Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ситораи Президент" - нахустин ордени Бозор Собир. Аммо чаро дараҷаи 3?


Тақдими "Ситораи Президент дараҷаи 3" ба шоири саршиноси тоҷик Бозор Собир.
Тақдими "Ситораи Президент дараҷаи 3" ба шоири саршиноси тоҷик Бозор Собир.

Ба муносибати солгарди истиқлолияти Тоҷикистон раисиҷумҳур ба гуруҳе аз ходимони илму адаб ва сохторҳои қудратӣ ҷоизаҳо тақдим дошт.

Бино бар иттилои торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи 4-уми сентябр ба муносибати 22-юмин солгарди эълони истиқлолияти кишвар, президент Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 400 нафар мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ тақдим намуд.

Ин маросим бо тақдими ордени "Ситораи Президент дараҷаи 3" ба шоири саршиноси тоҷик Бозор Собир оғоз ёфта, дар ҷараёни он ба шаҳрвандоне, ки "дар рушду нумуи бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму техника, фарҳанг ва хизмати давлатии Тоҷикистон саҳми арзандаи таҳсин гузоштаанд, бо ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҳои гуногуни фахрӣ, аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд."

Бозор Собир вақте орденашро аз дасти Эмомалӣ Раҳмон мегирифт, гуфт, "ин нахустин орденест, ки ман дар умраш гирифтаам."

Ҳамчунин ба теъдоде аз кормандон ва ходимони Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои қудратию интизомӣ ордени Спитамен дараҷаи 2, медали Марзбони шуҷои Ватан, унвонҳои фахрӣ ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Дар торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта мешавад: "Ба панҷ нафар олимони варзида ва пурмаҳсули кишвар Ҷоизаҳои, давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника тақдим гардид. Инҳо доктори илмҳои физика ва математика Зафар Усмонов, доктори илмҳои тиббӣ Абдумалик Давлатов, доктори илмҳои тиббӣ Убайдулло Қурбонов, доктори илмҳои тиббӣ Каримҷон Ортиқов ва доктори илмҳои таърих академик Раҳим Масов ва мебошанд. Понздаҳ нафар олимони ҷавон барои корҳои намоёни эҷодӣ ва кашфиёти илмӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонда шуданд."

Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, 27 майи соли равон, пас аз 19 солаи ҳиҷрат бо даъвати бевоситаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт ва мақомоти давлатӣ гуфтанд, бозгашти ӯ ба интихоботи президентии моҳи ноябри имсол рабте надорад. Пас аз ҳафтаҳое аз бозгашташ шоир дар вазфи раисиҷумҳур дар ҳаммуаллифӣ бо узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Низом Қосим шеъри ситоишие навишт, ки бо оҳанги ҳунарпеша Сайидқул Билолов дар маросими давлатӣ ва телевизионҳои кишвар садо дод.
XS
SM
MD
LG