Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ту кӣ ҳастӣ, ки эрод мегирӣ?” Чӣ гуна марди рус гӯши Маҳмадуллоро канд? САДО


Маҳмадулло Давлатзода
Маҳмадулло Давлатзода

Як эроди кӯтоҳи кӯчарӯби тоҷик ба зане, ки сагаш болои гӯлҳои шинондаи ӯ дар саҳни манзили бисёрошёнае дар Маскав ахлот мекард, боис ба латту кӯб ва газида шудани гӯшаш шуд. Маҳмадулло Давлатзода, муҳоҷири тоҷик, рӯзи 21-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар бемористони 67-уми пойтахти Русия бистарист.

Маҳмадулло мегӯяд, ки як марди рус гӯшашро канд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:53 0:00
Линки мустақим

Аз дастам қапида гуфт, ки рафтем аз зани ман бахшиш мепурсӣ ваё дигар дар инҷо кор намекунӣ. Дар дасташ корд дошт. Гуфтам, ки намеравам. Баъд кашмакаш кардем. Ӯ гӯши маро то канда шудан газид ва баъд гурехт.

“Фақат гуфтам, ки сагаш дар ҷойи дигар қазои ҳоҷат кунад”

Давлатзода мегӯяд, рӯзи 15-уми август ҳангоми ҷамъоварии партовҳо ба зане, ки мегузошт сагаш ба болои гулҳои шинондаи ӯ ахлот кунад, эрод гирифт ва тамоми мушкилоташ аз онҷо оғоз шуд. “Ба хубӣ гуфтам, ки бигзор сагаш дар ҷойи дигар қазои ҳоҷат кунад. Ин зани ношинос дар ҷавоб гуфт, ту худат кӣ ҳастӣ, ки ба ман эрод мегирӣ?” – нақл кард Давлатзода.

Ин муҳоҷири 51-солаи тоҷик мегӯяд, зоҳиран ҳамон рӯз гапи байни ӯву ин зани рус ба поён расида буд: “Аммо субҳи дигар, вақте бо чойник ба гулҳо об мерехтам, марде омада бе пурсупос маро зад. Чойник аз дастам парид. Дандонҳоям шикастанд ва билохира худамро аз дасташ раҳо карда гурехтам.”

Маҳмадулло Давлатзода
Маҳмадулло Давлатзода

Пас аз ин ҳодиса Маҳмадулло Давлатзода ба идораи пулис шикоят мебарад, аммо кормандони пулис ӯро мутақоид мекунанд, ки беҳтар аст аризаро бозпас бигирад ва аз пайи муноқиша наравад. Аммо ин гузашти Давлатзода боиси бори дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанаш шудааст. “Рӯзи дигар, вақте партовҳоро ҷамъ мекардам, боз ҳамон мард омад. Аз дастам қапида гуфт, ки рафтем аз зани ман бахшиш мепурсӣ ваё дигар дар инҷо кор намекунӣ. Дар дасташ корд дошт. Гуфтам, ки намеравам. Баъд кашмакаш кардем. Ӯ гӯши маро то канда шудан газид ва баъд гурехт. Ман доду вой кардам. Дар ҳамин вақт касе маро халос кард, лекин намедонам кӣ буд”, - гуфт Маҳмадулло Давлатзода.

Шикояти нафари ҳамлагар аз Маҳмадулло

Маҳмадулло Давлатзода 10 сол боз ба ҳайси кӯчарӯб дар як бинои серошёна дар Маскав кор мекунад. Аксарияти сокинони ин бино ӯро мешиносанд ва аз сифатҳои хуби ӯ тавсиф мекунанд. Дар ҳамин ҳол, вакилони мудофеи созмони “Общественный вердикт” ба ҳимояти Давлатзода пардохтанд. Ирина Бирюкова, яке аз вакилони мудофеи созмони “Общественный вердикт”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Давлатзода дар як ҳолати афсурдагӣ қарор дорад ва бинобар ин ӯ аз номи Давлатзода ба унвонии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи тафтишоти Русия шикоят бурдааст.

Мо ӯро ҳамчун одами нек ва хайрхоҳ мешиносем. Он чизе, ки бо ӯ рух дод ба ҷуз фашизм чизи дигаре нест.
Людмила Зайтсева

Ӯ гуфт, “ман ба унвонии ин ду ниҳод дирӯз аризаи шикоятӣ навиштам. Чунки дар идораи пулис аризаи ӯро қабул накардаанд, ҳам бо роҳи ташвиқ ва ҳам бо таҳдид ӯро водор кардаанд, ки арзиаашро бозпас бигирад. Аммо чун дирӯз истироҳатӣ буд, ба баррасии ин шикоят имрӯз бояд шурӯъ кунанд.”

