Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

65%-и донишҷӯёни тоҷик гуфтаанд, ки дар хориҷа мемонанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Беш аз нисфи донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа гуфтаанд, ки ният доранд дар берун аз кишвар ҷойи кор ёфта, муқим шаванд. Ин хулосаи назарпурсии навест, ки дар доираи пажуҳиши "Муҳоҷирати таҳсилии ҷавонони Тоҷикистон: Мушкилот ва дурнамо"​ бо сарпарастии Бунёди Сорос гузаронда шудааст.

Нусхаи ин пажуҳиш рӯзи 28-уми июн ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Тибқи даъват бояд дар Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон ба кор пазируфта мешудам. Ҷавоби онҳоро зиёд мунтазир мондам. Имрӯзу пагоҳ мегуфтанду ваъда мекарданд.

Дар ин назарпурсӣ беш аз 65 дарсади донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа гуфтаанд, ки ният доранд дар кишвари таҳсилашон боқӣ бимонанд. Сеяки донишҷӯёни пурсидашуда ваё танҳо 28 дарсади онҳо гуфтаанд, ният доранд, ба Тоҷикистон баргарданд.

Як нуктаи тозае, ки муаллиф София Қосимова дар поёни пажуҳиш зикр кардааст, ин аст, ки ҷавонони тоҷик на танҳо барои гирифтани дониш ва мадрак (санад, ҳуҷҷат)-и донишгоҳ ба хориҷа мераванд, балки онро як роҳи қонунӣ ё мутамаддини муҳоҷират ба кишвари дигар ҳисоб мекунанд.

Аз ин рӯ, аксар донишҷӯён ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ дар онҷо ҷойи кор пайдо кардаву дар андешаи муқим шудан ва гирифтани шаҳрвандӣ мешудаанд.

Монеи аслӣ чист?

Дар пажуҳиш ба ин суол, ки "ҷӯяндагони кор дар Тоҷикистон ба кадом мушкилот дучор мешаванд?" 35 дарсад рақобати аз ҳад зиёд, 32 фоиз пешниҳоди ҷои кор бо маоши кам, 20 дарсад доштани робитаҳои муҳим ва беш аз 7 дарсад коррупсияро ном бурдаанд.

Қабл аз ин пажуҳиш бисёре аз ҷӯяндагони кор дар суҳбат бо матбуот таҷрубаи худро аз пайдо кардани кор баён карда, непотизм ё хешутаборчигиро дар ҷои аввал гузоштаанд. Бисёре аз онҳо мегӯянд, коррупсия барои пайдо кардани ҷои кор ба мутахассисони ҷавон монеи аслӣ аст.

Грез Қосимзода
Грез Қосимзода

"Ба довталабон шароити рақобат фароҳам аст"

Аммо масъулони Оҷонсии хидмати давлатӣ чунин иддаоро рад мекунанд. Грез Қосимов, муовини раиси Оҷонсии хидмати давлатӣ, рӯзи 28-уми июн гуфт, барои ишғоли мансаб дар идораҳои давлатӣ озмунҳои бозу шаффоф баргузор мешавад ва “ба ҳама довталабон шароити баробари рақобат дода мешавад”.

Ваъдаи имрӯзу пагоҳ

Фаррух Сатторов, устоди Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ва дотсенти инноватика, рӯзи 28-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як вақт барои кор ба Душанбе рафт, аммо ба ҷуз ваъдаи имрӯзу пагоҳи мақомот посухи дигаре нагирифт.

Фаррух Сатторов
Фаррух Сатторов

Ӯ гуфт, "вақте дараҷаи магистриро дар Донишгоҳи Санкт- Петербург ҳимоя кардам, ба Тоҷикистон баргаштам. Чунки ҳангоми таҳсил вазирон ба инҷо омада мегуфтанд, ки ҳатман ба ватан баргардед. Рафтам ва тибқи даъват бояд дар Вазорати рушди иқтисод ба кор пазируфта мешудам. Имрӯзу пагоҳ мегуфтанду ваъда мекарданд. Гуфтам, шахсе нестам, ки мунтазири имрӯзу пагоҳ нишинам. Чун идеяҳоеро, ки дорам ва чизҳоеро, ки омӯхтаам, бояд амалӣ гардонам. Дар ин миён маро барои таҳсил ба Санкт-Петербург даъват карданд ва ман баргашта омадам. Тақдир ҳамин будааст."

