Шӯрои ҳуқуқи инсони назди раиси ҷумҳури Русия аз вазири корҳои дохилии он кишвар Владимир Колоколтсев дархост кардааст, ки таҳқиқи ҳодисаи латту кӯби муҳоҷири тоҷик Наврӯз Зикиров ва боздошти даҳҳо муҳоҷири дигарро шахсан зери назорат бигирад.
Таҷаммӯи назди маркази савдои "Москва" бо омадани ОМОН пароканда шуд
Мо ҳар саҳар меоем ва 700 рублро ба посбон дода, як аробаро то охири рӯз ба иҷора мегирем. Мо намедонем, дар ниҳоят ин пул ба куҷо меравад, чунки барои он "чек" намедиҳанд.
Шоми 20-уми сентябр шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Наврӯз Зикиров дар моҷарое бо муҳофизони маркази тиҷоратии “Москва” осеби сар дид ва ба бемористон интиқол ёфт. Дар пай пулис даҳҳо муҳоҷирро боздошт карда, ба идораи умури дохилӣ бурд. Талоши эътирози даҳҳо муҳоҷири дигар рӯзи 21-уми сентябр аз шароити ноодилонаи кор дар ин маркази тиҷоратӣ ва овозаи марги Наврӯз бо боздошти дигарон анҷомид ва феълан шумори умумии дастгиршудаҳо 42 нафарро ташкил медиҳад.
Поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин ҳодисаҳоро Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президент Владимир Путин ва Кумитаи ҷамъияти назоратӣ, як созмони ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқ интиқод карданд.
Бобров: Аз Колоколтсев хостем, ки ҳодиса ҳамаҷониба таҳқиқ шавад
Евгений Бобров, муовини раиси Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия рӯзи 22-юми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди онки ҳеҷ яке аз ҷонибҳо дар ҳодисаҳои маркази савдои “Москва” ба унвонии онҳо шикоят накардааст, шӯро бар асоси гузориши расонаҳо ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кард. Ӯ гуфт, “дар нома аз вазири умури дохилӣ хостем, ки тафтиши ҳодисаи латту кӯб ва асоснокии боздошти муҳоҷирони гирдиҳамомадаро шахсан зери назорат бигирад. Чун натиҷаи санҷиши мо дар идораи пулис нишон дод, ки ҳуқуқи муҳоҷирон дар онҷо поймол шудааст”.
Бобров гуфт, вақте дар Русия нисбат ба муҳоҷирон зӯроварӣ мешавад, ин ҳама аз чашми ҷомеа пинҳон мемонанд. “Аз сӯи дигар, ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби хориҷиҳо ба таври густурда пӯшиш меёбанд”, - мегӯяд Бобров.
“Муҳоҷиронро бо терроризм рабт медиҳанд”
Ин узви Шӯрои ҳуқуқи инсон дар Русия гуфт, расонаҳои ин кишвар иддао мекунанд, ки “гӯё дар миёни муҳоҷирон террористҳо зиёданд, ки, албатта, дуруст нест”. Ба унвони мисол Евгений Бобров аз ҳодисаи ахири таркиш дар метрои Санкт-Петербург ёдовар шуд, ки онро ҳам расонаҳо ба номи муҳоҷирон рабт доданд, агарчӣ омилони ин амал муҳоҷирон набуданд. Ӯ гуфт, “дар мо мақомот ва ҳам расонаҳо ҳамаи корро анҷом медиҳанд, ки шароити кори муҳоҷиронро тангтар карда, сармоягузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бештар намоянд. Дар натиҷа маҳз бо саҳлангории мақомот чунин ҳодисаҳое мисли Люблино рух медиҳанд”.
Пулиси Маскав: Қазия аз рӯи моддаи авбошӣ таҳқиқ мешавад
Пулиси Маскав мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи таҷаммӯи муҳоҷирон дар назди маркази савдои “Москва” дар Люблино тибқи моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия “авбошӣ” парванда боз кардааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноии Русия пардохти ҷаримаро дар ҳаҷми аз 500 ҳазор то як миллион рубл ва то 7 соли зиндонро дар пай дорад. Аз рӯйи ҳодисаи латту кӯби шаҳрванди Тоҷикистон ҳам тибқи моддаи 116-и Кодекси ҷиноии Русия – “латту кӯб” парванда боз шудааст, аммо ҳанӯз исми нафари озордиҳандаи аробакаши тоҷик Наврӯз Зикиров эълон намешавад.
Пулиси Маскав шоми 20-уми сентябр дар пайи латту кӯби Наврӯз Зикиров дар назди маркази савдо 90 нафарро боздошт кард. Рӯзи 21-уми сентябр низ таҷаммӯи муҳоҷирон дар назди маркази савдо такрор шуд ва пулис боз 20 нафари дигарро боздошт кард. Бинобар иттилои ОНК (Шӯрои ҷамъиятии назоратӣ дар Русия), ки намояндагонаш рӯзи 21-уми сентябр аз ШКД-и Люблино дидан карданд, дар ин шӯъба 42 нафар дар боздошт боқӣ мондаанд.
Дар назди дарвоза ҳама ҷамъ шуданд, мо низ рафтем. Вақте фаҳмидем, ки ҳамватани моро задаанд, албатта, норозигӣ кардем
Расонаҳои Русия аз қавли нозирони ОНК навиштанд, ки муҳоҷирон дар боздоштгоҳи шӯъбаи пулис намеғунҷанд ва дар долони идораи пулис нигаҳдорӣ мешаванд. Ин ҳолат ҳам нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон арзёбӣ шудааст. Бархе гуфтаанд, ки бо гузашти як шабонарӯз чизе нахӯрдаанд.
