Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнҳои пурдабдаба: Ҳама чӣ - барои як рӯз, ҳама чӣ - барои як кас?


Ҳар сол барои баргузории тантанаҳои пуршукӯҳ дар Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар, асосан донишҷӯёну толибилмон ҷалб гардида, бино ба ҳисобҳо, барои таҷлили идҳои расмӣ дар ин кишвар ҳар сол даҳҳо миллион доллар сарф мешавад.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, дар “намоиши театрикунонидашуда”-е, ки шоми 27 июн дар варзишгоҳи Хоруғ ба муносибати солгарди 19-уми имзои созишномаи сулҳ бо ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон доир мешавад, 4500 нафар – донишҷӯёну толибилмон ва ҳунармандон – ҷалб шудаанд. Ин баробари 15 дарсади аҳолии маркази маъмурии Бадахшон буда, ин мардум тақрибан ду моҳ боз барои ҷашни Рӯзи Ваҳдат ҳар рӯз машқ мекарданд. Машқҳое, ки дар забони мардум бештар бо номи русии “маршировка” маъруфанд.

Чунин “намоишҳои театрикунонидашуда” дар Тоҷикистон ҳар сол чанд бор – ҳам дар иди Ваҳдат, ҳам дар иди истиқлол, ҳам дар Наврӯз, ҳам дар ҷашни ҳазору андсолагии ин ё он минтақа ва ҳамин тавр, ба муносибати тақрибан ҳар сафари кории раисиҷумҳур ба ин ё он ноҳия доир карда мешаванд. Бо айни шеваи ҷалби ҳазорон ё ҳадди ақал садҳо нафар аз толибилмону донишҷӯён, харҷи миллионҳо доллар барои таҳияи ин “намоишҳои театрикунонидашуда”, аз ҷумла барои харидану дӯхтани сару либос барои ин садҳо “ҳунарпеша”-и худрӯ...

Рӯзи 7 июни соли ҷорӣ, вақте “маршировка” ё машқҳои ҷашни Ваҳдат дар Хоруғ бо суръати том идома дошт, дар Душанбе волидони садҳо донишҷӯ аз маъмурияти донишгоҳҳо ва садҳо толибилм аз мактабҳояшон “огоҳинома” гирифтанд, ки ширкати фарзандонашонро дар “маршировка”-ҳои навбатӣ ба муносибати солгарди 25-уми истиқлоли Тоҷикистон, ки рӯзи 9 сентябр таҷлил мешавад, таъмин кунанд.

Дар яке аз чунин “огоҳинома”-ҳо аз ҷумла гуфта мешавад: “Садорати факултети... ба иттилои Шумо мерасонад, ки тибқи дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти N05/1-359 аз 27.05.2016 тамоми донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар роҳпаймоӣ ва намоиши театрикунонидашуда бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.07.2016 то 09.09.2016 ба таври ҳатмӣ ширкат меварзанд.

Бино бар ин, дар сурати иштирок накардани донишҷӯён дар чорабинии мазкур нисбати онҳо чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Декани факултет ... 07.06.2016”

Як масъули вазорати фарҳанг қаблан ба Озодӣ гуфт, дар “намоиши театрикунонидашуда” бахшида ба 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар маркази Душанбе, қарор аст, то 50 000 нафар (!!!) иштирок кунанд. Машқи ин намоиш ибтидо мебоист аз аввали моҳи июн оғоз меёфт ва се моҳ тӯл мекашид, вале ба далели моҳи Рамазон то 10 июл ақиб андохта шуд.

Як донишҷӯ дар Душанбе дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аз онҳо тақозо шудааст, ки баробари тамом шудани моҳи Рамазон, яъне 7 июл, ба “маршировка” ҳозир шаванд. Ба онҳо танҳо барои рӯзҳое, ки машқашон аз субҳ то шом тӯл бикашад, ваъдаи як дафъа ғизо додаанд. Дар рӯзҳои боқӣ харҷи хӯрду хӯроки аҳли “маршировка” бар ӯҳдаи худи онҳо будааст.

25-солагии истиқлоли Тоҷикистон ва ҳамин тавр идҳои дигар маъмулан натанҳо дар Душанбе, балки дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар таҷлил хоҳад шуд ва ҳар минтақа вобаста ба қудрат ва тавоноияш низ ҳадди ақал садҳо нафар ва низ асосан аз ҳисоби донишҷӯёну хонандагони мактабҳоро ба “намоиши театрикунонидашуда”-и маҳаллӣ ҷалб мекунад.