"Фирори мағзҳо"

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, айни замон 29 ҳазору 460 донишҷӯи тоҷик дар хориҷ аз кишвар таҳсили илм доранд. Ҷомеашиносон мегӯянд, дар хориҷа боқӣ мондани шуморе аз донишҷӯёни тоҷик раванди “фирори мағз”-ҳоро аз кишвар боз ҳам бештар мекунад, ки дар дарозмуддат барои рушди кишвар таъсири манфӣ дорад.

Дар Тоҷикистон дар баъзе аз соҳаҳо, аз ҷумла тиб ва энержӣ аз камбуди мутахассисони ҳирфаӣ мушоҳида мешавад. Бино ба маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ дар кишвар ҳудуди 1 ҳазор табиби оилавӣ ва наздик ба 3 ҳазор ҳамшираи шафқат намерасанд. Дар як суҳбат раиси “Барқи тоҷик” аз “фирори кадрҳо” шиква карда буд, ки баъди чанд моҳи таҷриба гирифтан дар назорати хатҳои барқ ба Русия рафта, дар сохторҳои энержии ин кишвар ба кор медароянд.

"Муваззафанд, ки баргарданд"

Дар ҳамин ҳол қисме аз донишҷӯёни тоҷик бо бурсия ё квотаи президентии “Дурахшандагон” дар хориҷ таҳсил мекунанд ва онҳо муваззафанд, ки ба кишвар баргашта, ҳадди ақал 5 сол дар идораҳои давлатӣ кор кунанд. Аммо дар миёни анбуҳи донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа онҳо хеле кам ҳастанд.

Чанде аз шогирдони ман ният доранд, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги Ҷопон дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ ваё коргоҳи истеҳсоли сӯзишворӣ аз ҳидрогенро бисозанд

Ҳоло бисёре аз ҷавонони тоҷик аз ҳисоби пасандозҳои волидон ва ё бурсияҳои давлатҳои дигар дар хориҷа таҳсил мекунанд. Бузургтарин ҷомеаи донишҷӯёни тоҷик дар Русия аст. Аксари онҳо бо бурсияи Русия таҳсил мекунанд ва нияти боқӣ мондан дар кишварро доранд, чун онҳо аз ҳисоби буҷети Тоҷикистон таҳсил накардаанд.

"Онҳо нақшаҳои бузург доранд"

Абдуфаттоҳ Ҳотамов, асосгузори литсейи "Ҳотам ПВ" дар шаҳри Душанбе, ки аксари шогирдонаш шомили донишгоҳҳои маъруфи дунё мешаванд, рӯзи 28-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар хориҷ мондани ҷавонони тоҷикро набояд чун нишонӣ ватандӯст набудани онҳо пазируфт. Ӯ гуфт, ​"қариб ҳар бегоҳ тариқи Скайп ва ё воситаҳои дигар бо шогирдон дар Ҷопону Олмон ва кишварҳои дигар ҳамсуҳбат мешавам. Онҳо ҳамеша дар фикри Ватан ҳастанд ва нақшаву барномаҳои зиёде доранд. Онҳо дер ва ё зуд бо савғоҳои калон ба Тоҷикистон бармегарданд."

Ҳотамов гуфт, савғои ин ҷавонон, ки муддате дар хориҷа таҳсили илм ва таҷриба меомӯзанд, корхонаву барномаҳои инноватсионӣ хоҳад буд. ​"Масалан чанде аз шогирдони ман ният доранд, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги Ҷопон дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ ваё коргоҳи истеҳсоли сӯзишворӣ аз ҳидрогенро бисозанд", - иброз дошт Ҳотамов.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, аксар кишварҳои рӯ ба таррақӣ он марҳилаеро, ки айни замон Тоҷикистон паси сар мекунад, гузаштаанд. Ӯ аз таҷрибаи Чину Ҳиндустон ёдовар шуд, ки садҳо ҳазор донишҷӯи бо истеъдодашон ба кишварҳои муттарақӣ рафта, пас аз муддате бо сармоя ва идеяҳои нав баргаштанд.

XS
SM
MD
LG