Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент ба домодаш ордени "Шараф" супурд


Эътои орден ба Ҷамолиддин Нуралиев
Эътои орден ба Ҷамолиддин Нуралиев

Президенти Тоҷикистон дар арафаи солгарди истиқлол ба домодаш Ҷамолиддин Нуралиев низ ордени «Шараф дараҷаи 2» тақдим кардааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон 5-уми сентябр иттилоъ дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон 3 сентябр дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ ба ифтихори 22-ум солгарди истиқлоли Тоҷикистон чанд тан аз кормандон ва шахсиятҳои масъули вазорати молияро низ бо нишонҳои давлатӣ сарафроз гардондааст. Аз ҷумла Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия бо ордени «Шараф дараҷаи-2 » қадрдонӣ шудааст.

Ҳамчунин мудири хазинаи давлатии маводи қиматбаҳои вазорати молия Зебунисо Давлатова ва муовини раиси сарраёсати буҷаи ҳамин вазорат Аламхон Наимӣ бо медали «Хизмати шоиста» мушарраф гаштаанд.

Ҷамолиддин Нуралиев шавҳари Озода Раҳмонова, муовини вазири хориҷа ва духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ соли 1999 пас аз хатми Донишгоҳи соҳибкорӣ як муддат ба ҳайси намояндаи Тоикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул кор карда, сипас дар симати муовини вазири молия ва аз соли 2010 ба ин тараф ҳамчун муовини аввали вазири молия фаъолият дорад.

Номи Ҷамолиддин Нуралиев ду сол пеш, дар пайи ба ширкати то он замон ношиноси IRS(Innovative Road Solutions) супурдани масъулияти пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд – Чаноқ, нахустин роҳи пулакии Тоҷикистон ва танҳо роҳи иртиботи заминӣ байни манотиқи шимол ва маркази ин кишвар, вирди забони расонаҳо шуд. Манобеъи мутааддиде ба матбуот гуфтанд, ки ин ширкати дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабтиномшуда дар асл ба домоди президент Ҷамолиддин Нуралиев тааллуқ дорад.


Яке аз нуқтаҳои пулчинии IRS дар мавзеъи Ҳушёрии дараи Варзоб
Яке аз нуқтаҳои пулчинии IRS дар мавзеъи Ҳушёрии дараи Варзоб
Оқои Нуралиев ба дунбол танҳо дар як мусоҳибааш, ки ба Радиои Озодӣ дода буд, ҳар навъ даст доштанаш дар фаъолияти ин ширкати пулчиниро радд карда буд. Вале баъдан дар чанд маъракаи марбут ба кори IRS зоҳир шудани ӯ ва ироаи имтиёзҳои фаровон аз сӯи ҳукумат ба ин ширкат, аз ҷумла дар ҳамон соли 2011 раҳо кардани шонааш аз масъулияти пардохти андоз барои 25 сол ва дар соли ҷорӣ дар ихтиёри он қарор гирифтани масъулияти нигоҳубини як қисмати бузурги шоҳроҳи дигари Душанбе-Ҷиргатол, ба оташи гумонҳое, ки IRS моли хонаводаи раисиҷумҳур аст, равғани бештар рехт. Худи Ҷамолиддин Нуралиев низ дигар кӯшиш накард, ки овозаҳои афзоянда дар ин бораро тавассути матбуот радд кунад.

Дар маросими эътои нишонҳои давлатӣ дар рӯзи 3 сентябр ба як силсила шахсиятҳои шинохта унвону нишонҳои давлатӣ дода шуд. Аз ҷумла шоири маъруф Бозори Собирро бо ордуни “Ситораи Президент”(дараҷаи 3) қадрдонӣ карданд.


Бозори Собир баъди пазируфтани ин нишон гуфт: “Ҷашни 50-солагӣ доштам, ҷашни 60-солагӣ ҳам доштам ва ҷашни 70-солагӣ ҳам доштам, вале ҳеҷ кадоме қайд нашуданд. Ман аз ин ҷашнҳо аз ҳеҷ касе на ҷома пӯшидам ва на локӣ бастам. Аммо ин бори аввал аст, ки ман бевосита, бевосита аз дасти мӯҳтарам президенти ҷумҳурӣ нишони ифтихорӣ мегирам. Ва ин аввалин нишони ман дар тамоми умри ман аст. Ман дигар нишон надорам. Ва ман аввалан бевосита аз худи мӯҳтарам президенти ҷумҳурӣ барои ин қадршиносӣ, барои ин сипос ва инчунин барои ҳамаи ҳозирон, ки шоҳиди ин воқеъа буданду кафкӯбӣ карданд, ташаккур мегӯям. Ва ман гуфта будам ки:

Ман агар қаҳрамон нахоҳам рафт,
(Баъд аз ин)
Шоири шоирон нахоҳам рафт,
Бо нишоне ки аз шумо дорам
(аз ҳамин ҷаноби мӯҳтарам президент)
Бо нишоне ки аз шумо дорам,
Аз ҷаҳон бенишон нахоҳам рафт.


Ман акнун бо дили пур аз ҷаҳон меравам.”



Бозор Собир: Бо нишоне ки аз шумо дорам...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00
Линки мустақим


Бозори Собири 75-сола, ки соли 1993, баъди ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон 10 моҳро дар зиндон ба сар бурда, аз соли 1994 дар Амрико дар ҳиҷрат қарор дошт, рӯзи 31 майи соли ҷорӣ бо даъвати шахсии оқои Раҳмон аз ғурбат баргашт. Ба дунбол раисиҷумҳур ӯро дар Қасри Миллат пазироӣ карда, дар Душанбе барояш манзил ҳам дод.

Мунтақидон мегӯянд, ки овардани Бозори Собир як гашти пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мехоҳад собиқаи алакайи 21-солаи раҳбариаш бар Тоҷикистонро бо пирӯзӣ дар интихоботи моҳи ноябр барои 7 соли дигар тамдид кунад.
XS
SM
MD
LG