Созмони иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд мегӯяд, имсол ҳудуди 400 донишҷӯ ва мактабхонҳои тоҷикро барои кори мавсимӣ дар бахшҳои сохтмону кишоварзӣ ва таҷрибаомӯзӣ ба Русия сафарбар мекунанд.
Масъулони ин ниҳод мегӯянд, солҳои шӯравӣ масъулони ин созмон ҳарсола ҳазорон донишҷӯён ва мактабхонҳои тоҷикро дар ҳайъати ба истилоҳ - “гурӯҳҳои сохтмонӣ” ё “стройотряд” дар давраи таътили тобистона ба Русия мебурданд ва ҳоло талош доранд ин анъанаи шӯравиро дубора зинда кунанд.
Як донишҷӯи тоҷик, ки миёнаҳои солҳои 1980 дар ҳайъати гурӯҳи донишҷӯён дар вилояти Астрахани Русия се моҳ дар як колхоз тарбуз ҷамъварӣ кардааст, мегӯяд, бо 300 рубл дар киса ба Душанбе баргашт ва барои харидани либосу китоб ва асбоби таҳсили худ масраф кард.
Масъулони созмони иттифоқҳои касабаи Суғд мегӯянд, имсол ба корҳои мавсимӣ ва таҷрибаомӯзӣ бурдани донишҷӯёну мактабхонҳои тоҷик тақрибан ниҳоӣ шудааст. Насимҷон Аҳмадов, раиси иттифоқи касабаи бахши сохтмон гуфт, аз раиси вилояти Волгогради Русия даъватномаи расмӣ гирифтанд, ки дар он омодагии худро барои қабули ҳудуди 400 донишҷӯ ва мактабхонҳои тоҷик барои корҳои мавсимӣ дар тобистон изҳор доштаанд.
Насимҷон Аҳмадов рӯзи 2 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба зудӣ масъулони ин созмон барои бастани шартнома дар заминаи шароити ккоор, будубош ва даромади мактабиён ба шаҳри Волгогради Русия сафар хоҳанд кард:
“Дар шартнома аз муоинаи тиббӣ то хароҷоти сафару ҷои будубош ва ғизо, ҳамааш нишондода мешавад ва ин ҳамаро корфармо бар дӯш мегирад.”
Ҷаноби Аҳмадов гуфт, барои кор дар давраи таътили тобистона донишҷӯёни солҳои болоии донишгоҳҳо ва мактабхонҳои синфи 10 ҷалб карда мешаванд. Онҳо дар Русия ба корҳои сабуки сохтмонӣ ва дар бахши кишоварӣ бо ҷамъоварии меваҳои заминӣ ва сабзавот машғул мешаванд. Ба қавли ӯ, мактабхонҳо дар лагерҳои меҳнативу истироҳатӣ зиндагӣ хоҳанд кард.
Шароити кори мутафовит аз муҳоҷири корӣ
Масъули иттифоқҳои касабаи Суғд гуфт, ҳанӯз ҷузъиёти марбут ба ҳаққу ҳуқуқ ва шароити кор, аз ҷумла, давомнокии рӯзи корӣ ва дастмузди донишҷӯён мушаххас нашудааст, чун ин ҷузъиёт баъд аз бастани қарордод бо ҷониби кордиҳанда аниқ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи мусоҳибам, ҳоло ҷонибҳо танҳо рӯи ҳамин як нуктаи шароити кор ба созиш нарасидаанд. Насимҷон Аҳмадов мегӯяд, ҷониби Русия хостори қабули мактабхонҳо ва донишҷӯёни тоҷик ба ҳайси “муҳоҷири корӣ” аст. Дар ин ҳол 36 дар сади дастмузди коргарони тоҷикро корфармо ба ҳайси андоз ба фоидаи давлат нигоҳ медорад.