Муҳоҷирони тоҷик: “Аробакашӣ аз кори сохтмон беҳтар аст”
Бо гузашти ду рӯз аз ҳодисаи латту кӯби Наврӯз Зикиров, як сокини ноҳияи Балҷувон ва падари се фарзанд, ки дар ин ҳодиса осеб дидааст, ҳамоно дар бемористони рақами 68-и пойтахти Русия муолиҷа мешавад. Ҳанӯз имкони сӯҳбат бо худи Наврӯз фароҳам наомадааст, вале рӯзи 21-уми сентябр намояндаи сафорати Тоҷикистон Сарвар Бахтӣ баъди аёдати ӯ дар бемористон гуфт, вазъаш мӯътадил буда, ба ҳаёташ чизе таҳдид намекунад.
Чанде аз муҳоҷирони ҳамкори Наврӯз дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодисае, ки бо ин ҳамватанашон рух дод, нав нест ва мушкили деринаи қоидаҳои нонавишта дар маркази савдои “Москва” аст. Онҳо мегӯянд, ҳодисаи Наврӯз муомилоти ғайриқонунии мавҷуд дар ин макони тиҷоратро фош кард, ки аксари кормандон ба он итоат мекунанд.
Исҳоқ, коргари тоҷики маркази савдои “Москва” гуфт, ки 3 сол боз дар инҷо ба ҳайси аробакаш кор мекунад. Ба тахмини ӯ, дар инҷо наздик ба 4 ҳазор муҳоҷири кори тоҷик ба аробакашонӣ машғуланд. Ӯ мегӯяд, “ин маркази савдои яклухтфурӯшии хеле бузург аст. Тақрибан 40 гектар аст ва ҳамаи бозорҳои дигари Маскав аз инҷо мол мебаранд. Мо ҳар саҳар меоем ва 700 рублро ба посбон дода, як аробаро то охири рӯз иҷора мегирем. Мо намедонем, дар ниҳоят ин пул ба куҷо меравад, чунки барои он чек намедиҳанд. Дар як рӯз хоҳ 700 рубл кор кунӣ ва ё накунӣ, ин пулро бояд супорӣ. Пулро одатан дар навбату талотум медиҳӣ ва баъдан мегӯянд, ки ту пулро надодӣ. Агар баҳс кунӣ, ҳамин хел латту кӯб мекунанд”.
Исҳоқ мегӯяд, ки ҳодисаи Наврӯз ҳамингуна рух дод.
Аммо ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, аробакашӣ аз кор дар сохтмон беҳтар аст, чунки дар инҷо имкони бештари пул кор кардан вуҷуд дорад. Ӯ мегӯяд, агарчӣ аробакашӣ мушкил аст, аммо дар як рӯз агар кор омад кунад, метавонӣ то 6-7 ҳазор рубл ба даст биёрӣ.
Ин муҳоҷири тоҷик гуфт, гирдиҳамоии шоми рӯзи 20-уми сентябр махсус ташкилшуда набуд, балки “худ ба худ” ба вуҷуд омад. Лаҳзаҳои анҷоми кор ҳама берун баромада дар назди дарвоза издиҳомро диданду ба он ҳамроҳ шуданд. “Дар назди дарвоза ҳама ҷамъ шуданд, мо низ рафтем. Вақте фаҳмидем, ки ҳамватани моро задаанд, албатта, норозигӣ кардем”, - гуфт ин муҳоҷири тоҷик.
“Аз беҳуқуқии муҳоҷирон фаровон сӯиистифода мешавад”
Бархе коршиносон дар Русия мегӯянд, мушкили мисли латту кӯби ҷавоне аз Тоҷикистон аз он сабаб пеш омадааст, ки аз оғоз бисёри муҳоҷирони ҷӯёи кор ба шарту шароити таҳқиромез розӣ мешаванд. Константин Троитский, як ҳомии ҳуқуқи инсон дар Русия гуфт, дар пайи бӯҳрони иқтисодӣ бозори кору даромад дар Русия хеле танг шуд ва шароити кори муҳоҷирон ҳам бадтар гардид, чунки онҳо талош мекунанд бо ҳар роҳ аз даромади ҳаррӯзаашон бенасиб намонанд. Троитский мегӯяд, чунин муносибат кордиҳанда ва гоҳо худи муҳоҷиронро қонеъ мекунад. Илова ба ин, тарс аз сохторҳои муҳоҷирату пулис, ҳатто дар сурати дуруст будани ҳама санадҳо, муҳоҷиронро дар ҳолати нигаронӣ нигоҳ медорад. Пулис дар чашми онҳо на ҳомии қонун, балки як дардисар аст.
Видеои ҷавони латту кӯбшудаи тоҷик дар Маскав:
Аз сӯи дигар, мегӯянд коршиносон, ҳодисаи ахир бисёр мақомдорони Русияро як бори дигар ҳушдор медиҳад, ки сиёсати ҳукумат дар робита бо муҳоҷирон ва таъмини ҳуқуқи онҳо ноком шуд. Мақомот дарк мекунанд, ки бозори калони кори севу чорумдараҷа дар бахши сохтмону тиҷорат ва хидматрасониро маҳз муҳоҷирон пур мекунанд ва дар сурати набуди 10 миллион муҳоҷири кории хориҷӣ, сокинони маҳаллӣ ба анҷоми чунин корҳои сангин ва камдаромад розӣ намешаванд. Вале айни замон, мақомот дар беҳтар кардани шароити ҳуқуқиву фазои таҳаммулпазирии ҷомеа талош намекунанд.