Дар ду ҳафтаи ахир вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод, ки алайҳи ду ниҳод -- яке давлативу дигаре хусусӣ барои напардохтани қарзи додааш, ба додгоҳ шикоят кардааст. Моҷарои напардохтани қарзи 170-миллион сомонии ширкати “Умед-88” ва “Тоҷиктрансгаз”, яке аз пурбаҳстарин матолиби ҳафтаҳои охир шуд.
Дар ҳоле, ки қазияи қарзҳои барнагашта назар ба ҷавоб – суоли бештар эҷод мекунад, на ҷомеа ва на матбуоти Тоҷикистон наметавонад дар бораи ҷузъиёти бештари ин моҷароҳо аз сохторҳои тафтишотӣ ҳам иттилоъ бигирад.
Вале аз назари бисёриҳо, дар ин моҷаро нақши худи вазорати молия ба унвони ниҳоди тасмимгирандаи ироаи қарзҳо норӯшан боқӣ мемонад.
Танҳо дар як ҳолат вазорати молия тамоми масъулияти қарзгирии ширкати таъминкунандаи маводи сӯхтро пурра ба дӯш худи “Умед 88” вогузошт ва дигар дар ин замина изҳори назар накард. Ин моҷаро баъди он расонаӣ шуд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми октябр дар мулоқот бо соҳибкорон вазорати молияро интиқод кард.
Мавқеи вазорати молия чист?
Баъди ин вазорати молия танҳо дар як маврид изҳорот дод ва гуфт, ки муддатҳо қабл барои сари вақт пардохт нашудани қарзи дусолаи ширкати “Умед 88” ба сохторҳои тафтишотӣ ва додгоҳи иқтисодӣ шикоят кардааст. Бархе нашрияҳо мегӯянд, се ҳафта мешавад, ки мавқеи вазорати молияро мунтазир мондаанд.
Вале иқтисоддонҳои дигар дар сохторҳои ҳукуматӣ мегӯянд, барои баҳогузорӣ ба тасмимҳои вазорати молия, бояд тамоми санадҳои имзошудаи қарзӣ мавриди омӯзиш қарор дода шаванд. Аз ҷумла, Шариф Раҳимзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва дар гузашта раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 31-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қонунӣ будани ихтисоси қарзҳо барои ширкатҳои хусусиву давлатӣ аз сӯи Вазорати молия зери суол қарор дорад, чун нахуст бояд мушаххас шавад, ки дар созишномаҳои қарзӣ чӣ ниҳодҳое имзо гузоштаанд.
Ҷаноби Раҳимзода афзуд, "барои анҷоми амалиёти қарздиҳӣ ҳар ниҳоде бояд муҷаввизи Бонки миллиро дошта бошад. Эҳтимол дорад дар қонунгузорӣ барои Вазорати молия чунин эзоҳе ҷой дошта бошад. Гузашта аз ин, то ҷое иттилоъ дорам, раёсати ширкати саҳҳомии “Роғун” аз имтиёзҳое дар истифодаи маблағҳои дар ихтиёр доштааш бархӯрдор мебошад. Ба ин далел, барои хулоса кардан нахуст бояд дид, ки зери қарордоди қарзӣ бо ин корхонаву ширкат чӣ ниҳоде имзо гузоштааст."
Мушкиле, ки ошкор шуд
Бархе иқтисоддонҳои мустақил мегӯянд, мушкиле, ки бо бозгардони қарзҳои нерӯгоҳи «Роғун» пеш омадааст, дар пасманзари бӯҳрони бонкии Тоҷикистон аланӣ ва ошкор шуд. Нур Сафаров, таҳлилгари иқтисодии тоҷик мегӯяд, ки баъди гузашти як марҳилаи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун”, ки январи соли 2010 шурӯъ шуд, ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки то замони оғози бунёди ин нерӯгоҳ, маблағҳои ҳудуди 1 миллиард сомонии аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омада, тавассути вазорати молия дар ихтиёри чанд бонк, аз ҷумла “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” гузошта шавад.
Ҷаноби Сафаров афзуд: "Баъд аз соли 2010 вазъи молӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои шарикаш то андозае ором буд. Бонкҳо аз ин маблағ тибқи ҳадафҳои тиҷоратии худ истифода мекарданд. Аммо дар Русия бӯҳрони иқтисодиву молӣ сар зад ва пайёмадҳояш то ба Тоҷикистон расиданд. Дигар интиқоли пули муҳоҷирон коҳиш ёфту бонкҳо дар фаъолияти худ дучори мушкил шуданд. Вазорати молия низ ба бозпас гирифтани маблағҳои худ, аз ҷумла пулҳои “Роғун” шурӯъ кард. Фикр мекунам, қазияи бо “Умед 88” ва ширкати “Тоҷиктрансгаз” рухдода охири кор нест ва минбаъд чанд ҳолатҳои дигари тавассути додгоҳ бозпас гирифтани маблағҳои вазорати молия сурат хоҳад гирифт."
