Баъд аз сипарӣ шудани чор рӯз аз сӯхтор дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе маъмурияти бозор аз 50 дарсад барқарор шудани қисмати сӯхташудаи бозор хабар доданд.
Масъулини бозор мегӯянд, дар ҳафтаҳои наздик мағозаҳоро дубора ба тоҷирон месупоранд. Коргарон то кунун қисмати сӯхтаи бозорро покиза кардаанд ва барқарор сохтани дӯконҳо идома дорад. Замоне, ки ба бозор рафтем, маҳсулоти сохтмонӣ барои сохтани дӯконҳоро оварда буданд ва барқарор кардани онҳо идома дошт.
Аммо барои соҳибкорон бунёди ҳарчӣ зуди дӯконҳо, ҳалли масъала нест ва онҳо тақозо доранд, ки мақомот онҳоро дар ин замони мушкил, танҳо нагузоранд.
“То ба по хестан моро аз андоз озод кунед”
Фозилбек Сатторов 56 сол дорад ва 15 соли ахир дар бозори “Корвон” ба тиҷорат машғул аст. Ӯро ду писараш ҳамроҳӣ мекунанд ва чархаи зиндагии онҳо аз тиҷорат дар Корвон мечархад.
Онҳо тарс доштанд, ки худи мо дар оташ нобуд нашавем. Ҳамаи бори мо дар оташ сӯхта нобуд шуд.
Фозилбек, фурӯшандаи пойафзоли занона аст ва тамоми амволаш дар сӯхтори шаби 2 июл нобуд шуд ва ӯ аз 25-30 ҳазор сомонӣ зиён дидааст.
“Вақте омадем, кормандони сӯхтори оташнишонӣ ба мо иҷозат надоданд, ки моламонро аз оташ берун орем. Онҳо тарс доштанд, ки худи мо дар оташ нобуд нашавем. Ҳамаи бори мо дар оташ сӯхта нобуд шуд. Ҳукумати шаҳр гуфт, ки мағозаҳоятонро барқарор карда медиҳем” – гуфт, Фозилбек.
Соҳибкори бозори “Корвон” мегӯяд, сармояи нобудшудааш натиҷаи заҳмати 15 солааш буд ва ҳоло намедонад аз куҷо маблағ пайдо кунад ва тиҷораташро дубора ба роҳ монад.
Ӯ аз мақомоти Тоҷикистон танҳо як хоҳиш дорад, ки ӯ ва дигар соҳибкорон зарадидаро ба муддати 5-6 моҳ ва то ба по рост шудан аз пардохти андоз озод кунанд.
Фозилбек дар оташсӯзӣ касеро гунаҳкор намедонад ва ҳамаи инро аз тақдираш мебинад. Дар 15 соли фаъолият дар бозори “Корвон” се маротиба оташсӯзиро дидааст, вале нахустин бор аст, ки амволи ӯ тӯъмаи оташ мешавад.
Фозилбек танҳо нест ва амволи 160 соҳибкори дигар низ дар сӯхтори “Корвон” аз даст рафтааст. Гуфта мешавад, аксари соҳибкорон бидуни суғурта кор мекарданд ва як қисмашон аз бонкҳо низ қарздор ҳастанд. Тибқи қонун дар Тоҷикистон дар ҳолати суғурта накардан, касе хисороти тоҷирро ҷуброн намекунад.
“Рустами Эмомалӣ дар шаби сӯхтор ба Корвон омад”
Боздиди мо аз қисмати оташгирифтаи бозори “Корвон” дар шаби 2 июл баъди чор рӯз иттифоқ афтод. Дар ин муддат хабарнигорони Радиои Озодӣ аввалин намояндагони матбуот шуданд, ки иҷозаи вуруд ба Корвонро дарёфт карданд.
