Вакили дифои як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар моҷарое марде гӯшашро газидааст, мегӯяд, полис фишор меорад, ки ҷабрдида аризаашро бозпас бигирад. Ҳодисаи ҳамлаву латукӯби як роҳрӯби тоҷик дар Маскав аз ҷониби як шаҳрванди Русия таваҷҷӯҳи зиёди матбуотро ҳам ба худ ҷалб кард.
Ирина Бирюкова, ҳуқуқшиноси созмони “Общественный вердикт” рӯзи 24-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нозирони минтақавии Очаково-Матвеевское, ки Маҳмадулло Давлатзода дар ин ноҳия ба қайд гирифта шудааст, ба ӯ фишор меоранд, ки аз даъвояш гузарад.
Нозири минтақавӣ омада ба Давлатзода таҳдид кард, ки аз аризааш даст кашад. Маҳмадулло бисёр тарсидааст. Агар ҳамин хел фишорҳо идома кунад, ӯ метавонад ин дафъа ҳам аз аризааш даст кашад. И.Бирюкова
Маҳмадулло Давлатзода, як роҳрӯби тоҷик рӯзи 15-ум август аз сӯи нафаре бо номи Иброҳим ба хотири эроде, ки ба ҳамсари ин мард гирифтааст, аз ҷониби ин шахс латукӯб шуд ва баъдан ҳамлагар гӯши чапашро газид. Дар бораи шахсияти ҳамлагар иттилои зиёд дар даст нест, танҳо маълум аст, ки ӯ дар ҳамсоягии маҳалли кори Давлатзода ба сар мебурд ва шаҳрванди Русия мебошад. Марди ҳамлагар дар навбати худ аз болои Давлатзода шикоят карда худро "ҷабрдида" номидааст. Талоши хабарнигорони телевизионҳои Русия, ки дари Иброҳимро кӯфтаанд, бенатиҷа анҷомидааст.
Баъди ҳодисаи латукӯбу гӯшгазӣ Давлатзода ба бемористон интиқол ёфт. Муолиҷаи ӯ дар клинакаи рақами 67-уми Маскав идома дорад. Ҳодисаи мазкур мавриди интиқоди шадид дар телевизионҳои марказии Русия ва матбуот шуд. Аксарият аз роҳрӯби тоҷик ҳимоят ва ҳамлагарро дар ваҳшоният ва хушунат айбдор карданд.
Нозири минтақавӣ мегӯяд, аризаатро бозпас гир
Ба гуфтаи вакили дифои ӯ Ирина Бирюкова, нозири минтақавии ноҳияи Очаково-Матвеевское дар шаҳри Маскав Владислав Миронов ду маротиба ба беморхона ба назди Давлатзода рафта аз ӯ хоҳиш кардааст, ки аризаи даъвогияшро бозпас бигирад. “Нозири минтақавӣ омада ба Давлатзода таҳдид кард, ки аз аризааш даст кашад. Маҳмадулло бисёр тарсидааст. Агар ҳамин хел фишорҳо идома кунад, ӯ метавонад ин дафъа ҳам аз аризааш даст кашад”.
Бирюкова мегӯяд, онҳо талош доранд Давлатзодаро танҳо нагузоранд, то ки нозирони пулис аз роҳи фишор ба мақсади худ нарасанд.
Дар шӯъбаи полиси ноҳияи Очаково-Матвеевское рӯзи 24 август ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки воқеан ҳам Владислав Миронов дар ин идора кор мекунад ва аз қазияи газидани гӯши як шаҳрванди Тоҷикистон хабар доранд. Вале навбатдори ин шӯъба гуфт, ки худи Миронов имрӯз сари кор нест ва онҳо ҳақ надоранд, ки ин парвандаро барои матбуот шарҳ диҳанд.
"Худат кистӣ, ки ба ман эрод мегирӣ?"
Моҷарои Давлатзода аз як эродаш ба зане шурӯъ шуд, ки сагаш ба болои гулҳои шинондаи ӯ ахлот мекард. “Ба хубӣ гуфтам, ки бигзор сагаш дар ҷойи дигар қазои ҳоҷат кунад. Ин зани ношинос дар ҷавоб гуфт, ту худат кӣ ҳастӣ, ки ба ман эрод мегирӣ?” – нақл кард Давлатзода.
Ин муҳоҷири 51-солаи тоҷик мегӯяд, зоҳиран ҳамон рӯз гапи байни ӯву ин зани рус ба поён расида буд: “Аммо субҳи дигар, вақте бо чойник ба гулҳо об мерехтам, марде омада бе пурсупос маро зад. Чойник аз дастам парид. Дандонҳоям шикастанд ва билохира худамро аз дасташ раҳо карда гурехтам.”
Пас аз ин ҳодиса Маҳмадулло Давлатзода ба идораи пулис шикоят бурд, аммо кормандони пулис ӯро мутақоид мекунанд, ки беҳтар аст аризаро бозпас бигирад ва аз пайи муноқиша наравад. Аммо ин гузашти Давлатзода боиси бори дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанаш шудааст.
“Рӯзи дигар, вақте партовҳоро ҷамъ мекардам, боз ҳамон мард омад. Аз дастам қапида гуфт, ки рафтем аз зани ман бахшиш мепурсӣ ваё дигар дар инҷо кор намекунӣ. Дар дасташ корд дошт. Гуфтам, ки намеравам. Баъд кашмакаш кардем. Ӯ гӯши маро то канда шудан газид ва баъд гурехт. Ман доду вой кардам. Дар ҳамин вақт касе маро халос кард, лекин намедонам кӣ буд”, - гуфт Маҳмадулло Давлатзода.Маҳмадулло Давлатзода 10 сол боз ба ҳайси кӯчарӯб дар як бинои серошёна дар Маскав кор мекунад. Аксарияти сокинони ин бино ӯро мешиносанд ва аз сифатҳои хуби ӯ тавсиф мекунанд.
Талоши зиндагиву кор дар муҳити бегона
Ар Русия ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кору даромад ба сар мебарад. Аксари онҳо машғули корҳое мебошанд, ки аксар сокинони маҳаллӣ ба он даст намезананд - кори сохтмон ё тамизкорӣ дар назари бисёр сокинони маҳаллӣ сердаромад нест ва миёншикан аст. Ин холигоҳро муҳоҷироти хориҷии мисли шаҳрвандони Тоҷикистон пур кардаанд. Аксари ин муҳоҷирон дар ҷомеаи фарҳангиву забонии барои худ бегона кор карда, даромади худро ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон ирсол мекунанд.
Мавридҳои қонуншиканӣ ва озори муҳоҷирон дар Русия кам нест. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, агар як сабаби озори муҳоҷирон мизони баланди бегонаситезӣ бошад, сабаби дигар дар нописандӣ ба мардумест, ки аз назари бархе кори сиёҳу камдаромадро анҷом медиҳад. Бо ҳамин сабаб ҳам бисёри муҳоҷирони тоҷик худро беҳуқуқ ва беҳимоя эҳсос мекунанд, чунки дар ҳолатҳои зиёд полиси фасодзада на аз ҳақи ҷабрдида, балки ҳамлагари пулдор ҳимоят мекунад.
Ҳоло ҳомиёни ҳуқуқи Давлатзода мегӯянд, тамоми талошашонро ба харҷ медиҳанд, то ки озордиҳандааш дар баробари қонун ҷавоб диҳад.