Ба гуфтаи Бирюкова, нафари ҳамлагар низ дар айни замон алайҳи Давлатзода ба пулис шикоят бурдааст. Ин вакили дифоъ мегӯяд, кӯтоҳии Давлатзода дар он аст, ки ӯ пас аз ҳодисаи аввали латту кӯб шуданаш аз аризаи худ дар идораи пулис даст кашидааст. “Ё бо таҳдид ва ё бо ташвиқ ӯро водор кардаанд, ки аз аризааш даст кашида баёнот диҳад, ки нисбат ба ҳамлагар ягон даъво надорад”, - афзуд ӯ.

  • Ҳуввияти ҳамлагар ва даъвои ӯ на ба худи Маҳмадулло ва на вакили мудофеаш маълум нест.

Ин созмони ҷамъиятӣ барои табобати дандонҳои Давлатзода 10 ҳазор рубл ҷудо кардааст ва масъулонаш мегӯянд, дар сурати зарурати маблағи иловагӣ омодаанд кумак кунанд. Ирина Бирюкова гуфт, пас аз ду мавриди латту кӯб даҳону майнаи сар ва гӯши Давлатзода осеб дидаанд. Дар ҳамин ҳол, худи Давлатзода мегӯяд, намехоҳад кораш ба додгоҳ кашад ва бо беҳтар шудани саломатиаш мехоҳад, ба Тоҷикистон баргадад. Ӯ гуфт, “хеле сол шуд, ки дар ин ҷо кор мекунем. Акнун бас аст. Саломатӣ каме беҳтар шавад, ба Ватан бармегрдам”.

Ҳамсоя: “Ин фашизм аст”

Людмила Зайтсева, яке аз сокинони хонаи бисёрошёнаи кӯчаи Матвеевская 18 дар Маскав мегӯяд, беш аз 10 сол боз Давлатзодаро мешиносад ва аз ончи бо ӯ гузашт, дар таассуф ҳастанд. Зайтсева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Маҳмуд (сокинон ба Маҳмадулло бештар бо номи Маҳмуд муроҷиат мекунанд) аввал дар назди бинои мо кӯчаруб буд. Баъдан дарбони подъезди мо шуд. Ҳоло бо ду писараш ҳам масъулияти дарбонӣ ва ҳам нигоҳубини ҳавлии биноро бар ӯҳда дорад. Мо ӯро ҳамчун одами нек ва хайрхоҳ мешиносем. Он чизе, ки бо ӯ рух дод ба ҷуз фашизм чизи дигаре нест”.

Зайтсева гуфт, натанҳо ӯ балки кулли сокинони бинои баландошёна аз ҳодисаи бо Маҳмадулло иттифоқ афтода андӯҳгинанд ва ҳоло дар даромадгоҳи подъезд сокинон дар зери як муроҷиатнома ба ҷонибдорӣ аз Маҳмадулло имзо мегузоранд.

Давлатов: “Муҳоҷирони тоҷик мӯсичаҳое ҳастанд, ки...”

Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов

Абдулло Давлатов, роҳбари собиқи Иттиҳоди тоҷикони Русия, мегӯяд, поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар бисёре аз маврид аз бепуштибон будани онҳост. Ӯ гуфт, “мақомот ва дигар шаҳрвандони Русия медонанд, ки тоҷикон як мардуми бе пушту паноҳанд. Мӯсичаҳое ҳастанд, ки чанде озорашон диҳӣ, касе аз пушти онҳо садо баланд намекунад. Агар ҳамин мудофеони ҳуқуқ дар Русия садо баланд накунанд ва ин хел қазияҳо расонаӣ нашавад, дигар ҳеҷ кас парвои тоҷикро надорад.”

Бегонаситезиву бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия падидаи нав нест, вале коршиносон мегӯянд, баъди таҳримҳову бештар шудани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, шумори афроди норозӣ аз ҳузури муҳоҷирон дар Русия зиёд мешавад. Дар чунин ҳолат, муҳоҷирони хориҷӣ, ки дар чашми бисёр сокинони Русия, "гӯё барои гирифтани пули сокинони маҳаллӣ ин ҷо омадаанд", шаттаи аввали ин ҷаҳлу хушунатро мехӯранд.

Маркази нарзарсанҷии “Левада” низ баҳори имсол натиҷаҳои назарсанҷии худро дар робита ба муносибати шаҳрвандони Русия ба муҳоҷирон аз кишварҳои Осиё Миёна нашр кард, ки дар он 38 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, муҳоҷирони хориҷиро «бад» мебинанд.

XS
SM
MD
LG