Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозор Собир ба Амрико рафт


Шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир Тоҷикистонро ба қасди Амрико тарк кард, вале наздикони вай мегӯянд, ки ӯ ба хотири дидори фарзандонаш сафар намудааст.

Хешовандони шоир рӯзи душанбеи 9 июн ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки Бозор Собир рӯзи шанбе билет дошт ва се рӯз қабл ба Амрико сафар кард. Ба гуфтаи онҳо, ҳадаф аз сафари Бозор Собир ба Амрико танҳо дидори наберагону фарзандонаш аст, ки беш аз як сол мешавад онҳоро аз наздик надидааст.

Наздикони Бозор Собир мегӯянд, чуноне ҳангоми бозгашташ аз Амрико дар моҳи майи соли гузашта дар расонаҳо ҳангомаҳо пахш шуданд, ки гӯё ӯро барои таблиғи маъракаи пешазинтихоботии президентӣ оварда бошанд, дар ин сафараш ба Амрико набояд ба ҳангомаҳои роҳ дод, чунки Бозор Собир дар дасташ билети бозгашт низ дошт.

Бозори Собир, шоири шинохтаи тоҷик, 27 майи соли гузашта аз Амрико ба Тоҷикистон баргашта буд. Бозори Собир, ки тайи 19 соли мусофираташ дар Амрико дастикам 3 дафъа ба Тоҷикистон омада буд, ҳини бозгашташ гуфта буд, ин бор бо даъвати бевоситаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргаштааст.

Бозори Собир аз соли 1994 дар Сиэтлли Амрико ба сар мебурд. Бозор Собир соли 1938 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ дар солҳои 70 ва 80 дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт ва бо шеърҳое, чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи Мӯъмин Қаноату Лоиқ ва Гулрухсор аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80 ба ҷунбиши Растохез пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд.

Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро дар оғози соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонданд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.
XS
SM
MD
LG