“Вале мо талаб дорем, ки мактабхонҳо ва донишҷӯёни моро низ Русия бо имтиёзи баробар бо донишҷӯёни худ қабул кунад, яъне аз дастмузди ҷавонони мо низ андоз нагирад ва дастмузадашонро пурра пардохт кунад. Ва талош дорем чунин шартнома бубандем”, - таъкид кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола ҳазорон сокинони Тоҷикистон муҳоҷири кории Русия мешаванд.
Бар пояи иттилои расмӣ, аз вилояти Суғд низ солҳои охир ҳар сол беш аз 100 ҳазор нафар ба корҳои мавсимӣ ба Русияву Қазоқистон мераванд, ки бархе аз онҳо донишҷӯёнанд. Дар гузашта ҳолатҳое буд, ки бо сабаби фароҳам набудани ҷои кори аниқ ваё дер гирифтани маблағи кор боиси таъхир дар бозгашти донишҷӯён аз кори мавсимӣ ба ватан шудааст.
"Дар ватан кор бошад, беҳтар аст"
Хушрӯзи Ҷамолиён, донишҷӯи соли 4-и бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, аслан дилаш мехоҳад дар таътили тобистона дар ватани худ кор кунад.
“Ба кори Русия ба шарте розӣ мешавам, ки агар шароиту дастмузди хуб ва ҳифзи ҳуқуқҳоямро кафолат бидиҳанд. Вале агар чанд моҳ кор фармоянду дар охир пуламонро надиҳанд ва дасти холӣ берун кунанд, чӣ мешавад?” – афзуд ӯ.
Донишҷӯи дигари суғдӣ, ки худро Носир Саидов муаррифӣ кард, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба Волгогради Русия сафар кардаву иқлими гарми он ҷо писандаш омадааст. Ӯ афзуд: “Корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии меваю сабзавот дар ҷануби Русия назар ба кори сохтмон дар қисматҳои дигари он сабуктар аст. Аммо чанд бор дар расонаҳо хондам, ки шаҳрвандони моро дар вилояти Волгоград корфармоёни рус кор фармуда, дар охир пулашонро надодаанд ва онҳо сарсону саргардон шуда, дар зимистон бо мушкилӣ ба ватан баргаштаанд. Дилам дигар ба кор дар он ҷо он қадар гарм нест. Аммо агар кордиҳанда сад дар сад қабулу сарпарастӣ ва гусели моро ба гардан бигирад, он вақт рафтанам мумкин.”
Ба корҳои мавсимӣ фиристодани мактабхонҳо ва донишҷӯёни тоҷик дар давраи шӯравӣ роиҷ буд. Он замон ҳам Русия аз нерӯи корӣ шадидан танқисӣ мекашид ва ин мушкилро аз роҳи ҷалби донишҷӯёну мактабхонҳо аз ҷумҳуриҳои шӯравии пешин, ба хусус аз кишварҳои Осиёи Миёна, ҷуброн мекард. Ҷавонҳои Осиёи Миёна кор дар бахши кишоварзиро ҳам назар ба сокинони манотиқи аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ беҳтар медонанд.
60 ҳазор донишҷӯ дар сол
Бар пояи иттилои созмони иттифоқҳои касабаи Суғд, солҳои шӯравӣ танҳо Тоҷикистон ҳудуди 60 ҳазор донишҷӯву мактабхони худро тобистон ба Русия барои корҳои мавсимӣ мефиристод. Дар сохтмонҳои бузурги Русия, назири БАМ – роҳи оҳани Байкалу Амур – нерӯи дастони донишҷӯёни шӯравӣ зиёд истифода шудааст.
Ҷавонони донишҷӯи тоҷик, ки он давра низ имкони дар ватани худ давраи таътил пули хуб кор кардан надоштанд, ин даъватро бо хушнудӣ мепазируфтанд. Як донишҷӯи тоҷик, ки миёнаҳои солҳои 1980 дар ҳайъати гурӯҳи донишҷӯён дар вилояти Астрахани Русия се моҳ дар як колхоз тарбуз ҷамъварӣ кардааст, мегӯяд, бо 300 рубл дар киса ба Душанбе баргашт ва барои харидани либосу китоб ва асбоби таҳсили худ масраф кард.