Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон "Рӯзи Президенти Тоҷикистон"-ро тасдиқ кард


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Вакилони Маҷлиси Намояндагон бо тасдиқи "Рӯзи Президенти Тоҷикистон" гуфтанд, ки ин тасмим ба ҳеч ваҳҷ шахспарастӣ нест ва набояд мояи ҳангома бошад.

Аз ин ба баъд сокинони Тоҷикистон 16 ноябри ҳар солро ҳамчун "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҷлил хоҳанд кард. Ин тасмим рӯзи 15 апрел ба дунболи ислоҳи қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" дар парлумон гирифта шуд ва вакилон гуфтанд, ки ин рӯз агарчӣ ид аст, аммо таътили расмӣ нест.

Мавлуда Қаландарзода, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон, ҳангоми муаррифии тарҳ гуфт, ин тасмим ба ҳеч ваҷҳ шахспарастӣ нест ва ба монанди ҷашнҳои касбии кормандони соҳаҳои дигар таҷлил мешавад. "Ин рӯз ба шахсият ишора надорад. Ба Қонуни асосӣ ва дигар қонунҳо низ мухолифат надорад ва амалӣ карданаш хароҷоти иловагиро талаб намекунад," - афзуд ӯ.

Мавлуда Қаландарзода
Мавлуда Қаландарзода

Мавлуда Қаландарзода мегӯяд, ба маҳзи он ки 16 ноябри соли 1994 рӯзи савгандёдкунии нахустини Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, аз ин хотир ин сана ҳамчун "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" интихоб гардидааст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, дар навбати худ аз ин тарҳ ҳимоят карда ва гуфт, ки чунин ид дар кишварҳои дигар низ ҳастанд ва набояд мояи ҳангома бошанд. Ӯ гуфт, "танҳо дар ҳар кишвар санаҳои мухталиф барои ин рӯз эълон шудааст. Дар давоми 22 соле, ки дар Тоҷикистон идораи президентӣ вуҷуд дорад, нишон дод, ки ин сохтор барои Тоҷикистон аз шаклҳои дигари идораи давлатдорӣ заруртар аст.”

Дар гузашта 16 ноябр асосан ҳамчун рӯзи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ маъруф буд, ки ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз он иҷлосия оғоз мегирад. Дар ин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда ва баъд аз ду солаш - дар интихоботи президентии соли 1994 - ҳамчун раисиҷумҳур интихоб гардид.

Пешниҳоди таъини Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯи ҳукумат ироа шуда буд. Мақомот қаблан гуфтанд, ки ин тарҳро ​"бо дарназардошти саҳми арзандаи Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ" омода кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ. Соли 1992
Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ. Соли 1992

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 64 сол дорад, 19 ноябри соли 1992 дар синни 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон раиси ин Шӯро ва табъан раҳбари аввали кишвар интихоб шуд. Дар он рӯзҳо дар манотиқи ҷануб ва маркази Тоҷикистон задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои Фронти халқӣ ва нерӯҳои содиқ ба ҳукумати муросои миллӣ ҳанӯз идома дошт ва ба ин далел иҷлосияи 16-уми Шӯрои олиро дар Қасри Арбоб дар канори шаҳри Хуҷанд баргузор карданд.

Парлумон "Рӯзи Президенти Тоҷикистон"-ро тасдиқ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00

Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботи президентии соли 1994 бо пирӯзӣ бар рақибаш сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми раисиҷумҳур расид. Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи ширкат боз дар ду интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд.

Моҳи декабри соли гузашта ду палатаи парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро тасвиб карда ва онро раисиҷумҳур рӯзи 25 декабр имзо гузошт. Ин қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст ва вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад.

Ифтитоҳи нақби Шаҳристон. Моҳи октябри 2012
Ифтитоҳи нақби Шаҳристон. Моҳи октябри 2012

Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ дар кишвар, эҳёи иқтисоди дар солҳои ҷанг фалаҷшудаи Тоҷикистон ва авҷи сохтмонҳо дар солҳои охир, бахусус бунёди нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон ва тармими шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Кулма - Қароқурум, ки Тоҷикистонро ба Чин пайваст, бунёди нақбҳои Чормағзаку Шаршар ва бозсозии шоҳроҳи Душанбе – Ҷиргатолро аз комёбиҳои умдаи раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар 24 соли раҳбариаш мешуморанд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, бо гузашти 24 сол ҳукумат ҳанӯз натавонистааст мардумашро бо газу нерӯи барқи доимӣ ва ҷои кор таӣмин кунад ва асбоби таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон то ҳол аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия ба даст меояд.

Таъини Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Қазоқистон тӯли панҷ сол боз Рӯзи Президенти Нахустинро таҷлил мекунад. Ин рӯз дар соли 2011 ба ифтихори Нурсултон Назарбоев ва пирӯзии ӯ дар интихоботи 1 декабри соли 1991 таъсис дода шудааст.

XS
SM
MD
LG