Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал 63, лейтенант 53. Синни нафақаи кормандони гумрукро боло мебаранд


Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон
Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки синни нафақаи кормандони Хадамоти гумрук се сол боло бурда шавад. Дар сурати пазируфта шудани тарҳ аз тарафи порлумон, генералҳои ин Хадамот дар 63, полковникҳо дар 58 ва соҳибони рутбаҳои поёнтар дар 53-солагӣ ба нафақа хоҳанд баромад. Қаблан, синни бознишастагӣ барои генерали Хадамоти гумрук 60, полковник 55 ва рутбаҳои поёнтар 50 буд.

Сарҳадбон дар шароити сахт кор мекунад ва ӯ ҳавасманд буд, ки бо 20 соли собиқаи корӣ ба нафақа барояд. Аммо вазъи кормандони гумрук ба куллӣ фарқ мекунад. Худи онҳо ҳавасманд нестанд, ки ба нафақа бароянд.

Хадамоти гумрук, ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ, яке аз идораҳои “сермуштарӣ” миёни довталабони ҷойи кор дар Тоҷикистон аст. Соли гузашта барои ишғоли вазифаҳое, ки аз 400 то 800 сомонӣ ё аз 60 то 120 доллари амрикоӣ дар ин ниҳод пешниҳод шуда буд, то даҳ нафар барои як ҷой довталаб шуданд. Ин маблағ камтар аз маоше буд, ки омӯзгорон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон мегиранд.

Раҳимзода: Тарҳ дар ҳоли баррасист

Шариф Раҳимзода
Шариф Раҳимзода

Шариф Раҳимзода, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 19 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукумат ин тарҳро бо назардошти нигоҳ доштани иқтидори кории шаҳрвандон дар хизмати давлатӣ, буҳрони молӣ ва имкони буҷети давлатӣ пешниҳод кардааст. Ӯ гуфт, “ҳоло ҳисоб кардан мушкил аст, ки чӣ қадар ба буҷет фоида меорад, аммо ин ҳатман ба буҷет фоида меорад. Мо дар масъалаи буҷетӣ мушкил дорем.”

Ба гуфтаи ин вакили порлумон, “вақте як нафар дар Хадамоти гумрук кор мекунад, ӯ андоз месупорад, ки ба нафъи буҷет аст. Дар сурати ба нафақа рафтан ӯ бидуни кор маблағи наздик ба маошашро мегирад, ки ба фоида нест.”

Панҷ ҳазор нафар бештар бознишаста шуданд

Абдусалом Қурбониён
Абдусалом Қурбониён

Соли гузашта низ Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон гуфта буд, дар Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ нафақа мегиранд, ки дар миёни онҳо афроди 38-40 сола низ ҳаст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи вазир дар замони осоишта онҳо қобилияти кории 5 – 10 соли дигарро доранд.

Ин тарҳ дар ҳоле пешниҳод мешавад, ки масъулони Оҷонсии нафақа мегӯянд, соли 2016 беш аз 17 ҳазор нафар дар Тоҷикистон бознишаста шудааст, ки нисбат ба солҳои гузашта 5 ҳазор бештар будааст.

Бар асоси Қонуни нави нафақа, ки аз соли 2017 ба амал даромад, афроди бознишаста бар асоси мизони маош ва андозҳои ба давлат пардохтаи худ нафақа мегиранд. Қаблан аксари бознишастаҳо аз рӯи меъёр аз 130 то 624 сомонӣ нафақа мегирифтанд.

“Нигарониҳоро аз байн мебарад”

Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, воқеан, ин қонун нигарониҳои аксар кормандонро, ки ба 25 соли собиқаи корӣ нарасида, ба нафақа мебаромаданд, аз байн мебарад. Як корманди Хадамоти гумрук рӯзи 19 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қонун корманди Хадамоти гумрук, ки 25 сол собиқаи корӣ дорад, метавонад, ба миқдори 80 дар сади маошаш нафақа бигирад.

Ӯ гуфт, “бисёриҳо метарсанд, ки собиқаи кориашон ба 25 нарасида, 50 ё 55-сола мешаванд ва ба нафақа мебароянд. Аз ин рӯ, ҳоло се сол дароз кардан хеле хуб аст. Аз ҷиҳати дигар, дар 50-солагӣ корманди гумрук таҷрибаи хуби корӣ ва нирӯи корӣ дорад. Ӯро дар ин син ба нафақа баровардан бар зарари Хадамот аст.”

Аслан, Хадамоти гумрук дар Тоҷикистон як ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ дониста мешавад ва кормандони он ҳамчун низомӣ ба нафақа мебароянд. Таҳлилгарон мегӯянд, боло бурдани синни нафақа аз ҳама лиҳоз ба нафъи кормандони ин ниҳод равона шудааст.

Ба нафъу ба зарари кӣ?

Ҳамрохон Назиров, як коршиноси огоҳ аз ин масъала мегӯяд, қаблан ба хотири сарфаи буҷа синни хизматчиёни ҳарбиро низ афзуда буданд, вале ба гуфтаи ӯ боло бурдани синни нафақаи кормандони гумрук аз хизматчиёни ҳарбӣ фарқи зиёд дорад.

“Пештар хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми доштани 20 соли собиқаи хизматӣ ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пайдо мекарданд. Як моҳи хизмати онҳо ба якуним ё ду моҳи собиқаи хизматӣ ҳисоб карда мешуд. Cарҳадбон дар шароити сахт кор мекунад ва ӯ ҳавасманд буд, ки бо 20 соли собиқаи корӣ ба нафақа барояд. Аммо вазъи кормандони гумрук ба куллӣ фарқ мекунад. Худи онҳо ҳавасманд нестанд, ки ба нафақа бароянд. Аз ин нигоҳ, чунин тағйирот барои сарфаи буҷа ба манфиати шахсии кормандони гумрук ва як андоза бар зарари хизматчиёни ҳарбӣ аст”, - гуфт ӯ.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон, як ниҳоди калидӣ дар кишвар аст, ки дар ҳоли ҳозир беш аз ҳазор коргар дорад. Дар гузашта ин ниҳодро Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG