Бархе аз донишҷӯёни тоҷик аз эроди, ба қавли онҳо, “ноҷо” ва “беш аз ҳадди” масъулини донишгоҳҳо ба сару либос ва намуди зоҳириашон нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳоло дар баъзе аз донишгоҳҳо на фақат пӯшидани либоси расмӣ талаб мешавад, балки ба ранги ҷӯробу болопӯши зимистона ва ранги лабу ороиши мӯй низ аҳамият дода мешавад.
Ҳоло муд шудааст, ки донишҷӯён поёни шими худро бармезананду ҷӯроби кӯтоҳи сафедро бо макасиниҳои варзишӣ пӯшида, ба дарс меоянд. Мо ба онҳо таъкид мекунем, ки ин аз рӯи одоби либоспӯшӣ нест
Олимҷон – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро ахиран барои бо ҷӯроби сафед ба дарс омаданаш сарзаниш кардаанд. Олимҷон рӯзи 28-уми ноябр гуфт, ӯ маъмулан пояфзоли навъи “Макасини”-ро бо ҷӯроби рангаш торик намепӯшад ва он рӯз бо ин намуди пояфзолу ҷӯроби сафед ба дарс омад. Барои ранги ҷӯроб ҳам ӯро дар даромадгоҳи Донишгоҳ нигоҳ доштанд ва гуфтаанд, дигар бо ин ҳол ба дарс наояд ва бояд ранги ҷӯробаш ҳадди ақал хокистарранг мебуд.
“Сафед ранги варзишӣ будааст ва ҳаминро баҳона карда, маро даромадан намонданд. Ман рафта, либосамро иваз кардаму соати дувуми дарс омадам. Талаби куртаву шими расмӣ фаҳмо аст, аммо то ҷӯроб дахолат кардан то куҷо зарур аст, намедонам. Як ҳафта боз ҳамин қоида ҷорӣ шудааст», - афзуд ӯ.
Масъулини Донишгоҳ дар навбати худ аз он нигаронӣ мекунанд, ки бархе аз донишҷӯён аз этикаи либоспӯшӣ бехабаранд ва агар пеши роҳашон гирифта нашавад, бо либоси варзишӣ ба дарс ворид мешаванд. Мубинахон Хоҷаева, муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгохи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои риояи либосе, ки аз сӯйи Вазорати моариф тавсия шудааст, ҳар бор миёни донишҷӯён “рейд” мегузаронанд ва онҳоро аз қоидаи дурусти либоспӯшӣ огоҳ мекунанд. Ӯ гуфт, “ҳоло муд шудааст, ки донишҷӯён поёни шими худро бармезананду ҷӯроби кӯтоҳи сафедро бо макасиниҳои варзишӣ пӯшида, ба дарс меоянд. Мо ба онҳо таъкид мекунем, ки ин аз рӯи одоби либоспӯшӣ нест.”
Вале ба гуфтаи Олимҷон, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, барои онҳо ҳамчунин пӯшидани шим бо ранги равшан, куртаҳои хоначадор ва борониҳои сарпӯшдор мумкин нест. Ин талаби донишгоҳро донишҷӯён “қоидаи нонавиштае” унвон мекунанд, ки дар ягон санад оварда нашудааст ва танҳо аз сӯйи масъулини донишгоҳ шифоҳӣ талаб мешавад.
Олимҷон мегӯяд, барои аксар ҷавонон дар фасли тирамоҳ пӯшидани борониҳои сарпӯшдор роҳат аст, чун дар сурати боридани борон ҳам метавонанд онро ба сар кашанд. Аммо донишгоҳ инро барояшон иҷоза надодааст. “Донишҷӯ ба шароити худ нигоҳ мекунад ва мехоҳад чизе бигирад, ки дар дарс ва берун ҳам барояшон мувофиқ бошад. Либоси классикаро масалан намешавад зимни сайругашт дар кӯча пӯшид», - шарҳ дод ӯ.
