Дар миёни 130 боздоштшудаи як намоиши эътирозии ғайрирасмӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки ба хотири намоиши ҳамраъӣ аз мусалмонони Мянмар даъват шуд, 11 шаҳрванди Тоҷикистон низ буданд.
Аз миёни онҳо даҳ нафарашон баъди се соати боздошт озод шуда, парвандаи як нафари онҳо бинобар дуруст набудани санадҳои будубошаш дар Русия, ба дасти идораи муҳоҷират супурда шудааст. Эҳтимолан ба ин нафар ихроҷ аз ҳудуди Русия таҳдид мекунад.
Боздошти тоҷикон дар тазоҳуроти Санкт-Петербург
Дар Хадамоти матбуоти идораи пулиси шаҳри Санкт–Петербург рӯзи 11-уми сентябр дар як тамоси кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, “шаби гузашта ҳамаи 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки пас аз ширкат дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ боздошт шуда буданд, раҳо шуданд”.
Зоҳиран, ширкати муҳоҷирони тоҷик дар ин тазоҳуро, ки дар Русия бо корҳои мавсимӣ машғул буда, бо сабабҳои мухталиф ҳамеша худ зери фишори полису мақомот ба сар мебаранд, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷиронро, нороҳат кардааст.
Дар идораи пулис дар бораи сабабҳои боздошт ва ҷурми боздоштшудагон чизе нагуфтанд, аммо расонаҳои шаҳри Санкт-Петербург навиштанд, ки баъд аз оғози гирдиҳамоии бидуни иҷозат дар майдони “Дворцовое”-и ин шаҳр, 130 нафар ширкатдорони он боздошт шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин гирдиҳамоӣ ҳудудан 200 нафар иштирок кардааст.
Ба ҷуз аз гирдиҳамоиҳо дар шаҳрҳои Қафқози Русия, ин дувумин гирдиҳамоии мусалмонон дар ин кишвар дар як ҳафтаи охир аст, ки ба нишони эътироз аз хушунат нисбати мусалмонони давлати Мянмар, баргузор мешавад. Даъват барои ширкат дар эътирози нахустин дар Маскав аз ҷониби раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ садо дод ва рӯзи 3-юми сентябр садҳо нафар дар муқобили сафорати Мянмар, таҷаммӯъ карданд.
Ин даъват баъди он садо дод, ки хабаргузориҳои ҷаҳонӣ аз кушта шудани ҳудудан 400 мусалмони мянмарӣ ва гуреза шудани садҳо нафар аз ин қаламрав дар як ҳафтаи ахир, хабар доданд. Зоҳиран, ширкати муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия бо корҳои мавсимӣ машғул буда, бо сабабҳои мухталиф ҳамеша худ зери фишори полису мақомот ба сар мебаранд, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷиронро, нороҳат кардааст.
Мирзода: "Гуфтем, наравед"
Назар Мирзода, раҳбари ҷамъияти тоҷикони “Сомониён” дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 11-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “даъватҳо барои ширкат сар аз рӯзи 8-уми сентябр дар Санкт-Петербург паҳн шуданд. Асосан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ. Баъдан муфтии Санкт-Петербург ва дигар имомхатибон дар масҷидҳо аз ҷавонон хоста буданд, ки ба ин даъватҳо дода нашаванд ва ба гирдиҳамоӣ нараванд. Аммо як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳи мо, ки сатҳи донишҳои сиёсиву ҳуқуқиашон хеле паст аст, ба ин гуна даъватҳо дода шуда, дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ширкат карданд”.
Мирзода афзуд, даъват ба баргузории гирдиҳамоӣ дуруст дар рӯзе садо дод, ки шаҳрдории Сант-Петербург дар чанде аз мавзеъҳои таърихии шаҳр чорабиниҳои муҳимеро бахшида ба солгарди рахна шудани муҳосираи шаҳр дар солҳои Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон, баргузор мекард. Мирзода мегӯяд, ӯ ва масъулони ҷамъияти тоҷикон қабл аз баргузории гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар сӯҳбату мулоқотҳо аз ҳамватанон даъват кардааст, ки ба чорабинии берун аз қонун, аслан ҳамроҳ нашаванд.
