Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия парвозҳои "Сомон Эйр"-ро боз маҳдуд кард


Ширкати "Сомон Эйр" бо нашри як баёния тасдиқ кард, ки рӯзи 31-уми март огоҳиномаи вазорати нақлиёти Русия дар мавриди эҷоди маҳдудиятҳо барои анҷоми парвозҳо ба Маскавро, дарёфт карда буд. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр” имрӯз, 3 апрел бо нашри як иттилоия хабар дод, ки бо қарори вазорати нақлиёти Русия ҳамаи парвозҳои ин ширкат ба шаҳри Маскав манъ шудаанд.

​Бар пояи ин қарори мақомоти Маскав, ширкати "Сомон Эйр" наметавонад дар чаҳори рӯзи ҳафта аз Душанбе ба Маскав ва ҳамчунин ҳамаи парвозҳо аз Хуҷанд ба пойтахти Русияро анҷом диҳад. Баҳсҳои ҳавоии миёни ду кишвар чор моҳ аст идома дорад.

Ҷониби Русия далели ин иқдомро ба "иҷро нашудани тааҳҳудоти Тоҷикистон дар мавриди парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Ямал"-и Русия аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд", рабт додааст.

"Дар ҳоли ҳозир, ширкат тамоми парвозҳоеро, ки ба ин рӯйхат афтодаанд, бекор мекунад ва аз ин, ки дер фиристодани ин огоҳинома боиси нороҳатии мусофирони мо шуд, изҳори таассуф мекунад. Ба тамоми мусофирон пулашон дар нуқтаи фурӯш баргардонда мешавад”, омадааст дар ин баёнияи ширкати "Сомон Эйр".

Маскав айбро ба дӯши Душанбе андохт

Вазорати нақлиёти Русия рӯзи 2 апрел бо пахши як хабарнома гуфт, ки ин маҳдудият рӯзи 3 апрел аз соати 8:30 дақиқаи вақти Маскав(10:30 ба вақти Душанбе), оғоз хоҳад шуд. Темур Ҳикматов, сухангӯи вазорати нақлиёти Русия рӯзи 3 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар шарҳи ин тасмим гуфт, ки он ба "иҷро нашудани тааҳҳудоти Тоҷикистон дар мавриди парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Ямал"-и Русия аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд" рабт дорад.

Вай ба протоколи гуфтушунидҳо миёни ниҳодҳои ҳавопаймоии Русия ва Тоҷикистон аз 27 январи соли ҷорӣ ишора кард, ки дар он ба ширкати "Ямал" иҷозаи чаҳор парвоз аз Жуковский ба Душанбе ва се парвоз ба шаҳри Хуҷанд, пешбинӣ шуда буд. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати нақлиёти Русия, ин маҳдудият танҳо ба парвозҳо ба шаҳри Маскав рабт дошта ва "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон метавонад ба дигар шаҳрҳои Русия парвозҳо анҷом диҳад.

Парвозҳо ба таъхир афтоданд

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ширкати "Сомон Эйр" субҳи 3 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор буд соати 8:00 имрӯз ҳавопаймои ин ширкат ба Маскав парвоз кунад, вале он ба таъхир афтодааст. Вай гуфт "ин парвоз расман лағв нашудааст. Мо мунтазирем, ки иҷозаи парвоз мешавад ё на."

Аммо аз дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки парвози ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Маскав анҷом нашуд. Ин манбаъ афзуд, ки интизор меравад шоми имрӯз, 3 апрел, ин ширкат аз Душанбе ба шаҳри Иркутски Русия парвоз анҷом диҳад. "Вале ҳанӯз рӯшан нест, ки ин парвоз анҷом мешавад ё не",-афзуд манбаъ.

Душанбе мегӯяд, ки гуфтушунид идома дорад

Дар ҳамин ҳол, Анвар Нуров, муовини сардори Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 3 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои ҳалли мушкили танзими парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия, бо мақомоти вазорати нақлиёти Русия музокирот идома дорад. Ҳамзамон вай хабарҳо дар бораи иҷозаи парвози ширкати ҳавопаймоии "Ямал" ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро нодуруст хонд.

"Ҳушдор"-и Маскав

Маҳдудият дар парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" ба Русия дар ҳоле пеш омад, ки ҳафтаи гузашта вазорати нақлиёти Русия ҳушдор дод, ки агар Душанбе ба “Ямал” иҷозаи парвоз надиҳад, чораҳои нав хоҳанд андешид.​ Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия, рӯзи 29 март дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА Новости гуфт, дар мавриди парвозҳои ширкати “Ямал”-и ин кишвар аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе дар авохири моҳи марти соли ҷорӣ, мувофиқа ҳосил шуда буд. Ба қавли ӯ, дар ин дидор ҷониби Русия ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ба шаҳрҳои Красноярск, Краснодар, Оренбург ва Уфа ризоят додааст.

Як рӯз баъд аз ин суханони Максим Соколов, як мақоми баландпояи вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷониби Душанбе пешниҳодҳои худро дар ин замина ба Вазорати нақлиёти Русия ирсол кардааст, ки дар он тақозои аслӣ, риоя шудани баробарӣ ё паритети парвозҳо миёни ширкатҳои ҳар ду кишвар ҳисоб меёбад.

Таърихчаи "моҷаро"

Фурудгоҳи Жуковский.
Фурудгоҳи Жуковский.

Моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия баъди он бархост, ки Тоҷикистон дар охири соли гузашта ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, дар протоколи танзими парвозҳое, ки рӯзи 7 ноябри соли гузашта дар Маскав имзо шуда буд, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст. Аммо Вазорати нақлиёти Русия инро рад карда, рӯзи 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба баъзе аз минтақаҳои ин кишвар, ба истиснои Маскаву Санкт-Петербург, қатъ намуд.​

Тоҷикистон фақат ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад, ки аксаран ба Русия парвоз мекунанд. Аз ҷумла, ширкати “Сомон Эйр” ба 9 шаҳри Русия парвоз ва ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” ба 7 шаҳри Русия парвоз анҷом медиҳад. “Уралские авиалинии”, “ЮтЭйр” ва “Сибирские авиалинии” аз ширкатҳои русианд, ки дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистон ҳузур доранд. Қимати билети ширкатҳои русӣ дар баробари қимати билети ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, масалан аз Санкт-Петербург ба Душанбе то 3 ҳазор рубл арзонтар будааст.

XS
SM
MD
LG