Ҷамила, ки ду фарзандаш тобистону тирамоҳи соли гузашта дар намоиши ҷашни 3000-солагии Ҳисор банд будаанд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Вақте тобистон хеле гарм шуд, ман онҳоро нагузоштам. Вале вақте ки соли таҳсил қариб омад, аз тарси инки мабодо ба мактаб роҳашон надиҳанд, дубора рафтанд. То нимаи рӯз машқ мекарданд. Фақат дар 3-4 рӯзи охири пеш аз ҷашн, ки аз субҳ то шом банди машқ шуданд, барояшон якборӣ хӯрок доданд. Дигар ҳама вақт ҳама харҷи онҳо аз ҳисоби худамон буд. Рӯзи ҷашн, ростӣ, ҳамаро худи масъулон либос пӯшонданд, вале баъди чанд соат, ки ҷашн тамом шуд, ҳама либосҳоро пас гирифтанд.”

Ҳама чӣ барои як кас, ҳама чӣ барои як рӯз

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як хабарнигори маҳаллӣ дар вилояти Суғд дар шабакаи Фейсбук чунин шеваи дар “маршировка” гузаштани ними соли таҳсили донишҷӯёнро ба боди шадиди интиқод гирифт: “Имсол донишҷӯёни мо (ва нафақат мо) таьтили тобистонаро бо тайёрӣ иди истиқлолият (ки худи ҷашн ҳамагӣ як-ду соат тӯл мекашад!) зери нурҳои баланди офтоб дар майдончаҳои тайёрӣ мегузаронанд! Нафақат донишҷӯён, балки омӯзгорон низ тамоми рӯзҳои рухсатии хешро чунин (ва боз бемузд!) мегузаронанд. Чунин ҳолат доимо такрор меёбад - аз ин ҷашн ба ҷашни дигар (барои як-ду соат!) донишҷӯён моҳҳои дароз аз дарс мемонанд! Дар натиҷа аз ихтисоси худ фарсахҳо дуранд (лекин аз саньати рақс хуб бархӯрдор!) ва чун вақти имтиҳон мешавад, бо сари баланд мегӯянд: "Намедонам, ман дар рақс будам!"

Ин пости кӯтоҳ баҳси гармеро дар Фейсбук барангехт. Алишер Амир навишт, «барои ду соат хушҳолии раисон духтарони донишҷӯ 3 моҳ азоб мекашанд. О ин қадар сарояндаю раққосаҳо куҷоянд? Ё ин ки донишҷӯ ройгон аст, шояд барои ҳамин? Боз метарсонанд, ки ҳар касе намерасад, аз донишгоҳ хориҷ мекунем.»

Қаҳрамон Бақозода изҳори назар кардааст, ки аз даврони Шӯравӣ меояд ин «анъана.» Аммо ҳуқуқдони маъруф Файзинисо Воҳидова дар посух навиштааст, ки «Аз вақти Шӯравӣ? Ман - насли Шӯравӣ. Ба ҷуз аз баромадан ду маротиба дар як сол ба паради 1- май ва 7- ноябр, ин ҳам бе машқи пешакию раққосагӣ, ягон маротиба на рақс кардем, на дар назди ягон чиновник даст болои сина хушомадгӯӣ кардему на сурудхонию шеърхонӣ.»

Маҳмуд Алиев навишт, «маъмулан кишварҳое ки аҳолиашон зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд, ҳамеша дар намоишҳои телвизиониашон рақсу бозиро намоиш медиҳанд.»

Акс аз ҷашни Наврӯзи имсола
Акс аз ҷашни Наврӯзи имсола

Бо ин ҳол, мақомоти расмӣ ширкати толибилмон дар ҷашнҳои расмиро як василаи намоиши ҳисси ватандӯстии онҳо мешуморанд ва мегӯянд, ин ҳама ҳазорон нафар довталабона ва аз сари ҳамин эҳсоси ватанпарварӣ дар ин ҷашнҳо фаъолона ва бе ягон тамаъ ширкат меварзанд. Вале донишҷӯён мегӯянд, ки маъмурияти донишгоҳҳо дар ивази ширкати фаъолона дар ин ин гуна чорабиниҳо сабукиҳоеро ҳангоми гузоштани баҳои онҳо ҳам ваъда мекунанд.

Баргузории намоишҳои пуршукӯҳ ба муносибати ҳар ид хоси тақрибан ҳамаи кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказист. Мунтақидон мегӯянд, ки ин ҷашнҳо бо усули " ҳама чӣ барои як кас, ҳама чӣ барио як рӯз" ба як василаи дигари парастиши шахси раҳбарони аввали ин кишварҳо табдил ёфтаанд.

Хароҷоти баргузории ин тантанаҳои пурдабдабаро мақомоти Тоҷикистон нашр намекунанд, вале мунтақидон харҷи чунин идҳоро даҳҳо миллион доллар баршумурда, мегӯянд, дар ҳоле ки сеяки аҳолии ин кишвар зери хатти фақр ба сар мебарад, мақомоташ ҳар сол барои чунин ҷашнҳои пуршукӯҳ, вале бесамар маблағҳои ҳангуфтеро харҷ мекунанд.

XS
SM
MD
LG