Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ба ҳам расидани ноқилҳои барқӣ зоҳиран сабаби сӯхтор дар бузургтарин бозори вилояти Хатлон шудааст. Дар раёсати оташнишонии вилояти Хатлон рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сабаби сӯхтор дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф “ дар шаҳри Қурғонтеппа расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ мебошад.
Бино бар иттилои раёсат, сӯхтор дар бозор соати 8:15 дақиқаи субҳ сар задааст ва ҷузъу томҳои оташнишонӣ саривақт ба маҳҳали ҳодиса расиданд. Бар асоси хулосаи муқаддамотии мутахассисон сӯхтор аз яке аз айвонҳои қисмати масолеҳи сохтмонии бозор шурӯъ шудааст. Хушбахтона дар ин ҳодиса ҳеҷ яке аз тоҷирон осеб надидаанд. Сӯхтор дар масоҳати 370 метри мураббаъ зиён расонидааст ва ҳаҷми хисорот дақиқ мешавад.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки барои хомӯш кардани оташсӯзӣ 14 мошини оташнишонии раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар вилояти Хатлон, 4 мошини обкашонӣ Хадамоти коммуналии шаҳр, 2 мошини обкашони бозори “Фаровон” ва адад мошини сӯхторнишонии худи бозори “Ҳоҷи Шариф” ширкат кардаанд.
Бозори мазкурро, ки дар масоҳати 11 гектар доман паҳн кардааст, соли 2011 дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бар асоси иттиллои расмӣ, дар бозор 7 ҳазор тоҷиру соҳибкор соҳиби ҷойи кор шуданд ва қарор буд, 14 ҳазор нафари дигар ҳам дар инҷо соҳиби кор шаванд.
Дар видеоҳое, ки корбарони вебсайти Радиои Озодӣ фиристоданд, шӯълаи азими оташ дар як гӯшаи бозор дида мешавад ва садҳо нафар ҳам алангаи оташро мушоҳида мекунанд. Мошинҳои оташнишонӣ ба ҷойи ҳодиса мешитоданд ва маъмурони милиса роҳҳо ба самти бозорро бастаанд. Дар яке аз ин видеоҳо ҳамчунин дида мешавад, ки чӣ гуна тоҷирон ва мардум ҷони худро дар хатар гузошта ва молу амволи дӯконҳоро берун мекашанд.
Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд дида мешаванд ва мақомот мегӯянд, ки аксаран риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешаванд. Бозори Корвон бузургтарин бозори Душанбе моҳи июли имсол оташ гирифт ва садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд. Бозори ноҳияи Фархор ҳам тобистони имсол оташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд. Бозори Фаровон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам оташсӯзии бузургеро аз сар гузаронд ва садҳо ҳазор доллар зиён дид.
Дар Душанбе оташсӯзӣ сабаби эътирози тоҷироне шуд, ки даҳҳо ҳазор долларашон ба коми оташ рафт. Бисёре аз онҳо мегуфтанд, ки аз бонкҳо қарздоранд ва акнун намедонанд, кӣ чӣ кор кунанд. Мақомот баъд аз чунин ҳодисаҳо ба тоҷирон ваъдаи сабукӣ медиҳанд, вале шикоятҳо зиёданд, ки ин ваъдаҳои мақомот барои кӯмак дар барқарории бозору ҷуброни хисорот иҷро намешаванд ва мардуми зиёде қарздор ва ҳатто бехонумон мешаванд.