Ҷаноби Сафаров бар ин назар аст, ки дар шароити феълии Тоҷикистон гирифтани маблағи бузурги қарзӣ бидуни восита ва пуштибонҳои қавӣ кори соддае нест ва механизми тасмимгирӣ бар сари ширкат ё ҷониби баҳрабардор аз қарз ҳамон маълумотест, ки ба он боз ҳам вазорати молия ва дигар сохторҳои ҳукуматӣ бояд посух диҳанд. Зеро ҳам тоҷирон ва ҳам созмонҳои молии байналмиллалӣ аз баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон пайваста интиқод мекунанд ва на ҳар ширкату ҷониб барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок имкон дорад.
"Ба вазорати молия ҳеҷ рабте надорад"
Аммо ба эътиқоди Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик, маблағҳои “Роғун” солҳо бидуни истифода қарор доштанд ва раҳбарияти ширкат аз рӯи диди худ аз он истифода мекарданд. Вай дар ин робита гуфт: "Ширкати “Роғун” як ниҳоди тиҷоратӣ дониста мешавад ва ҳаққ дорад барои ба даст овардани суд, маблағҳои дар ихтиёр доштаи худро тибқи дидаш истифода кунад. Ин мавзӯъ, ки ширкати “Умед 88” аз ин қарз ғайримуассир истифода кардааст, ба вазорати молия ҳеҷ рабте надорад ва ин як мушкили муомилоти миёни “Роғун” ва ширкати “Умед 88” мебошад."
"Вазорати молия ҳаққи додани қарзҳоро надорад"
Аммо доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки вазорати молияи Тоҷикистон худ ҳаққи додани қарзҳоро надорад, зеро ин сохтори бонкӣ нест. Вай бар ин назар аст, ки агар ширкатҳо ё корхонаҳо тавассути вазорати молия қарзеро, ки ҳаҷмаш бештар аз қарзҳои маъмулӣ дар Тоҷикистон мебошад, гирифта бошад, пас дар ин ҳолат бо эҳтимоли зиёд мавриди фасодкорӣ ҷой дорад.
Ҷаноби Ҳакимов афзуд: Дар кишварҳои пешрафта дар ин ҳолатҳо сохтори давлатӣ барои харидорӣ ё додани қарз озмун эълон мекунад ва комиссия босалоҳият куллияи дархостҳоро баррасӣ мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон, мутаассифона ин тавр нест. Гузашта аз ин, шароити иқтисодии Тоҷикистон чунин аст, ки ҳукумати мо маблағи изофие надорад, ки ба дигарон қарз диҳад. Ба ин далел, мутмаинам, ки ширкату корхонаҳое, ки аз вазорати молия қарз гирифтаанд, ҳатман бо додани ришвае ба ин кор муваффақ шудаанд)
Зимнан, Шокирҷон Ҳакимов афзуд, ки бо шароити қарзгирии ширкати “Тоҷиктрансгаз” ошно шудааст ва аз тасмими раҳбарияти ин ширкат барои напардохтани ҷаримапулии 6 миллион сомонӣ мувофиқ мебошад. Зеро, ба гуфтаи вай, “Тоҷиктрансгаз” тасдиқ кардааст, ки тӯли солҳои ахир суде нагирифтааст ва шароити пардохти ҷаримаҳои қарзиро дар ихтиёр надоштааст.
Аммо, дар мавриди ширкати “Умед 88”, ки як ниҳоди тиҷоратӣ аст ва машғули воридоту фурӯши маводи сӯхт мебошад, шароит фарқ мекунад. Шамсиддин Ҷалолов, як иқтисодшиноси дигар бар ин назар аст, ки агар ширкатҳову корхонаҳо қарзи вазорати молияро барнагардонанд, ин ниҳод водор мешавад, барои ҷуброни ин маблағ фишор болои андозсупорандаҳоро бештар кунад.
Дар ҳоле, ки қазияи қарзҳои барнагашта назар ба ҷавоб – саволи бештар эҷод мекунад, на ҷомеа ва на матбуоти Тоҷикистон наметавонад дар бораи ҷузъиёти бештари ин моҷароҳо аз сохторҳои тафтишотӣ ҳам иттилоъ бигирад.
Парвандаи «Умед 88», ки дар ихтиёри муфаттишони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аст, пӯшида боқӣ мемонад ва маълум нест, ки мавқеи раҳбарияти боздоштшудаи ин ширкати замоне овозадор дар робита бо ин қазия чӣ будааст. Ҳамонгуна, ки вазорати молия ҳам аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ мекунад.