Соли 2013 як дастури Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҷиҳати ҳатмӣ шудани пӯшидани туфлии пошнабаланд барои духтарони донишҷӯ расонаӣ шуда буд.
Талаби пӯшидани либос дар ҳама донишгоҳҳо яксон нест. Дар баъзе аз донишгоҳҳои пойтахт агарчӣ аз духтарон пӯшидани шими якранг ва сиёҳ талаб мешавад, аммо муҳим нест, он шим ҳатман расмӣ ё классикӣ бошад. Вале дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия духтарон танҳо бо шими классикии дорои ду ранг – сиёҳу хокистарранг – ба дарс роҳ дода мешаванд. Пӯшидани доман ё юбкаҳои кӯтоҳ, шиму куртаҳои танг дар дарс барои донишҷӯёни ин донишгоҳ қатъиян манъ аст. Ҳамчунин духтарони донишҷӯ бо мӯйҳои партофта ва лаби сурх ба дарс роҳ дода намешаванд.
Суҳайлӣ, як донишҷӯйи Донишгоҳи славянӣ мегӯяд, “шимҳо бояд фаррох бошанд, доманҳо бояд ранги рӯшану зард ва сурх надошта бошанд. Пӯшидани «крассовки» ҳам мумкин нест. Либоси классикӣ бо пояфзоли пошнабалнд зебо аст, вале ҳар рӯз бо туфлии пошнабаланд равуо осон нест.”
Донишҷӯён мегӯянд, ин қоидаҳо ҳам дар ҷое ишора нашудаанд ва танҳо вақте аз даромадгоҳи донишгоҳ пеш карда мешаванд, мефаҳманд, ки либосашон барои дарс номувофиқ будааст ва дигар кӯшиш мекунанд такрор накунанд. Барои осон кардани кори худ бархе аз донишҷӯён, ки пас аз дарс ҷое кор доранд ё дарси иловагӣ мераванд, дар баробари либоси тани худ як сару либоси дигар дар ҷузвдон мегиранд. Суҳайлӣ мегӯяд, “маъмулан бо худ «крассовки» мегирам. Баъди дарс дар донишгоҳ либосамро иваз карда, либоси озод мепӯшаму ба дарси иловагӣ меравам. Бо либоси расмӣ намехоҳам дар шаҳр гардам.”
Баҳси либос дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои Тоҷикистон чанд соли пеш шурӯъ шуд. Дар мактабҳои миёнаи аллакай ин мавзӯъ дигар то ҷое ҳалли худро ёфтаву аз сӯйи хонандагон риоя мешавад. Аммо ба баҳсҳо сари либоспӯшӣ дар Донишгоҳҳо ҳамоно нуқта гузошта нашудааст ва маъмулан дар даромадгоҳи донишгоҳҳо ҳар субҳ гурӯҳе аз донишҷӯён дида мешаванд, ки ба далели номувофиқ будан ягон либос ё пояфзол аз дару дарвоза берун мондаанд.
Донишгоҳҳои Тоҷикистон борҳо бо фармону талаботи ба гуфтаи донишҷӯён “беш аз ҳадди” худ дар мавриди сару либос вирди забонҳо шудаанд. Соли 2013 хабари як дастури Донишгоҳи омӯзгорӣ ҷиҳати ҳатмӣ шудани пӯшидани туфлии пошнабаланд барои духтарони донишҷӯ расонаӣ шуда буд. Бархе аз донишҷӯёни ин донишгоҳ ҳам гуфта буданд, ба далели бо пошнаи паст омадан ба донишгоҳ ба дарс роҳ дода нашуданд.
Барои донишҷӯёни тоҷик ҳамчунин бо мошин ва телефони ҳамроҳ ба донишгоҳ омадан манъ аст. Ахиран раиси ҷумҳур бо нигаронӣ аз садамаҳои зиёди нақлиётӣ дар кишвар хост, донишӯёни мошинсавор аз таҳсил хориҷ шаванд ва то се соли баъд ҳам ба онҳо ҳаққи барқарор шудан дода нашавад.