Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозор Собир дар маҳфили бидуни сиёсат


Акс аз ҷараёни маҳфил.
Акс аз ҷараёни маҳфил.

Шоми 22-уми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили шеъри Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, баргузор шуд.

Толори Театри опера ва балет пур аз аҳли илму адаб буд. Дар ин маҳфил Бозор Собир шеърҳои тозаэҷодашро ба аҳли маҳфил тақдим кард ва овозхонҳои гурӯҳи ҳунарии "Дарё" аз эҷодиёти шоир таронаҳо суруданд.

Ибодулло Машраб, ҳунарманди тоҷик дар ин маҳфил шеъри ба тозагӣ эҷодкардаи Бозор Собир ба шарафи пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро суруд.

Дар охир миёни меҳмонон ва шоир саволу ҷавоб доир шуд. Бозор Собир шикоят аз он кард, ки дар толор ҷавонони зиёдро намебинад.

Ин маҳфил бо ибтикори Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва ба муносибати 75-солагии зодрӯзи Бозор Собир сурат гирифт. Низом Қосим, шоири тоҷик ва аз дӯстони Бозор Собир рӯзи ҷумъаи 22-юми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин танҳо маҳфили адабӣ бо ҳузури Бозор Собир ва бидуни сиёсат хоҳад буд. "

Ба ин тартиб дар канори сӯҳбату шеърхонии Бозор Собир дар ин маҳфил, ҳунармандони дастаи ҳунарии "Дарё"-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба раҳбарии Саидқул Билолов ва ҳамчунин дигар ҳунармандони ҳаводори шеъри Бозор ҳунарнамоӣ намуданд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки аз чанд рӯзи пеш омодагиҳо ва тамрин барои баргузории ин маҳфил дар Театри опера ва балет ҷараён дошт. Ихлосмандони шеъри Бозор Собир соати 17.00 танҳо бо даъватнома имкони баҳра бардоштан аз ин маҳфили шеъру таронаро доштанд.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ дар солҳои 70 ва 80 дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт ва бо шеърҳое, чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи Мӯъмин Қаноату Лоиқ ва Гулрухсор аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80 ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваста, соли 1990 аз зодгоҳаш Файзобод вакили Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд.

Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро дар оғози соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонданд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид. Дар Амрико Бозори Собир бисёре аз ақидаҳои қаблиашро дигар ва шеърҳои пешинашро аз нав таҳрир кард. Дар ашъори солҳои охири ӯ бештар ҳасрат аз хубиҳои даврони Шӯравӣ эҳсос мешавад.

Бозор Собир дар оғози тобистони соли равон баъди 19 соли зиндагӣ аз ғурбат бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт. Вақте Бозори Собир аз мусофирати тӯлониаш дар Амрико баргашт, ин бозгашт дар ҷомиа вокунишҳои мухталиферо ба бор овард. Як гурӯҳ аз бозгашти шоир истиқбол мекарданд, гурӯҳе ӯро интиқод мекарданд, ки аз ақидааш ба хотири шояд манофеи молӣ пас гашт. Бисёриҳо ҳамин тавр, ҳадс мезаданд, ки мақомот шояд ӯро ба хотири истифода дар таблиғу ташвиқи раисиҷумҳур, бахусус дар маъракаи пешазинтихоботии ӯ даъват карда бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро баъди баргаштанаш шахсан дар Қасри Миллат пазируфт ва тамоми ин қасрро барои шоир тамошо ҳам дод. Ба дунбол, мақомот эълон карданд, ки барои Бозор Собир дар Душанбе як манзил низ ҷудо кардаанд.Дар арафаи ҷашни истиқлол ба Бозор Собир ордени "Ситораи президент" низ доданд ва дар як сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ваҳдат низ ин шоири маъруф зоҳир шуд.

Ахиран дар нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” шеъри нави Бозор Собир ба муносибати пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр нашр шудааст. Дар ин шеър Бозор Собир раисиҷумҳурро ҳамчун “ бастакор-и нақбҳои Анзобу Шаршару Чормағзак ва “бастакори ГЭС-и Роғон” тавсиф кардаааст, ки “пойгоҳи давлат”-ашро ҳам “кафшер” кардааст. Дар ин шеър ки бо номи “Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро” нашр шудааст, Бозор Собир аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “фарзанди деҳқон”-у “деҳқонбаччаи қишлоқ” ҳам ном мебарад, ки “дасту панҷаҳои маҳкам”-аш “аз каланду досу мисрон” Сахту “шахшӯл” шудаанд. Бо зангшӯлаи давлат монанд кардани садои гарм”-и раисиҷумҳури кунунӣ, ё “дар рӯи ту мебинем рӯи миллатро, нури миллатро” аз дигар ташбеҳҳоест, ки дар ин шеър дар тавсифи Эмомалӣ Раҳмон истифода шудааст.
XS
SM
MD
LG