Саодат Амиршоева, вакили парлумон ва аз мубтакирони аслии ин лоиҳа дар ин мизи гирд, сабаби пофишории худ ба манъи чунин никоҳҳоро шарҳ дода, гуфт, ки ин як масъалаи иҷтимоист ва ҳадафи асосӣ ҳифзи саломатӣ ва тоза кардани хуни мардуми тоҷик аст: «Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ беш аз 25 ҳазор кӯдакони маъюб аст, ки 60-70 дар сади онҳо аз издивоҷҳои хешу таборӣ ва бемориҳои модарзодӣ мебошанд.»
Ба гуфтаи Саодат Амиршоева солҳои охир никоҳи хешутаборӣ бениҳоят зиёд шудааст, ба хусус аз ҷониби сарватмандон, ки намехоҳанд моликияташон бегона шавад.
Ин андешаи Саодат Амришоеваро намояндаи Раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вазорати адлияи Тоҷикистон - Муслима Миразимова - низ ҷонибдорӣ карда, гуфт, ҳарчанд тадқиқоте нисбат ба никоҳи хешу аборӣ анҷом нашудааст, ва чунин бемамониат сабт мешаванд, аммо «ба хотири инки бояд генофонди мо ҳамеша тоза бошад, ман тарафдори манъи никоҳи хешутабориам.»
Аммо гурӯҳи дигари ширкаткунандагони ин нишаст мегӯянд, шитоб дар ин масъала дуруст нест. Шодӣ Малахзод, рӯзноманигори тоҷик гуфт, «дар ин ҷо бояд тадқиқоти ҷиддии тиббӣ гузаронида шавад, ки то ҳол аз ҷониби Вазорати тандурустӣ анҷом дода нашудааст. Худи онҳо иқрор карданд, ки дастгоҳҳои лозимаро танҳо акнун оварда истодаанд.»
Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон Саодат Амиршоева иттилоъ дод, ки тарҳи қонун алакай барои баррасӣ ба Академияи улуми тиб ва Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак ва вазоратҳои дигари зидахл фиристода шудааст.
Манъи издивоҷи хешу таборӣ ахиран аз сӯи Саодат Амиршоева садо дод ва парлумон ба манзури баррасии ҳамаҷонибаи ин масъала як гурӯҳи корӣ таъсис додааст. Ин пешниҳод сардусадоҳои зиддунақизеро дар ҷомиаи барангехт, вале хонум Амиршоева ҳамчунон бар қонунӣ манъ шудани издивоҷи хешу таборӣ пофишорӣ мекунад.
Бар пояи пажӯҳише, ки соли гузашта дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон анҷом шуд, мушаххас гардидааст, ки то 80 дарсади кӯдакони маъюб дар хонаводаҳое ба дунё меоянд, ки издивоҷи хешутаборӣ доранд. Ва 15 дарсади хурдсолоне, ки аз бемориҳои мухталиф ҷон медиҳанд, низ аз никоҳҳои хешутаборӣ зода мешаванд. Бештари мавориди никоҳи хешутаборӣ, бино бар ин таҳқиқот, дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Исфара ва Истаравшан ба мушоҳида расидааст.