Баъд аз сӯхтор то ҳол маконҳои сӯхтаи бозори “Корвон” зери назорати қатъии мақомоти қудратии Тоҷикистон қарор доранд ва ба ҷуз аз маъмурият ва сохтмончиён касе ҳаққи вуруд ба он ҷойро надорад. Соҳибкорон низ мегӯянд, мағозаҳои худро пас аз сӯхтор надидаанд ва маъмурияти бозор ваъда додааст, ки баъд аз таҷдид мағозаҳояшонро ба онҳо месупоранд.
Масъулини бозор мегӯянд, корҳо барои дубора барқарор кардани мағозаҳо шабонарӯз ҷараён дорад.
Ҳалима Мавлонова, директори иҷроияи бозори “Корвон” рӯзи 6 июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол аз 160 соҳибкорони зарардида ариза дарёфт кардаанд, то сабукиҳое, ки мақомот ваъда додаанд, татбиқ шавад.
Дар ин гуна ҳолатҳо давлат танҳо метавонад бо паст кардани он хароҷотҳое, ки ӯ вобаста аст ба соҳибкорон кӯмак кунад. Дар ин гуна ҳолатҳо маъмурияти бозорҳо вазифадоранд, ки ӯҳдадории худро иҷро кунанд.
Хонум Мавлонова мегӯяд, як комиссияи ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми зарари сӯхторро муайян мекунанд. Бар асоси дастури шаҳрдори Душанбе соҳибкорони зарардида аз пардохти иҷорапулӣ ва чеки ҳаррӯза озод шудаанд.
Директори бозори “Корвон” мегӯяд, “масъалаи озод кардани соҳибкорони зарардида аз андоз дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон дар баррасии Кумитаи андоз қарор дорад. Инчунин масъалаи тамдид кардани қарзҳои бонкии соҳибкорон низ дар асоси дастури Рустами Эмомалӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.”
Масъулини бозор мегӯянд, шаби сӯхтор Рустами Эмомалӣ бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доштанд.
“Маъмурияти бозорҳо бояд ӯҳдадории худро иҷро кунанд”
Коршиносон мегӯянд, фурӯши мол ва хизматрасонӣ чархаи аслии иқтисодиёти Тоҷикистон аст ва оташсӯзӣ дар бозорҳо метавонад сабаби норизоиятии мардуми зиёде шавад. Дар соли 2012 баъд аз сӯхтор дар Корвон гурӯҳе аз тоҷирони хашмгин ба назди ҳукумати шаҳр омаданд ва худи раиси шаҳр он замон маҷбур шуд, ба назди мардум биравад ва мардумро ором кунад.
Собир Вазиров, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, тиҷорати хурд, барои кишвар бисёр муҳим аст ва давлат ӯҳдадор аст, ки дар чунин ҳолат зуд амал кунад.
Ҷаноби Вазиров гуфт, “Аз нуқтаи назари бозори иқтисодӣ давлат ӯҳдадори ба зимма гирифтани хафвҳои тиҷорат нест ва хавфи ҳама гуна зарар бар зиммаи худи соҳибкор аст. Давлат фақат таъмини амниятро ташкил мекунад, то соҳибкор фаъолият карда тавонад. Дар ин гуна ҳолатҳо давлат танҳо метавонад, бо паст кардани он хароҷотҳое, ки ӯ вобаста аст ба соҳибкорон кӯмак кунад. Дар ин гуна ҳолатҳо маъмурияти бозорҳо вазифадоранд, ки ӯҳдадории худро иҷро кунанд.”
Сӯхторе, ки шаби 2 июл беш аз 280 дӯкони молро ба коми худ бурд, аз назари бархе таҳлилгарони иқтисодӣ эътимоди соҳибкорон ба амнияти кору даромад ва фаъолияташонро зери суол мебарад. Бозори "Корвон", ки яке аз калонтарин бозорҳои молу маҳсулот ва ғизо дар шаҳри Душанбе мебошад.
Бонки Ҷаҳонӣ соли 2012 гуфт, ки гардиши солонаи мол дар бозори “Корвон”-ро 106 миллион долларро ташкил медиҳад ва он аз бозори калонтарину сердаромадтарин дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.