Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки дар оғози тобистони соли равон баъди 19 соли зиндагӣ аз ғурбат бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт, дар шеъри наваш раисиҷумҳурро ҳамчун “ бастакор-и нақбҳои Анзобу Шаршару Чормағзак ва “бастакори ГЭС-и Роғон” тавсиф кардаааст, ки “пойгоҳи давлат”-ашро ҳам “кафшер” кардааст. Дар ин шеър ки бо номи “Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро” нашр шудааст, Бозор Собир аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “фарзанди деҳқон”-у “деҳқонбаччаи қишлоқ” ҳам ном мебарад, ки “дасту панҷаҳои маҳкам”-аш “аз каланду досу мисрон” Сахту “шахшӯл” шудаанд. Бо зангшӯлаи давлат монанд кардани садои гарм”-и раисиҷумҳури кунунӣ, ё “дар рӯи ту мебинем рӯи миллатро, нури миллатро” аз дигар ташбеҳҳоест, ки дари н шеър дар тавсифи Эмомалӣ Раҳмон истифода шудааст.
Вақте Бозори Собир тақрибан ним сол пеш бо даъвати шахсии Эмомалӣ Раҳмон аз мусофирати тӯлониаш дар Амрико баргашт, ин бозгашт дар ҷомиа вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Як гурӯҳ аз бозгашти шоир истиқбол мекарданд, гурӯҳе ӯро интиқод мекарданд, ки аз ақидааш ба хотири шояд манофеъи молӣ пас гашт. Бисёриҳо ҳамин тавр, ҳадс мезаданд, ки мақомот шояд ӯро ба хотири истифода дар таблиғу ташвиқи раисиҷумҳур, бахусус дар маъракаи пешазинтихоботии ӯ даъват карда бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро баъди баргаштанаш шахсан дар Қасри Миллат пазируфт ва тамоми ин қасрро барои шоир тамошо ҳам дод. Ба дунбол, мақомот эълон карданд, ки барои Бозор Собир дар Душанбе як манзил низ ҷудо кардаанд.
Дар арафаи ҷашни истиқлол ба Бозор Собир ордени "Ситораи президент" низ доданд ва дар як сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ваҳдат низ ин шоири маъруф зоҳир шуд. Вале истифодаи "амалӣ"-и мақомот аз номи Бозор Собир бо ҳамин гӯё хатм шуд. Албатта, ба истиснои як шеъри ҷанҷолбарангез, ки моҳи июл дар ҳамон "Ҷумҳурият" ба табъ расид.
Ин нахустин шеър бо имзои Бозор Собир дар васфи Эмомалӣ Раҳмон чунин нақарот дошт:
Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!
Чоп ин шеър ба вокуниши умдатан манфии ҳаводорони ашъори Бозор Собир рӯбарӯ шуд. Аммо баъди чанде Саидқул Билолов, овозхони шинохтаи тоҷик, ки аз дӯстони наздики Бозор Собир буда ва бештар аз ашъори ӯ тарона месозад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар асл ин шеъри чопшуда моли шоири дигари тоҷик Низом Қосим буд ва “саҳм”-и Бозор Собир танҳо таҳрири ҳамон як байти нақароташ будааст.
Худи Бозор Собир ҳам ҳафтае пеш дар як гуфтугӯи ихтисосиаш бо Озодӣ гуфт, ӯ дар ҳаққи президент танҳо як байт ва онро ҳам дар соядасти китобе гуфтааст, ки ба Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфа карда буд: “Аммо дар ин мавриде, ки гӯё ман ба президент тамаллуқ задам ё мадҳия гуфтаам, ин як ҳангомаи ҳафтаворҳои ҷумҳурист. Дағдағаю ҳангомаи ҳаминҳост. Дар асл ду мисраъ соядаст аст, ки дар китобчаи «Хуни қалам» ба президент тақдим карда будам. Агарчи ӯ мӯҳтоҷи шеъри ман нест, вале касе, ки ин қадар бозсозию азнавсозӣ кардааст, ин қадар роҳу тунел кушодааст, ман бо ӯям. Касе, ки ГЭС-и Роғунро сохта истодааст, боз ҳам ман бо ӯям. Касе, ки пайваста дар фикри саноат аст, дар фикри корхонаҷот аст ва дар фикри техникакунонии ҷумҳурист, ман бо ӯям. Умуман, ӯ аз ҳамаи ин демократиябозҳои мавҷудаи демагог афзалияту бартарии ҷиддӣ дорад.”
Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, баъди 10 рӯз ба синни 75 мерасад. Бозор Собир дар солҳои 70 ва 80 дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт ва бо шеърҳое, чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи Мӯъмин Қаноату Лоиқ ва Гулрухсор аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80 ба ҷунбиши Растохез пайваста, соли 1990 аз зодгоҳаш Файзобод вакили Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро дар оғози соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонданд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.
Дар Амрико Бозори Собир бисёре аз ақидаҳои қаблиашро дигар ва шеърҳои пешинашро аз нав таҳрир кард. Дар ашъори солҳои охири ӯ бештар ҳасрат аз хубиҳои даврони Шӯравӣ эҳсос мешавад.
Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро
(бознашр аз “Ҷумҳурият”)
Ба муносибати интихоби нави Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Мефишорам сахт дасту панҷаҳои
маҳкаматро
Ҳамчу дасту панҷаи фарзанди деҳқон,
Ҳамчу дасту панҷаи шахшӯли
деҳқонбаччаи қишлоқ
Аз каланду досу мисрон.
Бо садои гармат одат кардаем
Ҳамчу бо зангӯлаи давлат,
Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,
Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.
Чунки дар рӯи ту мебинем
Рӯи миллатро,
Нури миллатро,
Чунки аз пешонии бози ту мехонем
Мо хати тақдири миллатро.
Чун кафи дасти ту шаҳроҳат
Аз Душанбе то Бадахшон,
Аз канори Суғд то Хатлон;
Дар кафи дасти ту меронанд,
Дар кафи дасти ту метозанд,
Дар кафи дасти ту ҷорист
Сели мошин,
Фавҷи дарёҳои мошин.
Пойгоҳи давлататро карда кафшер
Бастакори нақби Анзоб,
Бастакори нақби Шаршар,
Бастакори Чормағзак,
Бастакори ГЭС-и Роғон
Ҳамчу оҳан,
Ҳамчу чӯян,
Ҳамчу пӯлод
Пойдор.
Бозор СОБИР