Бархе фаъолон мегӯянд, ҷавонҳои эҳсосотии тоҷик, ки шояд дар харита макони ҷойгиршавии Мянмарро нишон дода наметавонанд, ба шиорҳои “зиддимусалмонӣ” бо эҳсос ва беандешагӣ муносибат мекунанд. Бархе дигар мегӯянд, муҳоҷирони тоҷик дар миёни мусалмонҳои муқими Русия, аз ҷумла сокинони Доғистону Чеченистон зиёд мечарханд ва ба даъватҳои онҳо дода мешаванд.
Обид Давлатов, як муҳоҷири 19-сола аз Тоҷикистон гуфт, ӯ низ дар гирдиҳамоии рӯзи 10-уми сентябр ширкат карда, пас аз як бозпурсии кӯтоҳ дар идораи пулис, раҳо шуд. Обид ба суоли ин, ки сабаби ба гирдиҳамоӣ рафтани ӯ чӣ буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, “мо, тоҷикҳо узбакҳо, доғистониҳо ва чеченҳо барои чӣ хестем митинг кардем? Мо барои он митинг кардем, ки ҳамин кормандони сафораташон (манзур Мянмар) ба роҳбарияти кишварашон мавқеи моро фаҳмонанд. Раванд, дар он ҷо тинҷӣ кунанд, мусулмонҳоро дигар озор надиҳанд. Вақте ман аз Youtube куштори тифли дусоларо бо қувваи барқ дидам, хунам дар ҷӯш омад”.
"Бо даъвати бародарони доғистонӣ ва чечен омадем"
Давлатов афзуд, дар масъалаи бархӯрд бо қазияи мусалмонон дар Мянмар онҳо ҳарфи Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистонро гӯш медиҳанд ва ҳар чизе, ки ӯ бифармояд, аз ӯ итоат хоҳанд кард. Ин муҳоҷири ҷавони тоҷик мегӯяд, ӯву шариконашро полис дар майдони “Дворцовое» боздошт карда, ба идораи пулис барои бозпурсӣ бурд. Ӯ гуфт, дар тӯли се соати боздошт, ҳамаи иштирокдорони митинг якояк бозпурсӣ ва санадҳояшон тафтиш карда шуд: “Ҳуҷҷатҳои касе, ки дуруст набуд, ҷарима шуданд. Санадҳои ман ҳамагӣ қонунӣ буданд ва бинобар ин маро раҳо карданд”.
Вале Обид мегӯяд, дар бораи Мянмар ва сабабҳои сар задани низоъҳо дар ин кишвар чизи бисёр намедонад. Тасаввуроташ дар мавриди ин кишвар танҳо пас аз тамошои чанд видеои қатлу куштори ба гуфтаи ӯ мусулмонҳо ҳосил шудааст. Вай ба мавҷи аксу видеоҳое бовар кардааст, ки ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаровон аз даст ба даст мечархид ва ҳама аз ноадолатӣ нисбати мардуми як кишвари дур сӯҳбат мекард.
Мегӯяд, ҳаминро медонад, ки “ин давлат дар тарафҳои Ҳиндустон қарор дорад ва 95 дарсади аҳолиаш бутпараст ва 5 дарсадаш мусулмонҳо ҳастанд”. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, бо даъвати ба гуфтаи ӯ “бародарони доғистониву чечен», ба гирдиҳамоӣ баромад ва аз ин пушаймон нест.
Гирдиҳамоӣ дар Чеченистон: (Аз бойгонӣ)
"Фонди тоҷик" барои Мянмар
Дар миёни тоҷиконе, ки ба пуштибонии мусалмонони Мянмар садо баланд карданд, як созмони хайрияи “Фонди тоҷик” ҳам ҳаст, ки дар Маскав амал мекунад. Ташаббускори ин созмон ҷавони тоҷик Парвиз Иброҳимов мегӯяд, ба замми ширкат дар гирдиҳамоиҳои Маскав ва Санкт-Петербург, ин бунёд ба ҳимоят аз мусулмонони Роҳинҷаи Миянмар як сурат-ҳисобе дар бонки амонатгузории “Сбербанк” боз карда, аз тамоми муҳоҷирони кории тоҷик даъват кардааст, ки як миқдор маблағи худро дареғ надоранд.
