Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кор ҳаст, коргар нест". Ҷустуҷӯи тоҷикони таҳсилдида дар Амрико


Субҳон Орифов – соҳибкори тоҷик – мехост, ки меваи хушки Тоҷикистонро ба Аврупо содир кунад. Барои ин, ба як иқтисоддони ҷавон ва донандаи забони англисӣ ниёз дошт. Чанд ҷавоне, ки ба ин кор довталаб шуданд, ҳамагӣ дипломи хатми факултаи забони англисии донишгоҳҳои Тоҷикистонро доштанд, вале забонро хуб намедонистанд.

Донишгоҳҳои дигар ба мисли Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи технологӣ ва тиҷорат барои баргузор кардани лексияҳо бо забони англисӣ омода нестанд
Парвона Ҷамшед

Орифов рӯзи 30-юми сентябр гуфт, аз ҳолати ин ҷавонони дипломдор хеле афсурда шуд. “Ин ҷавонҳо 5 соли умр ва даҳҳо ҳазори волидонашонро харҷ кардаанд, аммо донишгоҳ ба онҳо ба ҷуз аз диплом дониши кофӣ надодааст”, - афзуд ӯ.

Донишгоҳҳои Тоҷикистон пас аз як нутқи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2008, ки гуфт кишвар ба “муттахасисони забондон ниёз дорад”, яке пайи дигар ба таъсиси ихтисосе пардохтанд, ки забони таълим дар он англисӣ аст. Факултаҳои сердовталаб ва пурнуфузе мисли иқтисоду молия ва иқтисоди ҷаҳонӣ дар таъсиси гурӯҳҳои англисӣ пештозӣ карданд.

Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорат, Донишгоҳи иқтисод ва молия, Донишкадаи хидмат ва савдо довталабонро ба ихтисосе қабул карданд, ки гуфта мешуд таҳсил дар онҷо бо забони англисӣ сурат мегирад. Аммо ҳамсуҳбати мо аз Донишгоҳи давлатии тиҷорат мегӯяд, аксар дарсҳои ихтисосии онҳо ҳамроҳ бо гурӯҳҳои тоҷикӣ дар як аудитория мегузарад ва барномаи таълимӣ аз гурӯҳҳои тоҷикӣ фарқи чандоне надоранд.

“Аз Шӯрои таҳсили Амрико хостем, ба мо муаллим бидиҳад”

Баҳром Сафаров, муовини раиси Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар умури равобити байналмилалӣ, рӯзи 30-юми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нахустин гурӯҳи донишҷӯёни таҳсили англисӣ соли 2015 ба донишгоҳ қабул шуданд. Ҳоло ин донишҷӯён ба курси севум гузаштанд, аммо донишгоҳ барои таълими фанҳои ихтисос муаллими забондон надорад. Ба хотири пайдо кардани устодони англисидон ин донишгоҳ ба Шӯрои Амрико дар умури омӯзишҳои байналмилалӣ муроҷиат кардааст.

Шуморе аз донишҷӯён аз рӯи барномаҳои ин Шӯро дар Амрико таҳсил кардаанд. Донишгоҳи иқтисод ва молия ҳамкнун умедвор аст, онҳое, ки дар Амрико таҳсил кардаанд, ба дарсгӯӣ дар ин донишгоҳ ҳозир мешаванд. Аммо донишмандон мегӯянд, омода кардани устодони ҳирфаӣ, ки ба донишҷӯён бо забони англисӣ дарс гуфта тавонанд, кори як солу ду сол нест ва беҳтар аст факултаҳои “ба ном англисӣ” то пайдо шудани устодони забондон баста шаванд.

Парвона Ҷамшед, профессор ва раҳбари Анҷумани муаллимони забони англисӣ дар Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, айни замон аксари донишгоҳҳое, ки дар Тоҷикистон ихтисосеро бо забони англисӣ боз кардаанд, барои омода кардани муттахасисон бо ин забон омода нестанд. Ба гуфтаи Парвона Ҷамшед, ҳоло дар Тоҷикистон танҳо ду донишгоҳ - Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе аз тавони омода карадни муттахасисон бо забони англисӣ бархӯрдоранд. “Донишгоҳҳои дигар ба мисли Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи технологӣ ва тиҷорат барои баргузор кардани лексияҳо бо забони англисӣ омода нестанд”, - афзуд ӯ.

Мумкин аст, дар баъзе аз донишгоҳҳо кадрҳои зарурӣ барои тадриси ин ё он фан бо забони англисӣ нарасад. Аммо ба ҳар ҳол аз ҳисоби донишҷӯёне, ки 5-6 сол пеш донишгоҳҳоро хатм кардаанд, норасоии кадрҳо пур карда мешавад
Алидод Расулзода

Парвона Ҷамшед гуфт, аз сӯи дигар донишҷӯён ҳам барои таҳсил бо забони англисӣ омода нестанд. Чун забонро дар сатҳи зарурӣ намедонанд, муҳтавои дарсро фаҳмида ва андешаашонро дар дарсҳои амалӣ баён карда наметавонанд.

Алидод Расулзода, раиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, қабл аз таъсиси ихтисос бо забони англисӣ зарфияти кадрии донишгоҳҳо барои тадрис бо забони англисӣ ба инобат гирифта шуда, баъдан барои ташкили ихтисос иҷозат дода мешавад. Ӯ гуфт, “мумкин аст, дар баъзе аз донишгоҳҳо кадрҳои зарурӣ барои тадриси ин ё он фан бо забони англисӣ нарасад. Аммо ба ҳар ҳол аз ҳисоби донишҷӯёне, ки 5-6 сол пеш донишгоҳҳоро хатм кардаанд, норасоии кадрҳо пур карда мешавад”.

Расулзода афзуд, Тоҷикистон ба тозагӣ ба ба омода кардани мутахасисони шурӯъ кард ва барои пуррагӣ таъмин кардани донишгоҳҳо бо кадрҳои забондон ва ҳирфаӣ вақт зарур аст.

Дар Тоҷикистон айни замон 33 донишгоҳ вуҷуд дорад, ки аз ин шумор 10 донишгоҳ таълими тахассусҳоеро бо забони англисӣ таъсис додаанд.

XS
SM
MD
LG