Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи раиси вилояти Суғд: "Ба доди шумо мерасем"


Абдураҳмон Қодирӣ
Абдураҳмон Қодирӣ

Раиси вилояти Суғд ба тоҷирони “Бозори Марказӣ”- и ноҳияи Расулов гуфтааст, ки ба мушкилоти онҳо дар наздиктарин фурсат дар чорчӯби қонун расидагӣ хоҳад шуд.

Мақомоти ин ноҳия се сол боз талош доранд, тоҷирони ин бозори бузургро ба бозори наве, ки дар канори шаҳраки Меҳробод бародари раиси ин ноҳия бунёд кардааст, кӯчонанд ва ҷои бозори қаблӣ, биноҳои истиқомативу дигар инишооти иҷтимоиву фарҳангӣ, бунёд намоянд. Вале тоҷирон мегӯянд, ин кор бидуни ризояти онҳо ва пардохти арзиши моликияти онҳо анҷом мегирад ва баҳсро то додгоҳи иқтисодӣ бурдаанд.

Он кас гуфтанд, ки барои розӣ ва ҷой кардани тоҷирони мо дар бозори нав ва ҳуҷҷатгузорӣ, ба раиси ноҳияи Расулов 10 рӯз муҳлат додаанд.

Лола Яъқубова, як вакили дифоъ, ки аз ҳуқуқҳои бархе тоҷирони “Бозори Марказӣ”-и ноҳияи Расулов ҳимоят дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи шанбеи гузашта Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ҳудуди 10 намояндаи тоҷиронро қабул кард ва гуфт, ки ба мушкили онҳо расидагӣ мекунад. Ӯ афзуд: "Қодирӣ гуфтанд, ки аз ҳама мушкилоти мо ва гапу коре, ки атрофи баҳси бозор мегузарад, огоҳанд. Он кас гуфтанд, ки барои розӣ ва ҷой кардани тоҷирони мо дар бозори нав ва ҳуҷҷатгузорӣ, ба раиси ноҳияи Расулов 10 рӯз муҳлат додаанд."

Аз роҳи қонун ҳал мекунем

Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд рӯзи 27-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ қабули намояндагони тоҷирони бозори марказии ноҳияи Расулов бо раиси вилояти Суғдро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, Қодирӣ ба тоҷирон итминон дод, ки мушкили онҳоро додгоҳи иқтисодӣ ҳал хоҳад кард ва мақомот дар чаҳорчӯби қонун аз ҳуқуқи онҳо ба моликият ҳимоят хоҳад кард.

Фурӯшандагон борҳо эътироз ҳам кардаанд.
Фурӯшандагон борҳо эътироз ҳам кардаанд.

Қодирӣ дар як сӯҳбати қаблии худ бо хабарнигорон низ гуфта буд, ки "касе ҳуқуқи маҷбуран ба ҷои дигар интиқол додани фурӯшандаҳоро надорад" ва ӯ ба раиси ноҳияи Расулов Комил Салимзода, ки бозори нав ба бародари ӯ Акмал Салимзода тааллуқ дорад, гуфта буд, бетарафиро пеша кунад ва мушкил бо роҳи қонунӣ ҳаллу фасл гардад.

Ҳукумати ноҳияи Расулов бо қароре дар соли 2015 дар мавриди посухгӯ набудани бахшҳои орду ғалла ва сабзавоту мевафурӯшии “Бозори Марказӣ” ба талаботи беҳдоштиву оташнишонӣ ва тамбашавии нақлиёт қисмате аз тоҷиронро ба бозори "Ашроф" кӯч дода, имсол бо қарори дигар ва ин навбат мутобиқи нақшаи кулли шаҳраки Меҳробод -- маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов, дари бозори қаблиро баст ва ба хароб кардани он дастур дод.

Баъзе мунтазир, баъзе даст ба кор

Дар ҳоли ҳозир, ба қавли вакили дифоъ Лола Яъқубова, тақрибан 500 тоҷиру фурӯшандаи бозори қаблӣ ба бозори нави “Ашроф” кӯч баста, тахминан ҳамин қадар тоҷирон то маълум шудани пардохти арзиши дӯкону мағозаҳо ва моликияташон ва шарту шароити фаъолият дар бозори нав тиҷоратро канор гузоштаанд.

