Донишгоҳҳои як вилояти умдатан мусулмоннишини Чин ба донишҷӯёни тоҷик ҳушдор додаанд, ки рӯза нагиранд, вагарна аз донишгоҳ ихроҷ мешаванд. Маъмурияти донишгоҳҳои Вилояти Худмухтори Шинҷон-Уйғур дар назди донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик шарт гузоштаанд, ки аз ибодат дар дохили донишгоҳ, аз ҷумла рӯзадорӣ парҳез кунанд.
Дар сурати собит шудани рӯзадории донишҷӯён, онҳоро аз донишгоҳ ва ҳам аз қаламрави кишвар ихроҷ мекунанд. Ҳадди аққал чаҳор донишҷӯи тоҷик, ки дар Чин таҳсил мекунанд, рӯзи 8-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, қабл аз оғози моҳи Рамазон ба онҳо гуфтанд, ки рӯзадорӣ дар донишгоҳ манъ аст.
Донишҷӯёне, ки бо мо ҳамсӯҳбат шуданд, нахостанд, номашон ошкор шавад, чун ба гуфтаи онҳо дар сурати ошкор шудани исмашон, мумкин аст, онҳоро аз донишгоҳ ихроҷ кунанд.
"Пеш аз оғози моҳи Рамазон аз ҳар як донишҷӯи хориҷии мусулмон имзо гирифтанд, ки агар рӯза гирем аз донишгоҳ хориҷ мешавем. Мо зери ин санад имзо гузоштем ва вақте ман хостам, бо телефон акси санадро бигирам, муаллима нагузошт" - гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони мо.
Ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ гуфт, барои мутмаин шудан, масъулони хобгоҳ вақти ифтору саҳархӯрӣ утоқҳои онҳоро тафтиш мекунанд, ки мабодо касе рӯза нагирад. Ба қавли ӯ, "Агар рӯза доштани донишҷӯ исбот шавад, ӯро бе гуфтугӯ ихроҷ мекунанд"
Донишҷӯён мегӯянд, маҳдудият дар ҳуқуқи мазҳабӣ бо манъи рӯзадорӣ хатм намешавад. Гузашта аз ин мақомоти донишгоҳҳои Вилояти Худмухтори Шинҷон- Ӯйғури Чин дар назди донишҷӯёни мусулмон шарт гузоштаанд, ки аз хондани адабиёти динӣ, хондани намоз ва гузоштани риш, парҳез кунанд.
Солҳои охир муносибати ҳукумати марказии Чин дар Вилояти Худмухтори Шинҷон-Ӯйғӯр бо аққалияти уйғур ва пайравони дини ислом саххтар шудааст. Мақомоти Чин мегӯянд, ки бо ифротгароии исломӣ мубориза мебаранд. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукумати Чинро барои таъқиби уйғурҳо бо баҳонаи ифротгароӣ пайваста танқид мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, донишҷӯёни тоҷик, ки дар дигар шаҳру вилоятҳои Чин таҳсил доранд мегӯянд, чунин маҳдудият дар маконҳои таҳсили онҳо вуҷуд надорад.
Сино Шарифзода, ки дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хайнани Чин таҳсил мекунад, мегӯяд, маъмурияти донишгоҳ ба ҳаёти шахсиву мазҳабӣ ва ба зоҳири донишҷӯён коре надоранд. Ӯ гуфт:
“Берун аз дарс донишгоҳ ба ҳаёти мо коре надорад. Дар хобгоҳ намоз мегузорем ва ё рӯза мегирем монеае нест.”
Агар рӯза доштани донишҷӯ исбот шавад, ӯро бе гуфтугӯ ихроҷ мекунанд.
Cафорати Чин дар Тоҷикистон ҳам мегӯяд, дар қонунгузории ин кишвар ҳеҷ банде дар марвиди манъ будани иҷрои фармудаҳои динӣ надорад. Як масъули идораи консулии сафорати Чин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми июн дар ин робита гуфт:
“Дар қонунҳои Чин маҳдудияти дар гузоштани намоз ва ё доштани рӯза вуҷуд надорад. Мо дар бораи кадом як маҳдудият дар донишгоҳҳои вилояти мухтори Шинҷон- Уйғур дар иҷрои фармудаҳои динӣ иттилоъ надорем”.
Мирҳат Шарифҷон, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, сиёсати Чин дар вилояти Шинҷон- Ӯйғур бахше аз иделогияи ҳукмрон аст.
“Дар Чин Ҳизби коммунист ҳукмрон аст, ки иделогияи бединӣ ва ё, атеизмро пайравӣ мекунад. Мубориза бо дин аз ҷумла дини миллатҳои мусулмони вилояти Шинҷон- Уйғур аз ҳамин ҷост. “
Мирҳат Шарифҷон гуфт, то миёнаҳои солҳои 40-уми асри гузашта вилояти Шинҷон- Уйғур як ҷумҳурии алоҳида бо номи Туркистони шарқӣ ва Тибет буд ва танҳо дар замони Мао ДзеДун бо ризоияти Сталин ба Чин илҳоқ шуд. Дар ин минтақа халқиятҳои гуногун, қазоқҳо, қирғизҳо ва ҷумла тоҷикҳо низ зиндагӣ мекунанд.
Дар Чин беш аз се ҳазор донишҷӯи тоҷик дар 112 донишгоҳу муассисаҳои дигари таълимӣ таҳсил мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми як сафар ба Чин дар назди донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи Шинҷон суханронӣ кард ва гуфт, соли 1994 нахустин бор ду донишҷӯи тоҷик ба Чин барои таҳсил омаданд ва айни замон теъдоди онҳо ба 3 ҳазор нафар мерасад.
Урумчӣ маркази вилояти худмухтори Шинҷон-Уйғури Чин дуввумин шаҳри он кишвар аст, ки байни он ва Душанбе парвозҳои мустақим сурат мегирад. Аксарияти тоҷирони тоҷик низ маҳз аз ҳамин шаҳр либосу пойафзор, мошину таҷҳизот, масолеҳи сохтмонӣ ва ғизоӣ ба Тоҷикистон ворид мекунанд.