Саодат Амиршоева, узви Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти порлумон, ташаббускори аслии пешниҳоди ин тарҳ рӯзи 4 март ба Радиои Озодӣ гуфт, қабули чунин қонун дар Тоҷикистон ҳатмист, зеро оморҳо баёнгари рӯшани паёмадҳои фалокатбори издивоҷҳои хешутаборӣ ва мусибат дар даҳҳо ҳазор хонаводаи кишвар аст.
Хонум Амиршоева, омори вазорати тандурустӣ дар бораи кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола дар Тоҷикистонро мисол овард, ки тақрибан 25 500 нафарро ташкил медодаанд ва бар тибқи таҳлилҳо то 35 дар сади ин кӯдакони маъюб аз ҷуфтҳое ба дунё омадаанд, ки бо ҳам хешу таборанд.
Саодат Амиршоева бо такя ба таҳлили табибону мутахассисони тоҷик гуфт, 40 дар сади кӯдакони то яксола ва аз ҷумла кӯдаконии маъюбе, ки дар Тоҷикистон яксола нашуда мефавтанд, аз модароне ба дунё омадаанд, ки бо писари хола, амма ва ё ягон хеши дигари ҳамхуни худ издивоҷ кардаанд.
Вакили порлумони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи корие, ки моҳи марти соли 2013 барои таҳияи тарҳи чунин қонун дар Маҷлиси Намояндагон таъсис шуд, кори зиёдеро барои қабули чунин қонун анҷом додааст, “вале бо назардошти ҳассос будани масъала” дар пешниҳоди он шитоб нахоҳад кард. Ӯ афзуд, “қонун қабул кардан осон нест ва бояд фикру мулоҳизаҳои мардумро хонда, омӯхта ва ин қонунро қабул карданд лозим аст.”
Пешниҳоди таҳияи қонун барои манъи никоҳҳои хешутаборӣ дар соли гузашта аз тарафи Саодат Амиршоева, баҳси зиёдеро дар миёни мардум ва матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт, чун гурӯҳе мегуфт, ки манъи издивоҷҳои хешутаборӣ, ки дар баъзе аз маҳалҳои Тоҷикистон роиҷ аст, нақзи ҳуқуқи фардии инсон аст, гурӯҳи дигар онро ғайриисломиву мухолиф ба қавонини ислом хонда танқид карданд. Дар посух ба иддаои ин гурӯҳ Саодат Амиршоева гуфт, “мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки Қуръон бар зидди саломатии инсон чизе нафармудааст, ҳеҷ вақт бар зидди бадбахтии мардум кор намекунад.”
Саодат Амиршоева ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди онки тарҳи мазкур то ҳол қабул нашудааст, аммо худи матраҳ кардани масъала дар ҷомеа ва баҳси зиёд дар атрофи он сабаб шуд, “бисёре аз писарону духтарон аз издивоҷ бо хешони худ” ҳазар кунанд. Айни замон ба қавли Саодат Амиршоева, Кодекси оилаи Тоҷикистон бандҳое дорад, ки дар сурати иҷрои дурусти он метавон, издивоҷҳои хешутаборӣ дар кишварро камтар кард:
“Дар Кодекси оилаи Тоҷикистон бармало нишон дода шудааст, ки ҳангоми издивоҷ кардан, онҳо бояд рафта маълумотномаи тиббӣ бигиранд, аз ташхиси духтур гузаранд, вале мутаасифона дар Тоҷикистон ба ин масъала ба таври бояду шояд ин масъаларо ба роҳ намондаанд. Ақди никоҳи ҷавонон ба қайд гирифта мешавад ва ҳангоми ақди никоҳ бояд дар идораҳои ақди никоҳ ҳуҷҷат пешниҳод кунанд, ки ягон касалии рӯҳӣ надоранд, касалиҳои сироятӣ надоранд, касалиҳои венерикӣ (зӯҳравӣ) надоранд, ҳамхун нестанд. Ҳамаи инро бояд пешниҳод кунанд, вале ин талабҳо ба таври бояду шояд иҷро намешаванд.”
Вакили мардумӣ гуфт, бо вуҷуди мухолифатҳо ба пешниҳодаш, дар ақидаи худ собит аст ва издивоҷи хешутабориро як “бадахлоқӣ” медонад ва саъй хоҳанд кард, то “лоиҳаи қонун дар порлумон гузарад.”