Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даромади хонаводаҳои тоҷик бештар шудааст"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ эълон кард, ки вазъи молии хонаводаҳо дар Тоҷикистон беҳтар шудааст. Ин бонк дар натиҷагирии тозаи худ бо номи "Слушая Таджикистан" рӯзи 23 декабр гуфтааст, "аз моҳи май то сентябри имсол даромади миёна ба сари ҳар нафар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6 дарсад афзуд". Ин натиҷагирии Бонки Ҷаҳонӣ дар асоси пурсиши тақрибан 1000 хонавода тавассути телефон ба даст омадааст.

Аз хонаи мо ду бародарам дар Русия ҳастанд. Бовар кунед, чанд моҳ шуд пул фиристода наметавонанд...

Мақомоти бонк гуфтанд, ба қавли ҳамсӯҳбатони онҳо, аз як тараф каме бештар шудани пули фиристодаи муҳоҷирон ва аз тарафи дигар боло рафтани ҳаҷми маошу нафақа ва фаъолияти кишоварзӣ ба афзоиши даромади оилаҳо сабаб шудааст. Ба иттилои бонк, ҳаҷми пули интиқолии муҳоҷирони корӣ ба ҳисоби миёна аз 943 сомонӣ дар моҳи май то 1390 сомонӣ дар моҳи сентябр боло рафтааст. Ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта то 500 сомонӣ поин рафта буд. Вале ҳафтаи гузашта Бонки марказии Русия гуфт, дар 9 моҳи гузаштаи соли равон аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди якуним миллиард доллар пул фиристода шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта ҳудуди 15 дарсад камтар аст.

"Маошу нафақаи сокинон дар моҳи июли имсол боло бурда шуд. Аммо афзоиши даромад аз ҳисоби кишоварзӣ ба он марбут аст, ки бисёре аз муҳоҷирон ба далели бӯҳрон дар Русия ба Тоҷикистон баргашта ва ба худ ҷойи кор сохтанд", - таъкид кардааст Бонки Ҷаҳонӣ.

Муҳаммади Сангинпур, сокини Душанбе, рӯзи 25 декабр гуфт, аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз баёни ҳақиқати ҳоли зиндагиашон парҳез мекунанд ва эҳтимол ҳамин гуна худдории онҳо дар натиҷаи пурсиш ҳам таъсир гузоштааст. Вагарна, ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир даромади хонаводаҳо кам ҳам нашуда бошад, афзоиш ҳам наёфтааст. "Аз хонаи мо ду бародарам дар Русия ҳастанд. Бовар кунед, чанд моҳ шуд пул фиристода наметавонанд. Мегӯянд, зиндагӣ дар онҷо ҳам мушкил аст. Шояд даромади баъзе хонаводаҳо зиёд шуда бошад, аммо ин гапро дар ҳаққи ҳамаи оилаҳо гуфта намешавад", - афзуд ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, сол ба охираш наздик шудааст ва натиҷагирӣ аз ҳама паҳлӯҳои зиндагии сокинон дар имсол базудӣ эълон хоҳад шуд. Бонки Ҷаҳонӣ баъд аз оғози бӯҳрон ва коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон, ки даромади аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз он вобаста аст, вазъи некӯаҳволии мардумро зуд-зуд месанҷад.

Ин бонк моҳи март гуфта буд, дар се моҳи аввали имсол даромади хонаводаҳои тоҷик 27 дарсад коҳиш ёфта ва 46 дар сади хонаводаҳо барои харидани маводи ғизоӣ пули кофӣ надоранд. Муаллифони гузориш гуфтанд, шумори афроде, ки соҳиби ҷойи кор ҳастанд, дар ин давра коҳиш ёфта, даромади хонаводаҳо аз ҳисоби пули интиқолии муҳоҷирони корӣ низ кам шудааст.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, кам шудани даромади хонаводаҳо натанҳо ба камчин шудани анвои ғизоҳо дар рӯи дастархони мардум боис шуд, балки бисёре аз хонаводаҳо ҷиҳати бароварда кардани ниёзҳои асосии хеш, мисли хариди ғизо хароҷоти дигар, аз ҷумла барои нигоҳдории тандурустии хешро кам кардаанд.

Бино бар хулосаи Бонки ҷаҳонӣ, омилҳое – чун рукуди иқтисод дар Русия то лимити барқ – ба вазъи зиндагии мардум дар Тоҷикистон таъсир мегузоранд. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, рушди қавии иқтисод дар Тоҷикистон дар солҳои охир имкон дода буд, ки мизони фақр дар ин кишвар аз 37,4 дарсади соли 2012 то ба ҳадди 31,6 дарсад дар охири соли 2014 поин биояд. Вале вазъи кунунӣ, яъне таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ, бино ба арзёбии ин ниҳоди байналмилалӣ, метавонад пеши роҳи ин пешрафтҳоро бигирад.

XS
SM
MD
LG