Аз қабули қонуни “Пешвои миллат” як моҳ нагузашта, пешниҳоди наве барои боло бурдани мақоми ҳамакнун ҳамсари президенти Тоҷикистон – хонум Азизамоҳ Раҳмонова садо дод.
Абдуллоҳи Муҳаққиқ, як коршиноси масоили мазҳабӣ бо нашри гузорише дар сайти хабаргузории давлатии “Ховар” ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳазрати Оиша шабоҳат дода пешниҳод кардааст, ки бонуи аввали Тоҷикистон “пешвои занони исломӣ” унвон шавад.
Далелаш, ба бовари Муҳаққиқ, ин аст, ки Азизамоҳ Раҳмонова аз нахустин занони кишварҳои Осиёи Марказист, ки вориди Каъбатуллоҳ шуд ва дар он ҷо намоз хонд. Ҳоло маълум нест, ки хонум Раҳмонова аз ин пешниҳод хабар дорад ё на ва вокуниши ӯ ба ин хабар чист, вале ин мавзӯъ дафъатан мавриди баррасии бархе аъзои ҷомеа шуд.
Нозирон мегӯянд, ҳанӯз ҷомеа аз “шоке”, ки баъди пешниҳод ва тасвиби зудҳангоми Қонуни “Пешвои миллат”, ки барои он шуда, аз ҷумла, акнун бояд Сарқонун ҳам дигар шавад, ба худ наомада, ташаббуси нави боло бурдани акнун мақоми ҳамсари президент садо медиҳад. Бо назардошти расми нонавиштаи қабули қонунҳои баҳсбарангез дар Тоҷикистон, ин навбат ҳам шаке нест, ки ин пешниҳод ҷиддӣ гирифта шуда ва базудӣ ба парлумони Тоҷикистон метавонанд тарҳи қонуни нави “пешвои занон”-ро ироа кунанд. Як масъалаи мавриди нигаронӣ ин аст, ки ингуна пешниҳодҳо, ки дар ҷомеаҳои мутамаддин бояд қаблан ба баррасии мардум ва ҳам раъйпурсии шаҳрвандон – андозсупорандагони кишвар гузошта шаванд, бидуни мувофиқа ва машварат бо аҳли ҷомеа, бидуни нашри қаблии матни он дар матбуоти расмӣ, хеле босуръат ва осемасарона тасвиб мешаванд.
Чунин тамоюли барҷаста кардани мақоми раҳбари кишвар ва ҳам акнун наздикони ӯ, ба бовари нозирон, хеле хатари ҷиддӣ дорад ва пеш аз ҳама ба ҳуввияти миллии мардум, пояндагии давлатдорӣ ва суботу амнияти давлат таҳдид мекунад. Онҳое, ки хабари ба мартаби “Пешвои занон” бардошта шудани мақоми бонуи аввал - Азизамоҳ Раҳмонова ба хушӣ пазируфтаанд, мегӯянд, ин пешниҳоди бад нест. Фаъолиятҳои шоҳзодахонум Диана, Раиса Горбачева, Рания Ал-Абдулло, Мишел Обама, Меҳрубон Алиева дар роҳандозии барномаҳои иҷтимоиву хайрия аз ҷониби ҷомеаи ин кишварҳо ва берун аз он то ҳол хуш қабул шудааст. Вале ин барои нахустин бор аст, ки пешниҳоди то мартабаи баланди мазҳабӣ боло бурдани мақоми ҳамсари президент сӯҳбат мешавад.
Умеди Ҷайҳонӣ, як муҳаққиқи тоҷик ҳам мегӯяд, бонувони сарони кишварҳои ҷаҳон маъмулан афзун бар умури ташрифотии кишвар дар заминаи фарҳангу ҳунар ва ё дигар умури иҷтимоъӣ фаъолиятҳои
ифтихорӣ анҷом медиҳанд. Шояд ҳамсари кишвардори Тоҷикистон ҳам дар ин заминаҳо фаъолияте анҷом диҳад, вале расонаҳо дар ин бора камтар хабар медиҳанд. Аммо дар кишваре ки бино бар Қонуни асосӣ дин аз давлат ҷудост, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки ҳамсари раисҷумҳур «пешвои занони исломӣ» бошад. Умеди Ҷайҳонӣ мегӯяд, ки пешниҳоди мазкурро чизе ҷуз тамаллуқу тамаъҷӯӣ наметавон шумурд.
Рӯзноманигори тоҷик Абдуазими Абдуваҳҳоб ҳам ба ин назар аст, ки пешниҳоди мазкур – намунаи дигари шахспарастиву тамаллуқ аст. Вай мегӯяд, ин падида ба як “маразе бидуни табобат” мубаддал шудааст. Вай мегӯяд: “Ин падида солҳо инҷониб дар миёни мансабдорони сатҳи гуногун мавҷуд буд. Баъдтар ба фарҳангиёни наздик ба ҳукумат низ сироят кард, Худо накунад, ки табдил ба офат шавад. Вақте дар парламент қонун дар бораи Пешвои миллатро қабул мекарданд, ягон вакил, бо шумули Шукурҷон Зуҳуров бо такя ба мантиқу илм дар бораи
зарурати Пешвои миллат ҳамчун институт сухан карда натавонистанд. Ҳамагӣ бо такя ба шиору шеър, ки ба тамаллуқ мерасад, ҳарф мезаданд”.
Хабарнигори мустақил мегӯяд, ки агар дар гузашта тамаллуқу шахспарастӣ бештар марбут ба президент буд, ҳоло доирааш васеътарро шуда, талош мешавад ба пайвандони ӯ, аз ҷумла ба ҳамсару фарзандонаш низ тавсеа ёбад. “Дигар ба нуқтаи иғроқ расид”, мегӯяд Абдуазими Абдуваҳҳоб.
Шоир Бахтиёр Аминӣ ба ин бовар аст, ки аслан падидаи тамаллуқкорӣ собиқаи қадим дорад, вале баъди соли 2000-ум авҷ гирифт ва “ҳоло саросар ба ин беморӣ гирифтор шудаем”. Вай мутмаин аст, ки ин кор
”теша ба решаи давлатдорӣ” мезанад, чун ҳама ба ғайр аз таърифу тавсиф кори дигар надоранд ва дар фикри ислоҳи хатоҳо нестанд.
Муҳаррири вебсайти catoday.org Марат Мамадшоев ҳам мегӯяд, ҳатто бо назардошти падидаи вуҷуддоштаи шахспарастӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, пешниҳоди ахир дигар як “ифрот” аст. Вай бовар дорад, ки ин пешниҳод бидуни мувофиқати мақомоти ҳукуматии кишвар, “шояд худи президент Раҳмон” дар як сомонаи расмӣ пахш шуд.
Ин рӯзноманигор мегӯяд, “ҳатто агар аз лиҳози амалӣ қабул шудани қонун дар бораи пешвои миллатро фаҳмида шавад, пешниҳоди Муҳаққиқ маълум нест чӣ ҳадаф дорад”. Шояд, мегӯяд ӯ, “ҳадаф танҳо хушомад задан ба ҳамсари президент бошад”. Ба ҳар сурат, мегӯяд ӯ, таҳлилгарони рӯ ба ҳукумат дарк намекунанд, ки “чунин ташаббусҳо хеле дардноканд ва барои обурӯи ҳукумат зарар доранд”. Аз миёни
мусоҳибони зан, ки барои изҳори назар муроҷиат кардем, нафаре омода нашуд, ки дар ин бора сӯҳбат кунад.
Танҳо бидуни микрофон бархе гуфтанд, ки Азизамоҳ Раҳмонова то ин охирҳо ҳамеша талош мекард аз мазҳари ом дур бошаду аз ҳамроҳии ҳамсараш дар сафарҳои расмӣ худдорӣ мекард. Меҳмоннавозии оилаи президенти Чин дар бӯстонсарои президенти Тоҷикистон шояд яке аз муфассалтарин наворҳои видеоие бо ширкати хонум Раҳмонова буд, ки дар муҳими ғайрирасмии хонаводагӣ сабт шуда буд.
Бархе дигар гуфтанд, ки ӯро ҳамчун як модари серфарзанд ва зани фаҳмидаву хушмуомила медонанд ва дар бораи фаъолиятҳои иҷтимоии эҳтимолиаш чизе нашунидаанд. Аммо як зане, ки бо таҳқиқоти иҷтимоӣ машғул аст, гуфт, пешниҳоди ба ӯ додани мақоми “пешвои занон” идомаи ҳамон падидаи “шахспарастӣ” аст, ки акнун аз президент ба ҳамсараш ҳам гузаштааст. Ин ҷомеашинос гуфт, “агар ҳақиқатро бигӯям, метарсам, пушти панҷараам мекунанд”.