Ғиёсидин Ҳоҷиматов, мудири қисмате аз “Бозори марказӣ” мегӯяд, даҳҳо тоҷири бозор аз бонк даҳҳо ҳазор сомонӣ пул қарз гирифта, барои худ дӯкону мағоза ва фурушгоҳҳо дуруст карда буданд. Вале ҳоло рӯшан нест, ки масъулияти ҷуброни онро бар дӯш мегирад.

Саодат Ҳоҷиматова, як фурӯшандаи сабзавот аст, ки ба бозори нав кӯчидааст, мегӯяд, дар бозори нав харидорони худро аз даст дода, савдо ва даромадаш кам шудаааст. "Мақомот моро маҷбур доранд, ки забонхат нависем, ки бо хоҳиши худамон кӯчида омадем. Ҳол он, ки ин тавр нест. Моро маҷбуран ба ин ҷо кӯчонида оварданд. Бозори нав дар канори шаҳр ҷойгир, ба ин ҷо харидорон кам меоянд. Ҷои пештараамон дар маркази шаҳрак буд ва харидорони бисёр доштем."

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, пайдо кардани ягон соҳиби бозори нави “Ашроф” даст надод. Файзулло Қосимӣ, муовини аввали раиси ноҳияи Расулов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи баҳси байни моликони бозорҳои наву кӯҳна гуфт, бозори пештара бар асоси нақшаи кулл ва бозсозии маркази ин ноҳия тахриб ва ҷои он бинои бисёрошёнаву дигар иншооти фарҳангӣ бунёд карда мешавад. Бинобар ин тоҷирону фурӯшандаҳои он ба бозори нав кӯчонида шуданд.

Тоҷирон бояд ба инҷо кӯчанд.
Тоҷирон бояд ба инҷо кӯчанд.

“Моликияти онҳо дар бозори пештара барҷост. Ягон кас бе ризояти онҳо онҳоро вайрон намекунад. Вале кӯчонидани онҳо дар асоси татбиқи нақшаи кулли бозсозии шаҳри Меҳроб анҷом гирифта, дар ин бора қарорҳо ҳам қабул карда шудааст.”

Ба қавли Қосимӣ, ҳукумат ба моликони аслии бозори пештара пешниҳод кардааст худ дар сохтмони иншооти нав саҳм бигиранд ва ошёнаи якуми онро фурӯшгоҳ кунанд, вале ба шарти сипас ҷуброн намудани ҳаққи соҳибмулкони дигар ё ба маблағ ё бо пешниҳоди ҷои нав. Вале ин пешниҳоди мақомот аз суи соҳибмулкони “Бозори Марказӣ” қабул нашудааст.

Даъво дар додгоҳҳои Хуҷанд

“Бинобар ин мо аз рӯи талаботи қонун пешниҳод кардем тендер гузаронида шавад. Баъд барандаи тендер, ки он заминро барои сохтмон соҳиб мешавад, бо соҳибмулкони пештараи он ҷо, Ҷурабоевҳо ва дигарон забон ёфта, моликияти онҳоро ҷуброн мекунад ё бо маблағ ё бо пешниҳоди ҷой дар иншооти нави бунёдшаванда.”

“Бозори марказӣ” дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир аст ва ҷойи умдаи хариди маҳсулоти ғизоӣ маҳсуб меёбад. Бозори нави “Ашроф” соли 2013 бунёд гардида, хеле бузург ва дорои иншооти муосир, роҳҳои васеи мумфарш ва шароити беҳтар ба назар мерасад. Вале бозори навро барои дар канор ва дур аз маркази шаҳраки Меҳробод ҷойгир буданаш, тоҷирону фурӯшандаҳои бозори кӯҳна хуш қабул надоранд.

Қисмате аз моликони бозори кӯчонидашуда бо роҳи додгоҳӣ ҷиҳати бекор кардани қарорҳои ҳукумати ноҳияи Расулов ва дарёфти идомаи фаъолият дар ҷои кории пештараи худ талош доранд. Ин баҳсҳо дар додгоҳи иқтисодии Суғд дар Хуҷанд баррасӣ мешавад ва даъвогарон мегӯянд, рӯзҳои наздик шунидани қарори додгоҳро интизоранд. Қароре, ки эҳтимол ба баҳси миёни моликони бозорҳои кӯҳнаву нави маркази ноҳияи Расулов нуқта хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG