

XS
SM
MD
LG