Парвиз Иброҳимов инчунин бо сабту пахши даҳҳо видео-навор дар шабакаи Youtube аз тоҷикони Русия даъват кардааст, ки ба маъракаи кӯмаки молӣ ба мусулмони Мянмар ҳамроҳ шаванд. Маълум нест, ки дар ин сурат-ҳисоб чӣ миқдор пул ҷамъ шудааст, вале дар даъваташ Парвиз гуфтааст, ки ин маблағҳоро худи ӯ баъдан ба Миянмар ва ё Бангладеш (макони зисти гурезаҳои мянмарӣ) сафар карда, ба ниёзмандон месупорад ва ё тариқи “бародарони чечен ба онҳо кӯмак хоҳанд кард”.
Зимнан дар зери ин даъватҳои видеоии Иброҳимов бисёре аз корбарони навиштаанд “беҳтар нест ин маблағҳо барои ободии ватан ва кӯмак ба ниёзмандон ба Тоҷикистон равона шавад?”.
Дар ҳамин ҳол, бархе нозирон ва ҷомеашиносон мегӯянд, агар таваҷҷӯҳи муҳоҷирони тоҷик ба таҳаввулоти байналмилалӣ қобили таҳсин бошад, ҳамин чиз ҳам айни замон мояи ташвиш ва нигаронӣ мебошад. Бархе мегӯянд, зудбоварӣ ва эътиқодмандии муҳоҷирони кории тоҷик метавонад онҳоро ба осонӣ тӯъмаи гурӯҳҳои машкук ва манфиатҷӯ кунад. Бархе мегӯянд, ҳамин хусусият ҳам барои бисёриҳо сабаб шуд, ки ноогоҳона барои ҷанг дар қаламрави як кишвари бегона бираванд ва дар он ҷо қурбон шаванд.
"Худшиносии динии муҳоҷирон аз худшиносии миллӣ бештар аст"
Алексей Малашенко, таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи “Муколамаи тамаддунҳо“ дар Маскав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳама гуна ҳодисаҳои дар Ховари Миёна ва ҳар макони дигар мусулмонишин ба рӯҳияи мусулмонони Русия бетаъсир нахоҳанд монд.
Ӯ гуфт: “Дар минтақаи Урал ва Қафқози Русия ҷараёни ифротишавии мусулмонони идома дорад. Албатта ин ҷараён ба муҳоҷирон низ бетаъсир нахоҳад буд. Хосатан, вақте муносибат ба муҳоҷирон дар ҷомеаи Русия умдатан манфӣ аст, онҳо эътирози худро мехоҳанд ба ҳар баҳона, аз ҷумла бо баҳонаи ҳимоят аз мусулмонони Мянмар баён кунанд”.
Малашенко мегӯяд, дар Русия муҳоҷирони корӣ худро қишри ақалият мебинанд ва мехоҳанд ҷузве аз уммати бузурги исломӣ бошанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Малашенко, худшиносии динии муҳоҷирон дар Русия аз худшиносии миллӣ дида бештар авҷ мегирад.
Таҳлилгарон ин падидаро хатарнок арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ноогоҳии динӣ ва дунявӣ боиси ба дасти гурӯҳҳои мухталиф афтодани муҳоҷирон мешавад ва вақте огоҳ мешаванд, ки дигар кор аз кор гузаштааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ихтиёран барои ҷанг дар Сурияву Ироқ рафтаанд, дар Русия «мағзшӯӣ» шудаанд ваё аз роҳи интернет ва шабакаҳои гурӯҳии ҳаммазҳабонашон, ба доми мубаллиғони ифротӣ афтодаанд.
Дар ҳоле, ки нерӯҳои эътилоф ҷангиёни ДИИШ-ро аз маконҳои таҳти назарашон танг мекунанд, бисёри ин ҷангиҳо дигар роҳи бозгашт ба ватанро ҳам надоранд, чунки дар кишварашон ба ҳайси зархарид ва ширкатдори ҷанги беруна онҳоро мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.