Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин бозори Хатлон дар коми оташ. ВИДЕО


Сӯхтор субҳи имрӯз соати 8 сар задааст.
Сӯхтор субҳи имрӯз соати 8 сар задааст.

Бозори "Ҳоҷӣ Шариф"-и шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон оташ гирифта, сӯхторнишонон пайи хомӯш кардани он мебошанд.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, сухтор тахминан соатҳои 8 сар зада, наздики 10 мошини сӯхторнишонӣ барои хомӯш кардани оташ равон шудаанд.

Cӯхтор дар нуқтаи фуруши масолеҳи сохтмонӣ сар задааст. Бозори "Ҳоҷӣ Шариф" калонтарин бозор дар вилояти Хатлон аст ва қаблан гуфта мешуд ки ба талаботҳои сӯхторнишонӣ ҷавобгӯ аст.

Аз кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо тамоми кормандонашонро барои хомӯш кардани оташ сафарбар кардаанд.

Бузургтарин бозори Хатлон дар коми оташ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

Дар раёсати оташнишонии вилояти Хатлон рӯзи 29-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, соати 8:12 дақиқаи субҳ ба қисми навбатдорӣ дар марвиди оташ гирифтани бозори “Ҳоҷӣ Шариф” воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа маълумот ворид шуд. Ба гуфтаи раёсат, пас аз як дақиқа мошинҳои оташнишонӣ ба самти бозор ҳаракат карданд.

Роҳҳо ба сӯи бозорро бастаанд.
Роҳҳо ба сӯи бозорро бастаанд.

Ҳоло масоҳати сӯхтор аниқ нест, аммо роҳҳо барои роҳгузарон ва мошинҳо баста шудаанд. Бино ба гузоришҳо, касе дар ин фалокат осеб надидааст. Оташнишонон аз ноҳияҳои Бохтар, Сарбанд ва Вахш барои хомуш кардан даъват шудаанд. Сабабҳои сар задани сӯхторро дақиқ мекунанд.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд мешаванд ва аксаран мақомот мегӯянд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо мешаванд. Бозори Корвон бузургтарин бозори Душанбе моҳи июли имсол оташ гирифт ва садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд.

Бозори ноҳияи Фархор ҳам тобистони имсол оташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд. Масъулон мегӯянд, ин бозорро барқарор карданд ва тоҷирон ба дӯконҳояшон баргаштаанд. Аммо баъди ин гуна ҳодиса шикоятҳо зиёд мерасанд, ки ин ваъдаҳои мақомот барои кӯмак дар барқарории бозору ҷуброни хисорот иҷро намешаванд ва мардуми зиёде қарздор ва ҳатто бехонумон мешаванд.

Агар дар ҷойи ҳодиса ҳастед ва ё аксу видео доред. Лутфан ба ин шумораи Радиои Озодӣ +420 724 053 959 аз тариқи Вайбер ИМО ва ё Вотсаппу Телеграм фиристед.

Хабар такмил мешавад

XS
SM
MD
LG