Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии зиддифасод: Вазорати молия ва "Умед-88" аз ҶДМ "Роғун" қарз гирифтаанд. ВИДЕО


Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон ба таври расмӣ боздошти раҳбарони ширкати "Умед-88"-ро шарҳ дод. Раҳбарони ин ширкат дар пайи интиқоди раиси ҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон боздошт шуданд, ки гуфт, ин ширкат даҳҳо миллион сомонӣ маблағҳои будҷаро, бозпас надодааст.

Ин ниҳод рӯзи 23-юми октябр бо нашри як иттилоия гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар нисбати раҳбарони "Умед-88" Раҷабалӣ Одинаев, Идибек Иброҳимов ва чанд нафари дигар аз масъулони ин ширкат, бар пояи се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парванда боз шудааст. Ин афрод ба тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат муттаҳам дониста мешаванд.

Боздошти масъулони ширкати "Умед-88" дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Президент аз ширкати “Умед-88” интиқод кард, ки 170 млн сомонӣ маблағи будҷаро барнагардондааст.

​Бар пояи ин иттилоия, "баҳри иҷрои Протоколи ҷаласаи Шўрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Неругоҳи барқии обии Роғун" аз 06 апрели соли 2015, байни ҶСК "НБО Роғун" ҳамчун қарздиҳанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ "Умед-88" - ҳамчун қарзгиранда шартномаи қарзӣ аз 15 майи соли 2015 ба имзо расонида шудааст. Мувофиқи ин шартнома ба ҶДММ “Умед-88” барои рушди комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти сўзишвории дизелӣ ба маблағи 171 миллион сомонӣ ба муҳлати то 31 декабри соли 2015 қарз дода шудааст".

Оҷонсии зиддифасод: Вазорати молия ва "Умед-88" аз ҶДМ "Роғун" қарз гирифтаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки ин қарз дигар бозпас гардонида нашуд. Дар Оҷонсии зидди фасод мегӯянд, "онҳо аз ваколатҳои фармонфармоӣ ва идоравии худ сўиистифода намуда, маблағи қарзиро бар хилофи манфиатҳои давлат ва бо дағалона вайрон намудани талаботи шартномаи қарзӣ, мувофиқи мақсад истифода накарда, аз ин ҳисоб моҳҳои май-июни соли 2015 бо роҳи пўшонидани уҳдадориҳои қарзии ҷамъият дар назди БДА ҶТ "Амонатбонк" ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" маблағи 74294004,1 сомониро тасарруф намудаанд."

Иттилоияи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар пояи тафтишот, масъулини ширкати "Умед-88" ҳамчунин аз дигар бонкҳои кишвар, аз ҷумла аз "Амонатбонк" 26 миллион сомонӣ ва аз "Агроинвестбонк" 4,5 миллион доллар қарз гирифтаанд.

Вазорати молия: "шарҳ намедиҳем", "Умед-88": имкони бозгардони пулро дорем

Дар ҳоле, ки аз ширкати "Умед-88" дар як ҳафтаи охир ҳадди аққал ду масъул боздошт шудааст, мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон, аз ҷумла дафтари матбуот мегӯянд, ки "ин мавзӯъро шарҳ намедиҳем".

​Дар ҳамин ҳол як масъули ширкат, ки танҳо исми аввалашро ба Радио Озодӣ муаррифӣ кард, гуфт, агар ба онҳо фурсат дода шавад, онҳо тавони бозгардони пулро доранд. Шахси масъуле бо номи Наврӯз ва яке аз пайвандони Раҷабалӣ Одинаев, раҳбари ин ширкат рӯзи 23-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, талош доранд, то пули давлатро баргардонанд. Ӯ гуфт, ҳоло роҳҳои аз кадом ҳисоб ва чӣ тавр баргардонидани пули давлатро машварат доранд.

“Роҳи ҳалли камбудӣ вуҷуд дорад. Аз паяш ҳастем, бояд пули давлатро баргардонем. Чӣ коре, ки аз дасти ширкат меояд, барои баргардондани пул анҷом медиҳад”, - гуфт ӯ. Ин масъули ширкати “Умед-88” гуфт, умедворанд, ки бо пардохти пули қарз ду раҳбари ширкат озод мешаванд.

"Фаъолияти Умед-88 муваққатан боздошта шудааст

Тибқи иттилои дарёфтӣ фаъолияти ширкати "Умед 88" муваққатан боздошта шудааст. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворие, ки қаблан ба ин ширкат тааллуқ дошт, ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳафтае қабл аз сӯи мақомот дастур гирифтанд ки бренди "Умед 88"- ро аз овезаҳои худ баркананд. Масъулини ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мегӯянд, дар ҳафтаи ахир чанд маротиба аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, бозпурсӣ шудаанд.

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз "Умед-88"

Боздошти соҳибмулки ширкати "Умед-88" Раҷабалӣ Одинаев ва раиси он Идибек Иброҳимов дар пайи интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Оқои Раҳмон рӯзи 14-уми октябр дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони дохил ва хориҷи кишвар аз ширкати “Умед-88” интиқод кард, ки 170 миллион сомонӣ маблағи будҷаро барнагардондааст.

Ӯ гуфт, “Умед-88” 170 миллион сомонӣ пули буҷети давлатро соли севум-чаҳорум аст, ки барнамегардонад. На фоиз, на маблағи буҷети давлат. Буҷети давлат буҷети кӣ аст? Буҷети халқ. Андозсупоранда кӣ аст? Ин халқ аст, мардуми Тоҷикистон аст. Дар иртибот ба ин таъкид месозам, ки риояи талаботи қонунгузорӣ, эҳсоси масъулият дар назди ҷомеаву давлат ва нишон додани маърифати баланди ҳуқуқиву молиявӣ аз ҷониби соҳибкорон омили муҳими пешрафти кишвар маҳсуб меёбад.”

Ширкати “Умед-88”-ро дар соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис додааст. Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекунад. Ҳамчунин, беш аз 70 нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтиву газии ширкати “Умед-88” дар саросари Тоҷикистон фаъол аст. “Умед-88” яке аз сертаблиғтарин ширкатҳои нафтрасони Тоҷикистон унвон мешавад. Ин ширкат барномаҳои бузурги фарҳангиву варзишӣ ва бахусус ҳунармандони маъруфи кишварро сармоягузорӣ мекард.

XS
SM
MD
LG