Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон тафтиши парвандаи Раҷабалӣ Одинаев, раҳбари ширкати "Умед 88"-ро ба анҷом расонидааст.
Як манбаи огоҳ аз тафтиши парванда рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, парванда пас аз омӯзиши Додситонии кулл рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба додгоҳ меравад.
Раҳбари ин ширкат ба напардохтани беш аз 170 миллион сомонӣ қарзи Вазорати молия айбдор мешавад. Ӯ моҳи октябри соли гузашта замоне боздошт шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҷаласае гуфт, раҳбарияти ширкати “Умед-88” пули нирӯгоҳи Роғунро, ки тавассути Вазорати молия дастрас кардаанд, барнагардондааст.
Раҷабалӣ Одинаев беш аз ҳафт моҳ боз дар боздошт қарор дорад. Пас аз чаҳор моҳи боздошт парвандаи раҳбари “Умед-88” мӯҳри махфӣ гирифт. Аз ин рӯ, вакили дифоъ ва мақомоти тафтишот дар бораи раванди тафтишот ва ҷузъиёти он сӯҳбат намекунанд.
Пайвандони Раҷабалӣ Одинаев мегӯянд, як қисмате аз пули қарз супурда шудааст ва талош доранд, то маблағи боқимондаро низ пардохт кунанд. Саодат Одинаева, як тан аз пайвандони раҳбари ширкати “Умед-88” рӯзи 25-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба озод шудани Раҷабалӣ Одинаев умедворанд.
“Аллакай як миқдор пули қарзӣ супорида шудааст. Агар дархости моро ба назар гиранд ва ӯро бо иҷозаи берун нашудан аз маҳали зист, озод кунанд, қарз пурра пардохт мешавад. Ба ҳар ҳол мо умедворем, ки ӯ озод мешавад. Ҷинояти вазнин содир накардааст. Мо ба адолат бовар дорем”- гуфт ӯ.
Саодат Одинаева мегӯяд, Раҷабалӣ Одинаев беш аз 20 бор аз бонкҳо қарз гирифта, онҳоро дубора пардохтааст. Ӯ гуфт, ин қарзро низ дар сурати имконият додан пардохт хоҳад кард.
Аз ин пеш, ба ширкати "Умед 88" ба хотири пардохти қарзаш аз вазорати молия, иҷозаи фурӯши нуқтаҳои сӯзишвориашро дода буданд.
"Умед 88" яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи маводи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо “Газпром”-и Русия ва ширкати хусусии “Фароз” дар рақобат қарор дошт.
Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаев – раиси ширкати нафтрасони “Умед-88”-ро моҳи октябри соли гузашта боздошт кард.
Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳои чанд моҳи охир аст.