Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои сафорати нави Эрон дуним гектар замин додааст


Мақомоти Эрон гуфтанд, ки Тоҷикистон барои бунёди бинои нави сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе дуним гектар замин ҷудо карда ва сохтмонаш дар ҳоли анҷомшавист. Равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Эрон ин иттилоъро рӯзи 10 март, баъд аз он расонаӣ кард, ки чанде аз нашрияҳои чопи он кишвар мақомоти Ҷумҳурии Исломиро ба фурӯши бинои ҳозира ё кӯҳнаи сафорат ба Тоҷикистон айбдор карданд.

То ҳол намояндагони сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва мақомоти Душанбе ин вазъиятро шарҳ надодаанд ва ҷузъиёти дигари “додугирифти” миёни онҳо дастрас нест.

Вазорати умури хориҷии Эрон дар шарҳи ин баҳсҳо гуфтааст, дар пайи ба иҷро даромадани “Генплан” ё нақшаи куллии Душанбе маҷбур шуд, бинои ҳозираи сафоратро дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон бигузорад ва "ин кор қонунӣ сурат гирифтааст".

"Бо таваҷҷӯҳ ба қарор гирифтани бинои сафорат дар нақшаи куллии Душанбе давлати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ин тарҳ ҳамкории кишварамонро дархост намуд. Онҳо бар иловаи арзиши бинои ҳозираи сафорат барои бунёди бинои нав дуним гектар замин ихтисос доданд. Ҳаргуна тағйир ва таҳаввул ва вогузории амволи давлатӣ бар асоси иҷозаи мақомоти расмӣ сурат гирифтааст", - таъкид шудааст дар шарҳи Вазорати умури хориҷии Эрон.

Оятуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон
Оятуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон

Хабаргузории "Меҳр" бо такя ба қавли мақомоти Вазорати умури хориҷии Эрон навишт, бинои ҳозираи сафорат, воқеъ дар паҳлӯи бинои порлумон ва Кумитаи омори Тоҷикистон, дар оғози солҳои навадум аз тарафи ҳукумати кишвар бо масоҳати 945 метри мураббаъ дар ихтиёри сафорат қарор гирифта буд. Ба қавли онҳо, тайи солҳои гузашта 27 сохтмони гирду атрофи сафорат, ки бархе аз онҳо камтар аз 20 метри мураббаъ масоҳат доштаанд, низ харидорӣ шуда ва ба бинои аслӣ ҳамроҳ гардидаанд.

То ҳол намояндагони сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва мақомоти Душанбе ин вазъиятро шарҳ надодаанд ва ҷузъиёти дигари “додугирифти” миёни онҳо дастрас нест. Аз ҷумла, маълум нест, ки ҷониби Тоҷикистон барои бинои кӯҳнаи сафорати Эрон чӣ қадар пул пардохтааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳури пешини Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод
Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳури пешини Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

Аммо қаблан бархе аз намояндагони порлумони Эрон расман аз он нигаронӣ карда буданд, ки мақомоти тоҷик амлоки мутааллиқ ба Ҷумҳурии Исломӣ дар пойтахти Тоҷикистонро “аз худ мекунанд”. Мустафо Афзалифард, сухангӯи Кумисюни асли навади Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, як ниҳоди махсуси порлумони ин кишвар моҳи августи соли 2015 ба хабаргузориҳо гуфта буд, ки ба Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳушдор додаанд, то садди роҳи мусодираи амлок ва таҷҳизоти сафорат шаванд.

Сохтмони бинои нави сафорати Эрон дар наздикии Қарияи Боло ва дар ҳамсоягии сафорати Русия дар Тоҷикистон ҷараён дорад. Ин бино аз чаҳор ошёна иборат буда, бар асоси лоиҳа, дар рӯ ба рӯяш иншооти меъморие бунёд хоҳад шуд, ки таҷассумгари дӯстии мардуми Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон хоҳад буд.

Равобити Тоҷикистону Эрон дар оғози солҳои навадум шурӯъ шуда, замони авҷаш ба давраи раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод рост меояд. Дар замони ҳукумати ӯ Эрон дар Тоҷикистон нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда 2"-ро сохта, барои роҳандозии телевизиони муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон иқдом карда буд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Муносибати Тоҷикистону Эрон баъди он тағйир ёфт, ки бо як қарори Додгоҳи олӣ дар моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон террористӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Теҳрон дар солҳои ҷанг ва баъд аз он аз ин ҳизби исломӣ пуштибонӣ кардааст.​

Ҳизби наҳзати исломӣ тирамоҳи соли 2015 ба дунболи ошӯби мусаллаҳонаи муовини вазири дифоъ генерал Абдуҳалим Назарзода дар Душанбе баста ва раҳбаронаш ҳамдасти ӯ эълон шуданд. Ҳамзамон мақомоти кишвар ва баъзе давлатҳои ҳамсоя, мисли Қазоқистон, ба вуҷуди дасти кишвари хориҷӣ дар ин ҳодисаҳо ишора карданд. Моҳи декабри ҳамон сол раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳамагуна иттиҳоми терроризмро алайҳи ҳизбаш рад мекунад, ба Теҳрон сафар кард ва бо раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ин амал боиси ранҷиши Душанбе ва коҳиши робитаҳо байни ду кишвар шуд.

Аммо ҳоло ду ҷониб аз беҳбуди равобит хабар дода ва гуфтаанд, ки тарафдори тақвияти ҳамкориҳо ҳастанд.

XS
SM
MD
LG