Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва аз муаллифони ин тарҳ, ин матлабро рӯзи ҷумъа зимни як нишаст, ки таҳти унвони "Издивоҷ ва танзими қонунии он" баргузор шуд, баён кард.
Вай бори дигар ба манъи издивоҷҳои хешутаборӣ таъкид кард ва гуфт, ки ҳамакнун дар Тоҷикистон то 25 ҳазор кӯдак маъюб ҳастанд, ки 35-40 дарсади онҳо маҳсули издивоҷҳои хешутаборӣ ҳастанд.
Хонум Амиршоева дар ин нишаст гуфтааст, ки таҳқиқотҳо собит кардаанд, ки аксари издивоҷҳои хешутаборӣ дар хонаводаҳои сарватманд сурат мегирад, зеро ин хонаводаҳо намехоҳанд, ки дороиҳояшон "бегона" шавад.
Ин нишаст бо ибтикори Маркази миллии қонунгузории назди раёсати ҷумҳурӣ Тоҷкистон ва бо ҳузури мақомоти давлатӣ масъулони созмонҳои байнамилаливу иҷтимоӣ ва коршиносону мутахассисон баргузор шуд.
Саодат Амиршоева, вакили порлумони Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки издивоҷи хешутаборӣ аз роҳи қонун манъ карда шавад. Хонум Амиршоева «тоза кардани хуни миллати тоҷик ва генафонди миллӣ»-ро ҳадафи ин пешниҳоди худ унвон мекунад.
Ин вакили порлумон қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки пешниҳоди вай дар чорчӯби ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси оила дар нишасти ахири Шӯрои Маҷлиси намояндагон, палати поёнии порлумон ба инобат гирифта шуд ва ба ин хотир гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи вакилон ташкил гардид.
Он гуна, ки Саодат Амиршоева, гуфт, раҳбарии ин гурӯҳро Назира Ғаффорова, муовини раиси Маҷлиси намояндагон бар дӯш дошта ва ба он ҳафт нафар вакилон, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ватанов, Амирқул Азимов, Хайринисо Юсуфӣ, раисони кумитаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон,тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амният, масоили иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ва чанд тани дигар шомил гардидаанд, ки бояд дар муддати ду моҳ лоиҳаи ин қонунро ҳамаҷониба омӯхта ва барои баррасӣ ба порлумон ироа кунанд.
Саодат Амиршоева мегӯяд, ташаббуси манъи издивоҷи хешутаборӣ аз интихобкунандагонаш дар минтақаи Қӯрғонтеппа маншаъ мегирад, ки онҳо дар сӯҳбатҳо бо вакил ташвишу нигарониашонро дар ин замина баён кардаанд.
Ҳамчунин ин вакили порлумон меафзояд, ки паёмади мушкили издивоҷи хешутаборӣ, ки дар пайи он фарзандони маъюбу носолим ба дунё меоянд, ӯро водор кардааст, то ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кунад ва тавонад аз роҳи қонунӣ пеши роҳи ин падидаро бигирад.
Ин дар ҳолест, ки оморҳои расмӣ ҳокист, ки 50 дарсади кӯдаконе, ки дар пайи издивоҷи хешутаборӣ ба дунё меоянд, мубталои бемориҳои мухталифи ирсӣ ҳастанд ва танҳо 25 дарсади онҳо солиманд. 25 дарсади кӯдакони ин гуна хонаводаҳо, гирифтори бемориҳои модарзодӣ ҳастанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ дар ин авохир ба ҷилавгирӣ аз раванди издивоҷҳои хешутаборӣ таваҷҷӯҳ карда ва тариқи шабакаҳои радио ва телевизион барномаҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳандози кардааст.
Аммо дар сурати қабул шудани пешниҳоди Саодат Амиршоева, шеваи мушаххас кардани хешутабории ду ҷавон чӣ гуна сурат мегирад ва дар сурати ошкор шудани хешутабории ду ҷавоне, ки издивоҷ мекунанд, кадом ҷазое онҳоро дар пеш аст? Саодат Амиршоева мегӯяд, «ин паҳлӯи масъала дар Кодекси оила вуҷуд дорад, ки ҳангоми бастани ақди никоҳ аз ҷавононе, ки бо ҳам оила барпо мекунанд, санадҳои махсусе талаб карда мешаванд, ки онҳо пайванди хешутабори хунӣ надоранд. Аммо боз ҳам гурӯҳи корӣ сари ин масъала кор хоҳад кард. Дар масъалаи ҷазо, дар кодекси маъмурӣ бояд ҷазо муқаррар карда шавад, ки нақзкунандаи қонун дар чорчӯби он муҷозот хоҳад шуд».
Гузашта аз ин, ин вакили порлумон бар ин назар аст, ки «бояд ҷомеа минбаъд фарзандони худро тарзе тарбия кунанд, ки духтари хола барои онҳо хоҳар, писари тағову амак бародар аст. Нагузорем, ки бо иштибоҳи худ ҳам хуни миллати тоҷикро олуда кунему ҳам фарзандони маъюбу маслуқ ба дунё орем».
Зимнан, бар пояи пажӯҳише, ки соли гузашта дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон анҷом шуд, мушаххас гардидааст, ки 80 дарсади кӯдакони маъюб дар хонаводаҳое ба дунё меоянд, ки издивоҷи хешутаборӣ доранд. Ва 15 дарсади хурдсолоне, ки аз бемориҳои мухталиф ҷон медиҳанд, аз никоҳҳои хешутаборӣ зода мешаванд. Бештари мавориди никоҳи хешутаборӣ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Исфара ва Истаравшан ба мушоҳида расидааст.