Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин бо 230 миллион $ барои вакилони тоҷик бино месозад. ВИДЕО


Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон
Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон

Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки Маҷмаа ё бинои нави порлумони Тоҷикистон на бо сармояи Арабистони Саудӣ, балки бо 230 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашти Чин бунёд хоҳад шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки Арабистони Саудӣ харҷи сохтмони бинои нави порлумонро пардохт мекунад.

Мо бовар дорем, ки то охири имсол сохтмони бинои нав шуруъ мешавад

Ҷамшед Аҳмадзода – раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон – рӯзи 19-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бинои нави порлумон аз чаҳор ошёна иборат буда, сохтмонаш охири имсол шуруъ хоҳад шуд. Ӯ дар ин мулоқот бо хабарнигорон аз Арабистони Саудӣ ҳеҷ ном набурд ва танҳо гуфт, ки баъди музокирот Чин розӣ шудааст, ба бунёди бинои нави порлумон кумаки бебозгашт кунад.

Навори видеоӣ дар инҷост:

Чин бо 230 миллион доллар барои вакилони тоҷик бино месозад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Аҳмадзода афзуд, ин тарҳ комилан таҳия шуда ва дар ҳоли ҳозир биноҳои маҳал ва атрофи он ҳамвор мешаванд. “Тарҳи бино мувофиқ карда шуд ва корҳои топографӣ ҳам ба итмом расид. Худатон мебинед, ки биноҳои Вазорати кишоварзӣ ва ҳукумати шаҳри Душанбе ҳамвор карда шуд. Мо бовар дорем, ки то охири имсол сохтмони бинои нав шуруъ мешавад”, - афзуд ӯ.

Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх
Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх

Бинои нави порлумони Тоҷикистон дар ҷойи бинои собиқи шаҳрдории Душанбе ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар маркази пойтахт сохта мешавад. Хабари сохтмони ин бино бори аввал ду сол пеш расонаӣ гардид ва матбуот бо такя ба қавли мақомот гуфта буданд, ки ҳазинаи тарҳро Арабистони Саудӣ пардохт мекунад. Баъдан, дар моҳи майи соли гузашта ин сарусадоро Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх, раиси Маҷлиси Аш-Шӯро ё порлумони Саудӣ, ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон таъйид кард.

Ӯ дар мулоқот бо раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфта буд, ки дар ин замина дар моҳи январи соли 2016 дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Саудӣ мувофиқа шудааст. “Мо барои сохтмони Маҷмааи порлумонӣ дар Душанбе сармояи заруриро ҷудо хоҳем кард”, - гуфта буд ӯ. Вале як моҳ пеш сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кишвараш сохтмони бинои нави порлумонро сармоягузорӣ намекунад ва ба ин баҳс дар матбуот нуқта гузошт.

Бинои ҳозираи порлумони Тоҷикистон
Бинои ҳозираи порлумони Тоҷикистон

Бинои ҳозираи порлумони Тоҷикистон дар аввали солҳои 1950-ум аз рӯи тарҳи меъмор Стефан Анисимов бунёд шуда, ба истилоҳ “неокласисизм” аст. Қаблан ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар як нома ба унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хоста буданд, ки ҳадди ақал 10 бинои таърихӣ дар пойтахти кишвар бо шумули чойхонаи "Роҳат", бинои шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзӣ, театри Лоҳутӣ, бинои раёсати ҷумҳурӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳифз карда шавад. Аммо мақомоти тоҷик пайваста изҳор доштаанд, ки ин биноҳо фарсуда шуда, ба сохтмонҳои ниёз пайдо шудааст.

Чин соли гузашта дар маркази шаҳри Душанбе ва дар рӯбарӯи Вазорати дифоъ бинои бузурги Хонаи афсаронро бо понздаҳ миллион доллар ёрии бебозгашт сохта ва ба истифода дод

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе аз тахриби бинои ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳоло онҷо бинои шаҳрдории Душанбе шудааст, низ хабар дод. Ҷамшед Аҳмадзода гуфт, дар ин лоиҳа баъзе камбудҳо вуҷуд дошт ва баъд аз ислоҳ шудан сохтмони он низ оғоз мегардад. Дар посух ба суоли инки харҷи ин сохтмонро кӣ хоҳад дод, Аҳмадзод хеле кӯтоҳ гуфт, ки “Хитой месозад. Фақат Хитой, тамом.”

Чин ё Хитой дар ҳоли ҳозир яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Ин кишвар то кунун чандин иншоотро ба гунаи грант ва низ қарзҳои дарозмуддат дар Тоҷикистон сохта ва ба истифода додааст. Соли гузашта ин кишвар дар маркази шаҳри Душанбе ва дар рӯбарӯи Вазорати дифоъ бинои бузурги Хонаи афсаронро низ ба истифода дод, ки бо беш аз сад миллион юан ё понздаҳ миллион доллар ёрии биловази Пекин сохта шудааст.

XS
SM
MD
LG